Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Милитсия – кафили боэътимоди давлату миллат

Имрӯз (10.11.с.2017), дар саҳни бинои Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, роҳбарияти ВКД ва ҳайати шахсии Сарраёсат, Раёсатҳо ва ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба «Рӯзи милитсия» чорабинии идона баргузор гардид.

Чорабиниро Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оғоз намуда, роҳбарият ва ҳайати шахсӣ, собиқадорону нафақахӯрони мақомоти корҳои дохилӣ ва дар симои онҳо наздикону пайвандонашонро ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик табрику муборакбод намуда, қайд кард, ки милитсияи тоҷик дар ҳама давру замон кафили боэътимоди давлату миллат ба шумор рафта, дарки баланди масъулият, самимият ба касби пешакарда ва далерию мардонагӣ дар солҳои вазнин ва мушкилиҳое, ки пеши роҳи кормандони милитсия буданд, натавонист азму иродаи онҳоро шиканад. Ба душвориҳо нигоҳ накарда, кормандони милитсия масъулияти баланди касбиро бо сарбаландӣ ба ҷо меоварданд.

- Милитсия аз аввали таъсисёбӣ, яъне аз ибтидои солҳои 20-уми асри гузашта тӯли даҳсолаҳо масъулияти басо душвор: ҳифзи молу мулк, ҳимояи ҳуқуқҳои мардум, таъмини осоиштагӣ ва мубориза ба ҷинояткориро ба уҳда дошт. Ба таърихи пур аз корнамоию ҷоннисориҳои милитсияи тоҷик назар кардану роҳи тайнамудаи онро ёдовар шудан пешорӯи мо саҳифаҳои кору фаъолияти назарраси садҳо нафар фарзандони ҷонфидои миллати тоҷик ҷилвагар мешавад, - афзуд Рамазон Раҳимзода.
Бояд таъкид намуд, ки дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият зиёда аз 2000 кормандони милитсия ва афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ ҳалок гардидаанд. Хотираи неки онҳо дар дилу дидаи мардум, бахусус кормандони ин ниҳод ҷовидонӣ боқӣ хоҳад монд.
Мақомоти корҳои дохилӣ собиқадорони худро дорад, ки дар таъмини суботу оромӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ нақши арзанда гузоштаанд. Имрӯз дар ин чорабинии тантанавӣ собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ иштирок доранд, ки онҳо ҳамеша дар пешбурди самти фаъолият, баланд бардоштани малакаи касбӣ ва омӯзонидани таҷрибаи пешқадам ба кормандони ҷавон саҳми арзанда доранд.

Дар тӯли даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти корҳои дохилӣ ба як ниҳоди боэътимод, кафили амнияти дохилӣ ва ба фаъолтарин сохтори қудратии кишвар мубаддал гардида, дар муқовиматҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва мубориза ба муқобили гурӯҳҳои ҷиноятпешаи террористӣ обутоб ёфта, таҷрибаи баланди касбӣ пайдо намуд. Натиҷаи чунин далериву шуҷоат ва дастгириву ғамхориҳо ва таваҷҷуҳи Сарвари давлат буд, ки садҳо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили истиқоматӣ ва қитъаҳои замин таъмин гардида, дар баробари ин таҷдиду азнавсозии биноҳои маъмурии милитсия, инчунин бо нақлиёту техникаи ҳозиразамон ва сарулибос таъмин гардидани ҳайати шахсӣ роҳандозӣ гардид.

Дар партави сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат якчанд биноҳои замонавии мақомоти корҳои дохилӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Бунёди бинои муосири Академияи ВКД ки дар Осиёи Миёна назаррас мебошад, инчунин биноҳои Раёсати кофтукови ҷиноятӣ, биноҳои маъмурии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Шаҳринав ва биноҳои дигари хизматрасонӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳодати гуфтаҳои боло мебошанд.
Дастгириву ғамхориҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати мақомоти корҳои дохилӣ, кормандони милитсияро водор месозад, ки масъулияти худро дучанд намуда, уҳдадориҳои хизматиро содиқона ба ҷо оранд. Бо дарки баланди масъулият, эҳсоси садоқат ба Ватану миллат ва Сарвари давлат, мо метавонем сулҳу субот ва амнияту осоиштагиро, ки асоси зиндагии арзандаи шоиста ва рӯзгори пурсаодати сокинони кишвар ба ҳисоб меравад, таъмин намоем.

Пас аз суханронии худ Вазири корҳои дохилӣ як қатор кормандони милитсияро бо гирифтани рутбаҳои навбатии «полковники милитсия», «подполковники милитсия», «майори милитсия» ва дигар рутбаҳои навбатӣ табрику муборакбод намуд.
Ба муносибати Рӯзи таъсисёбии милитсияи тоҷик бо Фармони Вазорати корҳои дохилӣ 450 нафар кормандони милитсия бо рутбаҳои навбатӣ, Раҳматнома, Сипоснома ва тӯҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.
Сипас, дар назди роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҳайати шахсии Дастаи таъиноти махсуси милитсия, Ротаи махсуси зудамали милитсия, сарбозону афсарони Раёсати қӯшунҳои дохилӣ, курсантони Академияи ВКД ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ бо қадамҳои сафӣ гузашти низомиро дар сатҳи баланд ба ҷо оварданд.
Раҷаббек ИЛЁСОВ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика