Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии оқибатҳои терроризму экстремизм ва пешгирӣ аз амалҳои номатлуб

157

Имрӯз (05.02.с.2018), дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт полковники милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло дар ноҳияи Тоҷикобод доир ба «Сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, оқибатҳои терроризму экстремизм ва пешгирии он» бо сокинони ноҳияи мазкур вохӯрӣ доир намуд. 

158

Дар вохӯрӣ ҳамчунин раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, корхонаву ташкилотҳо, раисони ҷамоатҳо, деҳаву маҳаллаҳо ва ҷавонони фаъоли ноҳияи мазкур ширкат варзиданд.
Зимни баромад сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт полковники милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло сараввал муҳтавои Паёми Пешвои миллатро ба сокинони ноҳияи Тоҷикобод баён намуда, зикр кард, ки дар Паёми имсола Пешвои миллат соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд.
Аз ин лиҳоз, аҳли ҷомеа, махсусан ҷавононро лозим аст, ки ҷиҳати рушду нумӯи соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷаҳду талош варзанд. Зеро ноҳияи Тоҷикобод дар мавзеи хушбоду ҳаво ҷойгир буда, табиати зебову нотакрор дорад ва мардуми ин ноҳия аз қадимулайём бо ҳунарҳои табақтарошӣ, сандуқсозӣ ва гулдӯзию сӯзанидӯзӣ машҳуру маъмуланд, ки ҳунари дасти онҳо ҳар як бинандаро ба худ ҷалб менамояд.
Сипас, дар идомаи баромад сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт полковники милитсия Азизулозода С.А. қайд кард, ки ҳифзи амният, тартиботи ҳуқуқӣ ва сулҳу субот заминаи асосии рушди давлат ба ҳисоб рафта, аз ҳар як фарди солимфикри ҷомеа тақозо карда мешавад, ки дар ин ҷода саҳмгузор бошад.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат изҳор доштанд: «Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад».

159160

Дар ҷараёни вохӯрӣ иштирокчиён ва фаъолони ноҳияи Тоҷикобод баромад намуда, доир ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии террористию экстремистӣ як қатор пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.
Дар интиҳои вохӯрӣ раиси ноҳияи Тоҷикобод миннатдории самимии худро аз номи иштирокчиён ва сокинони ноҳия ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт расонид.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад