Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикот

 ТАБРИКОТИ

Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба муносибати 10-солагии таъсисёбии ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа»

Таъсири воситаҳои ахбори омма, хусусан матбуоти даврӣ ба раванди ҳодисаву воқеаҳо имрӯз беш аз пеш афзуда, нақши рӯзномаву ҳафтаномаҳо дар ин ҷараён чун ташаккулдиҳандаи афкори умум дар ҷамъият хеле ҳам боло рафтааст. Дар ин миён, раванди ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани бархӯрди манфиатҳо дар ҳар гӯшаи дунё боиси зарурат пеш омадан барои доштани нашрияҳо аз пештара дида боз ҳам бештар гардидааст. Ҳамин муҳиммияти матбуотро ба инобат гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намудаанд:
«Имрӯз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург аст. Дар ҳақиқат матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд. Онҳо хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, бадалшавии идеологияҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хоса пайдо мекунанд. Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд».

150

Дарвоқеъ, имрӯз ба хубӣ мушоҳида мешавад, ки ҳафтаномаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии «Қонун ва ҷомеа» чун инъикоскунандаи фаъолияти шабонарӯзии мақомоти корҳои дохилӣ дар фазои иттилоотии мамлакат мавқеи устувор касб кардааст. Он ба ҳайси нашрияи соҳавӣ на танҳо масъалаҳоеро, ки танҳо хоси ин мақомоти бонуфузи давлатӣ мебошанд, балки он мавзӯъҳоеро, ки имрӯз дархӯри ҷомеаи муосири мо ҳастанд, дар саҳифаҳои худ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳад. Ин ҳам боз аз он шаҳодат медиҳад, ки матбуоти даврӣ чун майдони баҳсу муҳокимарониҳои тамоми паҳлӯҳои рӯзгори инсоният дар ҳаллу фасли ҳама гуна мушкилот нақши назаррас дорад.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки «Қонун ва ҷомеа» дар роҳи 10-солаи тайнамудаи худ, ки ин чандон муддати тӯлоние нест, хеле аз ин зинаҳои зикрнамударо пушти сар кардаву дар ҷодаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, муайян намудану нишон додани роҳҳои нави мубориза ба муқобили хатарҳои ҷаҳони муосир, тарғибу ташвиқи қонунгузории амалкунандаи кишвар, дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани ҷавонону наврасон ва пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Яке аз аввалин рӯзноманигорон ва саромадони матбуоти тоҷик устод Садриддин Айнӣ ҳанӯз дар ибтидои асри гузашта гуфта буд: «Рӯзномаи ҳар қавму миллат забони эшон аст ва ҳар қавму миллате, ки рӯзнома надорад, гӯё забон надорад».
Дар иртибот бо ин суханони таърихӣ, аҳли эҷоди ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа»-ро, ки имрӯз масъулияти ҷиддиеро ба зимма доранд, дар ин ҷодаи заҳматталаб муваффақияту барори кор таманно менамоям.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика