Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар ВКД бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мусобиқаи варзишӣ аз намуди шиноварӣ доир гардид

238232

Сиҳатии комил, рӯҳу равони болида ва нерӯву қувваи тавонои инсонӣ тавассути машғулияти пайваста ба варзиш ба даст омада, варзишгар ҳамеша омодаи истифодаи нерӯву тавоноиаш ба кори хайру манфиатнок аст. Ҳар нафар метавонад ба варзиш машғул шуда, ҳаёти ҷисмониву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро такмил бахшида, зиндагонии солимро интихоб намояд. 

233234

Бо мақсади солимии ҳайати шахсӣ ва ҷалби кормандон ба варзиш роҳбарияти ВКД пайваста, тибқи накша, чорабиниҳои варзиширо ба рох монда, наврасон ва ҷавононро низ ба варзиш ҷалб менамояд.
Рӯзи 11-уми январи соли 2018, бахшида ба эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар толори шиноварии Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи варзишӣ аз намуди шиноварӣ доир гардид.

235236

Дар ин чорабинӣ 121 шиновар аз тамоми гӯшаю канори кишвар иштирок доштанд.
Мавриди қайд аст, ки мусобиқаи варзишии шиноварӣ байни калонсолон, ҷавонон ва занон дар масофаи 50-метр доир гардид, ки дар байни калонсолон ҷои аввал насиби варзишгар Қурбон Олимов, миёни ҷавонон бошад Рамзиёрзода Садам ва дар байни занҳо бошад ҷои якум насиби Тюрина Анастасия гардид.
Дар мусобиқа дастаи “Динамо” соҳиби ҷойи аввал, Мактаби махсуси варзишии захираҳои обии №4-и шаҳри Душанбе ҷойи дуюм ва Мактаби ҷумҳуриявии махсуси намудҳои варзиши обӣ ҷои сеюмро ишғол намуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ ба ғолибон медал ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

237

Қобили қайд аст, ки ҷавонон нерӯи бунёдкору созанда ва ифтихори давлату миллат ба шумор рафта, дар пешбурди хаёти сиёсиву иҷтимоӣ, варзишӣ ва фарҳангиву маданӣ саҳми назаррас доранд. Шӯрои ҷумҳуриявии “Динамо”-и Вазорати корҳои дохилӣ дар тарбияи ҷавонон дар ҳама намудҳои варзиш саҳми назаррас дошта, даспарварони он дар чорабиниҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ пайваста иштирок менамоянд.
Абдулмуъмини ЗАЙНИДДИН


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика