Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешвои миллат - қаҳрамони халқи тоҷик аст!

Имрӯз (16.11.с.2017), дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи тантанавӣ бо иштироки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, меҳмонон ва ҳайати шахсии ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ доир гардид.

Ҷаласаро бо сухани муқаддимавӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон ифтитоҳ намуда, иштирокдорони ҷамъомадро аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» самимона табрик намуд.
Қайд гардид, ки имрӯз дар сар то сари кишварамон ин рӯзи таърихӣ ва сарнавиштсоз, ки барои мардуми шарафманди тоҷик фаромӯшнашаванда аст, мутантан ҷашн гирифта мешавад. Бо шукргузорӣ метавон гуфт, ки зиндагии бомаром, суботу оромӣ, пешрафт, гулгулшукуфоии кишвар - ин ҳама дарак аз сулҳу ваҳдат, якдиливу муттаҳидӣ дода, моро бори дигар водор месозад, ки бо садоқату самимият ба Сарвари давлат, дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таҳкими суботу оромӣ ва мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ ҳамчун ҳомии ҷасур ва сарсупурдаи Ватани хеш бошем.

Маҳз хизматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешрафта ва ташаббускор мешиносад ва эътироф мекунад. Заҳматҳои шоёни Пешвои миллат баҳри сулҳу субот, пойдории давлату миллат ва рушду нумӯи кишвар дар саҳфаҳои таърих бо хати заррин дарҷ гардида, дар хотираи мардуми шарафманди тоҷик қаҳрамонии Пешвои муаззам ҳамеша боқӣ хоҳад монд.

Муҳимияти таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар он аст, ки мо – мардуми Тоҷикистон бояд фаъолияти пурсамару ибратбахши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадр намоем, зеро маҳз ба шарофати сиёсати муваффақонаву талошҳои пайваста дар роҳи ободии Ватан, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати бостонии тоҷик ва ташаббусҳои созандаву некбинонаи ин фарзанди фидоии миллат, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бо нигоҳи боэътимод ва хайрхоҳона назар дорад.
Дар идомаи суханронӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ Саидзода М.Б., бори дигар аз азму талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардида, таъкид дошт, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо шукргузорӣ аз сулҳу ободӣ, ҳамчун фарзанди бо нангу номуси миллат, ҳамеша сипари боэътимоди Ватан дар роҳи мубориза бо ҳама гуна қонуншиканӣ бошанд. Ва бо ҳисси эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Сарвари давлат, имрӯзу фардо барои халқу Ватан содиқонаю софдилона хизмат намоянд.

Дар охири ҷамъомади идона бо иштироки сарояндагони ансамбли «Сипар», ҳунармандони ҷавони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев барномаи консертӣ баргузор гардида, дар он сурудҳо дар васфи Ватан, Пешвои миллат, Садоқат ва арҷгузорӣ ба Ватан бо маҳбубияти хоса манзури ҳаводорони шеъру суруд гардонида шуд.
Рухшона Шукурова


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика