Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи Мушовараи ВКД доир ба ҷамъбасти фаъолияти солона

149

Имрӯз (10.01.с.2018), дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи Мушовараи ВКД вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, аъзои Мушовара, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид.

150

Ҷаласаи Мушовараро Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оғоз намуда, қайд кард, ки дар давоми соли 2017 дар ҷумҳурӣ як қатор чорабиниҳои сиёсиву ҷамъиятӣ ва фарҳангию варзишӣ баргузор гардиданд, ки бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои зикршуда, тамоми ҳайати шахсӣ ва қувваю воситаҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва мақомоти таъмини амният, ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии шаҳрвандон, пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ, ба хизмат сафарбар гардиданд.
Соли 2017 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли ҷавонон” эълон гардид, ки дар тамоми минтақаҳои кишвар ҷиҳати ҷалби наврасону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи маърифату дониш, шомил нагардидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва дар рӯҳияи миллатдӯстиву ватанпарварӣ тарбия намудани онҳо як қатор чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ доир гардиданд.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода доир ба муайян ва ошкор кардани ҷиноятҳо зикр кард, ки дар давраи сипаригардида аз ҷониби кормандони милитсия як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, ашхоси ҷиноятпеша ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

151

Дар ҷараёни ҷаласаи Мушовараи ВКД вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми соли 2017 муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо муфассал баромад намуд.
Ҳамчунин дар идомаи ҷаласа сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД полковники милитсия Ҳафиззода Шодӣ Хуршед, муовини аввали сардори РВКД дар вилояти Хатлон генерал-майори милитсия Искандарзода Абдулваҳоб Мансур, сардори РВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон, сардори РВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо, сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб, сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД полковники милитсия Нумонзода Раҳматулло Ислом ва дигарон баромад намуда, доир ба натиҷаҳои хизматӣ ҳисобот доданд.

152

Дар рафти ҷаласаи Мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ, Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро камбудию норасоиҳои ҷойдоштаро мавриди муҳокима қарор дода, ба тамоми сохторҳои мақомотҳои корҳои дохилӣ ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ошкор намудани ҷиноятҳои солҳои пешин, дастгир намудани шахсони дар кофтуков қарор дошта, тартибу низом ва бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард, муноқишаҳои гурӯҳӣ байни ҷавонону ноболиғон ва дигар ҳолатҳои қонуншиканӣ дастуру супоришҳои қатъӣ дод.
Зикр гардид, ки ҳамкории мақомоти милитсия бо аҳолӣ боз ҳам тақвият дода шуда, робитаи зич бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ мусоидат менамояд.
Дар интиҳои ҷаласаи Мушовара Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев диққати ҳозиринро ба масъалаҳои ҳифзи сарҳадот ва вазъи ноороми кишвари ҳамсоя Ҷумҳурии Исломии Афғонистон равона намуда, таъкид дошт, ки бояд ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ аз худ масъулияти баланд зоҳир намуда, ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд. Ҳамчунин аз кормандони собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ба тарбияи кадрҳои ҷавон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоянд.

153

Бо ҳамин ҷаласаи Мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 анҷом пазируфта, фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ қаноатбахш арзёбӣ гардид.
Гул Маҳбуба, Ҳасан Шерализода.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад