Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қадрдонии варзишгари наврас Эмомҳусайн Умаров

Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар тарбияи варзишгарони ҷавон саҳми арзанда дошта, ҳамасола даспарварони ин маҷмааи варзишӣ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва сатҳи байналмилалӣ бо ишғоли ҷойҳои намоён парчами кишварро баланд мебардоранд.

Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро варзишгари наврасу умедбахши аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» Эмомҳусайн Умаровро ба ҳузур пазируфта, ба истеъдод, қобилияти нотакрор ва ҳунари варзишии ӯ баҳои баланд дода, барои ноил гардидан ба дастовардҳо дар соҳаи варзиш ба ӯ соати дастӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Мавриди қайд аст, ки Эмомҳусайн Умарови 7-сола аз ҷавонтарин аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» мебошад, ки пайваста дар ин маҷмааи варзишӣ тамрин намуда, бо лаёқати хеш таваҷҷуҳи сокинони кишварро ба худ ҷалб намудааст. Номбурда новобаста аз синну сол дар намуди варзиши болофишорӣ (отжимание) ҳамто надошта, дар як вакт қобилияти 11 ҳазор матротиба иҷро намудани чунин намуди варзишро дорост. Ҳамчунин Эмомҳусайн Умаров намудҳои гуногуни машқҳои акрабатикиро низ бо маҳорати баланд иҷро менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба варзиш таваҷҷуҳи хоса дошта, пайваста ҷиҳати равнақ ва рушди намудҳои гуногуни варзиш, варзишгарони ҷавонро дастгирӣ менамоянд.
Гул Маҳбуба, Эҳсон Абдуллозода.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonuni

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика