Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиҳӣ, модар қудрати созандае дорӣ…

305

Имрӯз (07.03.с.2018), дар маҷлисгоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба муносибати ҷашни пуршукӯҳ «Рӯзи Модар» ва гиромидошти мақому манзалати бонувону модарон чорабинии тантанавӣ доир гашт. Корманд - занони мақомот ва собиқадорзанҳои милитсия дар иҳотаи ҳампешагони худ «Рӯзи модар»-ро хотирмон таҷлил намуданд.

 

306

Маҳфили идона бо маърузаи табрикотии сардори Раёсат генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо оғоз ёфт. Табрикоти Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамроро ба самъи бонувони матинирода расонида, дар симои занони дар чорабинӣ иштирок дошта тамоми кормандзанони мақомоти милитсия, бонувон ва модарони тоҷикро бо идашон табрик гуфт. Мавсуф таъкид дошт, ки иффату зебоӣ, фурӯтаниву маърифатнокӣ хоси зан аст. Занон бо покизагӣ ва ҳалимиву меҳрубонӣ ба зиндагии аҳли башар таровату зебогӣ мебахшанд ва месазад, ки ҳамчун сарчашмаи ҳаёт эҳтиромашон кунему ба мақоми зан арҷ гузорем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати созандаву хирадмандонаи худ мақоми зани тоҷикро баланд бардошта кӯшидаанд, ки занон дар ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон пешоҳанг бошанд. Дар заминаи ҳамингуна ғамхориҳои Роҳбари муаззами кишвар имрӯзҳо дар сафи мақомоти милитсия шумораи зиёди занон кору фаъолият дошта, бо ақлу заковат ва иродаи мустаҳками хеш дар баробари мардон баҳри таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ кору фаъолият намуда, дар иҷрои масъулиятҳои бар душашон вогузор гардида, бо сарбаландӣ мебароянд. Будани занони далеру шуҷоъ дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ ба мардон нерӯ мебахшад, илова намуд сардори Раёсат Қудратулло Назарзода.

307308

Дар чорабинӣ ҳамчунин сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Нигора Ғаффорзода ва собиқадори меҳнат, ходими давлатӣ Гулафзо Сафриддинова иштирок ва суханронӣ намуданд.
Табрикоти иҷрокунандаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати иди бонувон ба занони мақомоти корҳои дохилӣ расонида Нигора Ғаффорзода иброз дошт, ки нақши милитсионерзанони тоҷик дар таҳкими амнияту субот, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ назаррас аст. Шоёни таҳсин аст, ки дар баробари тарбияи фарзанд ва оиладорӣ имрӯз зани тоҷик либоси низомӣ ба бар кардаву танзими назму тартиботи ҷомеаро низ бар душ дорад.

309

Яке аз иштирокчиёни Иҷлосияи 16-уми тақдирсоз ходими давлатӣ, собиқадори меҳнат Гулафзо Сафриддинова дар баромади худ аз қадру манзалати зан дар ҷомеа ёд кард. Гуфт, ки заҳмату талошҳои занон фарзандонро ҳидоятгар шуд, ки имрӯз тинҷиву осоиштагӣ дар Ватани маҳбуби мо пойдор аст. Дар қиёси рӯзҳои гузашта бо имрӯз мавсуф аз маърифатнокиву ташаббускории занон ибрози андеша намуда дар мисоли занони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дорандагони касби вазнину пуршарафанд суханашро тақвият дод. Занон дар шохаҳои гуногуни ҳокимият фаъолият намуда дар пешрафти соҳаҳои ҷомеа ҳиссаи арзанда мегузоранд ва ин ҳама боиси ифтихори миллати тоҷик аст.
Дар чорабинӣ ба муносибати «Рӯзи Модар» бо фармонҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти милитсияи вилояти Суғд 25 нафар занҳои мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз худ маҳорату малакаи баланди касбӣ нишон додаанд бо медалу нишонҳои соҳавӣ, Ифтихорнома ва Сипоснома сарфароз карда шуданд.
Ҳамчунин бо ташаббуси роҳбарияти Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти мазкур бахши фарҳангии чорабинӣ дар маҷмаи фароғатии Суғдиёни шаҳри Хуҷанд доир гашт.

310

Санъаткорони шинохтаи вилоят бо дастовези суруду таронаҳои дилнишин чорабиниро ҷилои тоза бахшида, хотири бонувонро дар рӯзи идашон шод намуданд.
Акбар Шарифов, капитани милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика