Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории мусобиқаҳои шашкаю шоҳмот бахшида ба соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

241

Рӯзи 2-юми феврали соли 2018, дар маҷмааи варзишии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди шашка ва шоҳмот миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар корхонаю идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» бахшида ба соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018, баргузор гардид.

242

Дар мусобиқаҳо зиёда аз 16 даста ва 100 нафар варзишгар иштирок намуда, барои ишғол намудани ҷойҳои намоён байни худ қувваозмоӣ намуданд.
Ҳамин тариқ, дар мусобиқаи шашка дастаи Вазорати корҳои дохилӣ соҳиби ҷои аввал, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон соҳиби ҷои дуюм ва дастаи варзишгарони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои сеюмро соҳиб гардиданд.
Дар мусобиқаи шашка байни мардон Каримов Дустмурод аз Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон соҳиби ҷои аввал, Нуриддинзода Шеравган аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷойи дуюм ва корманди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаборзода Файзалӣ ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Байни бонувон бошад, ҷои якумро Каримова Сарвиноз аз Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, ҷои дуюмро Исмоилова Лола аз Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷойи сеюмро Бердибекова Лайло аз Вазорати корҳои дохилӣ сазовор гардиданд.
Дар мусобиқаи шоҳмот дастаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон пешсафиро аз даст надода, ҷойи аввалро ишғол намуд.
Ҷои дуюм насиби Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гардид ва ҷойи сеюмро бошад, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст овард.
Дар мусобиқаи шоҳмот аз намуди даставӣ байни мардону занон Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон соҳиби ҷои аввал, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷои дуюм ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби ҷои сеюм гардиданд.

243

Дар мусобиқаи шашка аз намуди даставӣ байни мардону занон Вазорати корҳои дохилӣ сазовори ҷои аввал гардид.
Ҷои дуюм насиби КДАМ ва ҷойи сеюмро Қушунҳои сарҳадии КДАМ ишғол намуданд.
Дар мусобиқаи шоҳмот байни мардон ҷойи аввал насиби Каримов Алишер аз Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, ҷои дуюмро Мирзоев Исмат аз Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷойи сеюмро Қосимзода Бахтовар аз Вазорати мазкур соҳиб гардиданд.
Байни бонувони шоҳмотбоз Мутрибаи Ҳотам дар ҷойи аввал, Саидова Сайҳуна дар ҷойи дуюм ва Авганова Анжелика дар ҷойи сеюм қарор гирифтанд.
Ба ғолибон аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ Ҷом, медал, Сипоснома ва тӯҳфаҳои кимматнок, аз қабили чангкашак, ДВД ва чойҷӯшонаки барқӣ тақдим карда шуд.
Мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди шашка ва шоҳмот миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар корхонаю идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» бахшида ба соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018 дар сатҳи баланд доир гардида, ба варзишгарону ҳаводорони ин навъи варзиш таасуроти хотирмон эҳдо намуд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика