Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳким меёбанд!

Мавзӯъҳои марбут ба густариши равобити дуҷониба миёни Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки рӯзи 16-уми ноябр зимни вохӯрии муовини якуми Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ва муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон генерал-майор Назармухамедов Даврон Абитович дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар оғози ҷаласаи дуюми гурӯҳи муштараки кории ҳамоҳангсозии Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар пойтахт доир гардид, сараввал муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ташрифи ҳайати баландпояи Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистони ҳамсояро ба сарзамини таърихии мо хайрамақдам гуфт.
- Роҳбарияти Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурии мо ба густариши муносибатҳои дӯстона бо тамоми кишварҳо, махсусан бо давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Дар вохӯрии имрӯзаамон мо бештар масъалаҳои вобаста ба амнияти минтақавӣ ва мубориза бо ҷинояткориҳои муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, муайяну ошкор намудани шахсони дар кофтуковбуда дар қаламравҳои ҳарду кишвари ҳамсоя, табодули иттилоот дар самтҳои вобаста ба фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ҳамкории мақомотҳои корҳои дохилии ҳарду давлат ҷиҳати пешгирии қонуншиканиҳо дар мавзеъҳои наздисарҳадӣ ва баргузории чорабиниҳои муштараки оперативӣ-ҷустуҷӯиро мавриди баррасӣ қарор медиҳем, - изҳор намуд А. Аламшозода.

Муовини якуми Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар идомаи суханронӣ изҳори боварӣ намуд, ки баргузории ин вохӯрӣ ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба миёни мақомоти корҳои дохилии ҳарду кишвари ҳамсоя такони ҷиддӣ мебахшад.
Дар навбати худ Даврон Назармухамедов барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҳайати Вазорати корҳои дохилии кишвари ҳамсоя, ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос намуд. Ӯ махсусан миннатдории худро ба Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро баён дошт, ки барои баргузории ҷаласаи дуюми гурӯҳи муштараки кории ҳамоҳангсозии вазоратҳои ҳарду кишвари ҳамсоя чунин шароитро муҳайё сохтааст, ки ҳайатҳои ҳарду ҷониб метавонанд масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳоро муҳокима намоянд.
Тавре муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон иброз намуд, ин мулоқоти дуюми ҳайатҳои мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон буда, вохӯрии аввала дар ин кишвари ҳамсоя доир гардида буд.

 

Дар идомаи ҷаласаи мазкур сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон полковники милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло ва муовини якуми сардори Сарраёсати мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон подполковник Қодиров Дониёр Бахтиёрович вобаста ба мавзӯи таҳкими ҳамкориҳо байни мақомотҳои корҳои дохилии ҳарду кишвар дар самти мубориза бо терроризму экстремизм, муовини сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон полковники милитсия Ҳабибуллоев Сафар Саломович ва сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Сарраёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон подполковник Қутлимуродов Илҳом Мадиёрович дар мавзӯи андешидани чораҳо ҷиҳати таҳким бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти пешгирии қонуншиканиҳо дар мавзеъҳои наздисарҳадӣ ва гузаронидани чорабиниҳои муштараки оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон полковники милитсия Нуъмонзода Раҳматулло Ислом ва сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Сарраёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон подполковник Қутлимуродов Илҳом Мадиёрович дар мавзӯи таҳким бахшидани ҳамкориҳо байни Вазоратҳои корҳои дохилии ҳарду кишвари ҳамсоя дар самти мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар бо маърӯзаҳо баромад карданд.
Бояд гуфт, дар ин вохӯрӣ роҳбарият ва намояндагони Раёсатҳои ҳамкориҳои байналмилалии Вазоратҳои корҳои дохилии ҳарду кишвар низ иштирок доштанд.

Дар интиҳои нишасти мазкур аз ҷониби муовинони якуми Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ва генерал-майор Назармухамедов Даврон Абитович аз натиҷаи ҷаласаи дуюми гурӯҳи муштараки кории ҳамоҳангсозии Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон Протокол ба имзо расонида шуд.
Дар идомаи боздиди ҳайати Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон аз Тоҷикистон, меҳмонон аз як қатор мавзеъҳои фарҳангию таърихии кишвари мо, аз ҷумла аз Қалъаи Ҳисор, Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, маҷмааи фарҳангию таърихии Кохи Наврӯз дидан намуда, бо санъати меъморию наққошии миллати тоҷик аз наздик шинос шуданд. Аз ҷумла, зимни боздиди онҳо аз Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнии пойтахт ҳайатҳои ҳарду ҷониб аз мавзеи муҷассамаи асосгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ, ки дар маркази ин боғ хеле зебо сохта шудааст, дидан намуда, болои оромгоҳи ӯ дуои хайр хонданд.
Зимни боздид аз Кохи Наврӯз, ки макони баргузории бисёр ҷаласаву ҳамоишҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ мебошад, диққати меҳмононро нақшу нигор ва кандакориҳои миллии тоҷикона ба худ ҷалб намуд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи боздиди худ аз Тоҷикистон, ҳайати Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон бо сарварии муовини якуми Вазир генерал-майор Назармухамедов Даврон Абитович қарор аст имрӯз - 17-уми ноябр, ҳамчунин аз ҷойҳои тамошобоби шаҳри Душанбе, аз ҷумла Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва бинои Академияи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дидан намуда, бо дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол аз наздик шинос шаванд.
Умед ОЧИЛОВ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад