Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ дар РВКД ВМКБ

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори нави бинои сеошёнаи РВКД дар ВМКБ, ки дорои 200 ҷойи нишаст аст, чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур сардори РВКД дар ВМКБ генерал-майори милитсия Искандарзода Абдулваҳоб Мансур, ҳайати шахсӣ, кормандони ДТММ, сарбозон ва афсарони қисми низомии 3503-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.
Чорабиниро сардори РВКД дар ВМКБ генерал-майори милитсия Искандарзода А. кушода бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ ҳусни оғоз гирифт.

Нахуст Искандарзода А. кормандони мақомоти корҳои дохилиро аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният намуда, зикр кард, ки ҳайати шахсии милитсияи Бадахшон бо дастовардҳои назаррас ва омодагии хуб дар таъмини волоияти қонун солгарди қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҳисси баланди ифтихор аз соҳибдавлатии кишвар ҷашн мегиранд. Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон рисолати таърихӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа ба шумор меравад.
Дар навбати худ муовини сардори Раёсат майори милитсия Эраҷ Азизмамадов доир ба мақому манзалати Парчами миллӣ дар радифи рамзҳои дигари ифодакунандаи соҳибдавлатӣ изҳори ақида намуда, таърихи парчамро аз дирафши Коваён то ба имрӯз муфассал баён намуд.

Дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори кафедраи ташкили фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии Академияи Вазорати корҳои дохилӣ подполковники милитсия Саидмуҳаммад Аҳтамшоҳзода иштирокдорони чорабиниро аз номи роҳбарияти ВКД ва Академияи мазкур табрик намуд.
Дар ҷараёни чорабинӣ подполковники милитсия Анвар Сайфов баромад намуда, роҷеъ ба таърихи миллат ва истодагарӣ бар зидди аҷнабиён, то ба имрӯз оварда расонидани суннату фарҳанги миллӣ изҳори ақида намуд.
Зимни баромад сардори Шуъбаи молия ва иқтисод майори милитсия Соҳибсултон Абдолбекова қайд кард, ки бадаст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ба он гузошт, ки миллати тоҷик дар раванди соҳибистиқлолии хеш арзишҳои миллию давлатдории худро комилан ба даст оварда, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи сиёсии олам ҳамчун давлати соҳибистиқлоли демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ падид омада, соҳиби Парчам, Нишон Суруди миллӣ, ва асъори миллии худ гардид, ки ин муқаддасот ҳамчун муаррифгари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи олам мебошанд.

Нозири хурди кадрии Дастаи таъиноти махсуси милитсия РВКД дар ВМКБ прапоршики калон Самандар Носиров парчамро ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ шуморида, ҳамчун нишонаи азму иродаи устовори мардум барои ободонии кишвари зебоманзарамон арзёбӣ намуд.
Дар рафти чорабинӣ инчунин афсари дастурдиҳандаи ротаи 3-юми алоҳидаи фаврии таъиноти махсуси қисми ҳарбии 3503 лейтенанти калон Синбод Суфиев сухан ронда, арз дошт, ки Парчами миллии мо дар созмону ташкилотҳои байналмилалӣ насб гардида, далели соҳибистиқлолии давлати тоҷикон буда, аз узви комилҳуқуқ будани мамлакати мо дар арсаи ҷаҳонӣ дарак медиҳад.
Чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар РВКД ВМКБ бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд.
Далер Чоршанбиев


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад