Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садоқат ба Президент-садоқат ба Ватан!

Имрӯз (16.11.с.2017), дар толори Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини сардори РВКД дар вилояти Хатлон полковники милитсия Нозимзода Файзулло, декани факултаи сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав Тағойбеков Ҳукмиддин, муовини раиси ҲХДТ дар вилояти Хатлон Неъматулло Иброҳимзода, шоирону нависандагон ва ҳайати шахсии Раёсати мазкур иштирок доштанд.

Конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ муовини сардори Раёсати мазкур полковники милитсия Нозимзода Файзулло оғоз намуда, мавсуф дар маърӯзаи хеш доир ба самтҳои гуногуни фаъолияти корӣ ва мавқеи сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳарф зад.
Номбурда таъкид намуд, ки дастовардҳои бузург Ваҳдату Истиклолият, сулҳи пойдор натиҷаи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси тоҷик ба хотири амалӣ намудани ормони чандинасраи халқамон, яъне эҳёи давлатдории миллии тоҷикон мебошад
Моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Б.Fафуров Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ӯ иртиботи ҳамаҷониба доранд.
Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.

Дастовардҳои Президенти Тоҷикистон аст, ки Тоҷикистон дар зарфи 25 соли истиқлолият ба сулҳу ваҳдати миллӣ расид ва таҷрибаи сулҳи тоҷикон минбаъд аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардид; қонунгузории миллии худро бунёд намуд; низоми самараноки мақомоти ҳокимияти иҷроия, қонунгузорӣ ва суд ташкилу такмил ёфта, заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти онҳо фароҳам оварда шуд.
Муовини Раиси ҲХДТ дар вилояти Хатлон Неъматулло Иброҳимзода баромад намуда дар навбати худ иброз дошт, ки баъди қабули Конститутсия ва интихоби Президент аз соли 1994 дар таърихи навини кишварамон марҳилаи нав оғоз ёфт ва барои беҳтар намудани шароити зисту зиндагонӣ ва дараҷаи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон, давом додани ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам омад.
Шоири шинохтаи Хатлонзамин Амиршоҳи Хатлонӣ шеърҳо дар васфи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эъчодкардаашро манзури ҳозирин гардонид.
Дар хотимаи конфронс чанд нафар аз кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба сухан баромада, пойбарҷо будани садоқат ба Савганд ва сарсупурдагиву хизмати содиқонаи худро ба Президент ва халку кишвари Точикистон бо сарафрозӣ баён доштанд.
Офоқ Қодириён


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика