Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баимзорасонии Созишнома дар бораи шартҳои будубоши Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хавфнок дар қаламрави Федератсияи Россия

258

Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия барои баимзорасонии Созишнома байни Ҳукумати Федератсияи Россия ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи шартҳои будубоши Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хавфнок дар қаламрави Федератсияи Россия сафар намуд.

259

Рӯзи 6-уми феврали соли 2018 дар Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия маросими баимзорасонии Созишномаи мазкур баргузор гардид.

Баимзорасонии Созишнома бо қарори роҳбарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Раиси Шӯрои Вазирони корҳои дохилии давлатҳо – аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва аз номи Ҳукумати Федератсияи Россия ба Вазири корҳои дохилии ин кишвар генерали политсияи Федератсияи Россия Владимир Колоколтсев вогузор гардид.
Мавриди қайд аст, ки Созишномаи байналмилалии мазкур мавқеи ҳуқуқии будубоши Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хавфнокро дар қаламрави Россия таҳким бахшида, ҷиҳати таъсис додани шароитҳои зарурӣ барои фаъолияти босамари он мусоидат менамояд.

260

Дар ҷараёни маросим ҷонибҳо муҳимияти чорабинии мазкурро қайд намуда, масъалаҳои мубрами ҳамкориҳоро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сипас, ҷиҳати омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои Вазирони корҳои дохилии давлатҳо – аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хоса зоҳир карда шуд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика