Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба эълон гардидани соли 2018, «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

244

Бо дастгирӣ ва ғамхориҳои ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз варзишгарони тоҷик бо тамоми шароиту имкониятҳои варзишӣ таъмин буда, ҳамасола варзишгарони мо дар соҳаҳои гуногуни варзишӣ миёни дигар кишварҳои ҷаҳон бо гирифтани ҷойҳои намоён парчамбардорони Ҷумҳурии Тоҷикистон мешаванд.

245

Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар партави сиёсати пешанамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри рушду нумӯъи варзиш диққати махсус зоҳир намуда, пайваста дар ин самт чорабиниҳои гуногунро доир менамоянд.
Имрӯз (03.02.с.2018), бо ташаббус ва ибтикори Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» бахшида ба эълон гардидани соли 2018, «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», дар толори варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаҳои варзишӣ аз намудҳои футболи хурд, шиноварӣ, гуштини тарзи самбо, шашка ва шоҳмот миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар корхонаву идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Мусобиқаҳои варзишӣ бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон, муовини аввали Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Р., муовини аввали Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ, ноиби Президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, кормандони Вазорати корҳои дохилӣ, варзишгарон ва ҳайати шахсии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД оғоз гардид.
Бо сухани ифтитоҳӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон чорабиниро оғоз намуда меҳмонон, варзишгарон ва ҳозиринро барои иштирокашон дар чорабинӣ хайра мақдам гуфт.
Қайд гардид, ки дар ҳақиқат варзиш қосиди сулҳ буда, миёни варзишгарон, ҷавонон ва дигар қишри ҷомеа дӯстиву рафоқат, сулҳу субот ва бародариро равнақ бахшида, онро мустаҳакаму устувор менамояд. Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар пешрафти ин соҳаи муҳими ҷомеа диққати масус зоҳир намуда, барои пешрафти он тамоми чораҳои лозимаро роҳандозӣ менамоянд, ки сол аз сол зиёд гардидани сафи варзишгарони аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД ва ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ гардидани онҳо далели гуфтаҳои болост.
Инчунин муовини Вазири корҳои дохилӣ Саидзода Маҳмадсаид Борон аз дастовардҳову рушди соҳаи варзиш суханронӣ намуда ба варзишгарони ин мусобиқаҳои варзишӣ барору комёбиҳо таманно кард.

246

Дар идомаи оғози чорабиниҳои варзишӣ Назарзода Р. - муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Марҳабо Олимӣ муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, инчунин Алишер Урунов ноиби Президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон аз дастоварду бурдбориҳои варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва пешрафти соҳаи варзиш суханронӣ намуда, ба варзишгарон барору муваффақият таманно намуданд.
Сипас бо садо додани Суруди миллӣ парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорандаи медали биринҷӣ, устоди варзиш, капитани милитсия Мавзуна Чориева боло намуда, варзишгарон таҳти навои оркестри нафасӣ аз назди ҳозирин гузаштанд.
Муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон бори дигар ба варзишгарон фатҳи қуллаҳои баланди варзиширо таманно карда, мусобиқаҳои варзиширо расман оғоз бахшид.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonuni

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика