Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии бошукўҳи солинавӣ

Бо ташаббус ва ибтикори роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ имрўз ба муносибати фарорасии Соли нави милодӣ 2018 дар толлори бинои Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷураев бо иштироки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, сарояндагону навозандагон, аҳли фарҳанг ва кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, барои фарзандони кормандон ва фарзандону оилаҳои кормандони фавтидаи мақомоти корҳои дохилӣ чорабинии бошукўҳи солинавӣ баргузор гардид.

Қабл аз оғози чорабинии солинавӣ барои хурдсолон дастурхони идона ороста шуд, ки ба баргузории ин чорабинӣ шукўҳи хоссаеро зам намуд.

133134

Чорабинии идонаро муовини вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич оғоз намуда аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, роҳбарияти ВКД ҳозирин ва дар симои онҳо наздикону пайвандонашонро бо фарорасии Соли нави мелодӣ 2018 табрику муборакбод намуда зикр кард, ки соли 2017 барои сокинони кишвар соли бобарору хотирмон буд. Бо иқдом ва ташабусҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои таълимию тиббӣ, коху биноҳои фарҳангӣ, толлору маҷмаа ва майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки имрўз барои рушду нумўъи мардуми ҷумҳурӣ хизмат намуда истодаанд. Инчунин дар ин соли сипаригардида тамоми чорабиниҳои сатҳи байналмилаливу давлатӣ «Наврўзи аҷам», «20 солагии Ваҳдати миллӣ», «25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ» ва дигар чорабиниҳо бо шукўҳу шаҳомати хосси дар фазои сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ баргузор гардиданд. Роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ошкору пешгирии ҷиноятҳо ва болидахотириву дар сатҳи баланд баргузор гардидани тамоми чорабиниҳо ҳамеша омода мебошанд.

136138

Бори дигар тамоми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва мардуми сарбаланди Тоҷикистонро бо фарорасии соли нави мелодӣ табрику муборакбод гуфта, хонаободӣ, иқблолу сарфарозӣ ва барору комёбӣ таманно намуданд.
Сипас дар идомаи чорабинии бошукўҳ аҳли фарҳанг, ҳунармандону сарояндагони ансамбли созӣ-овозии «Сипар»-и ВКД ва ҳунармандони ҷумҳурӣ бо суруду таронаҳои дилнавоз «Тоҷикистон», «Васл», «Шоҳи парӣ», «Соли нав», «Хитоби Пешво», «Зебосанам», «Лайло манам» ва дигар сурудҳои ҷазобу дилкашро сароида ба аҳли толлор суруру нишот бахшиданд. Инчунин ҳунарпешагони ансамбли рақсии «Чаман», ансамбли рақсии «Зебо», ансамбли рақсии «Ҷаҳоноро», ансамбли рақсии «Парасту», ва ансамбли рақсии «Гулрез» бо ҳунари волои худ хотири ҳозиринро болида намуданд. Аҳли толлор аз баргузории ин чорабинии солинавӣ ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ арзи сипос намуданд ва тақдими тўҳфаҳои солинавӣ ба хурсандии хурдсолон шукўҳи дигар зам намуд.

135137139

Дар фарҷоми чорабинии идона аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба аҳли фарҳанг барои баргузор намудани чунин чорабинии бошукўҳ дастагули тару тоза тақдим гардид.

Раҷаббек ИЛЁСОВ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад