Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шермардони ҷасуру родмардони диёр

Имрӯз (05.12.с.2017), бахшида ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Дастаи таъиноти махсуси милитсия дар РВКД дар вилояти Хатлон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ сардори шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Раёсати мазкур подполковники милитсия Муҳаммадназарзода Холназар оғоз бахшида, кормандони Дастаи таъиноти махсуси милитсияро аз номи роҳбарияти ВКД бо муносибати Рӯзи таъсисёбӣ самимона табрик гуфта, иброз дошт, ки ҳайати шахсии ин ниҳод дар мубориза бо ҷинояткорон ва таъмини сулҳу оромӣ дар кишвар хизматҳои беназир кардаанд.
Саҳми арзандаи дастаи мазкур дар амалиётҳои махсуси ҷангӣ ва безараргардонии гурӯҳҳои ғайриқонунии муташаккили мусаллаҳ бениҳоят зиёд аст. Вазифаҳои асосии ДТММ аз барҳам додани гурӯҳҳои террористӣ, роҳзаниву ғоратгарӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, таъмини амният ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ иборат мебошад, - чунин қайд кард карда шуд дар чорабинӣ.

Инчунин як қатор сардорони шуъбаҳои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, кормандони дастаро бо иди касбӣ табрик намуда, қайд карданд, ки таҷрибаи бою ғанӣ, малакаи касбӣ, руҳану ҷисман пурқувват будани кормандони ин ниҳод имкон медиҳад, ки онҳо дар ҳар гуна шароит бо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, нашъаҷалоб ва дигар иттиҳодияҳои ҷиноятӣ муборизаи беамон баранд.
Дастаи таъиноти махсуси милитсияи РВКД дар вилояти Хатлон соли 1995 таъсис дода шуда, ҳайати шахсии ДТММ дар тӯли ин солҳо ба хотири пойдорӣ ва барқарории сулҳу амният саҳми босазо гузоштаанд.

Дар рафти чорабинии тантанавӣ беҳтарин кормандон барои хизматҳои содиқона ба халқу Ватан бо Ифтихорномаҳои фахрӣ ва Сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Офоқи Қодириён


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад