Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақдими кортҳои нақлиётӣ ба бонувон (Видео)

220

Ба муносибати Иди Модарон рӯзи 8-уми марти соли 2018 аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дар кӯчаҳои пойтахт ба бонувон корти нақлиётӣ барои сафар бо автобус, троллейбус ва микроавтобус дар шаҳри Душанбе ва гулдастаҳо тақдим карда шуд.

221222

Кортҳои мазкур имтиёзнок буда, дар таркибашон 54 сомонӣ маблағ доранд. Минбаъд бонувони соҳиби кортҳои нақлиётигардида метавонанд, аз нархи муқарраргардида арзонтар, яъне ба маблағи 85 дирам тавассути автобус, троллейбус ва микроавтобус дар шаҳри Душанбе ба ҷойи лозимиашон сафар намоянд.
Чунин иқдоми Вазорати корҳои дохилиро занон ва донишҷӯдухтарон хуш пазируфта, миннатдории хешро ба роҳбарияти давлат ҷиҳати дастгирии ҳамешгӣ изҳор доштанд.

223224

Дастгирии занон-модарон дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи ҳукумати кишвар қарор дошта, имрӯз занон дар баробари мардон дар корҳои ҷамъиятиву давлатӣ фаъолона иштирок менамоянд.
Эҳсон Абдуллозода.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика