Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили Рӯзи милитсия дар ВМКБ

Бахшида ба ҷашни Рӯзи милитсияи тоҷик кормандони милитсияи РВКД дар ВМКБ бо баргузории чорабинии тантанавӣ аз иди касбии хеш истиқбол гирифтанд. 

Дар чорабинии тантанавӣ роҳбари Дастгоҳи раиси вилоят Диловари Хосабек, сардори Раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ полковник Меликов Мамад Имомович, прокурори ВМКБ мушовири адлияи дараҷаи 1 Асозода Доробшо, комиссари ҳарбии вилоят подполковник Хушдилзода Ҳамроҳ Одил, прокурори ҳарбии гарнизони шаҳри Хоруғ полковник Шарифзода Мамадамин, раиси собиқадорони макомоти корҳои дохилии ВМКБ Саидгулов Мирзоҷон ва дигар роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва низомӣ дар ВМКБ иштирок намуданд.

Инчунин дар чорабинии мазкур собиқадорони мақомоти корҳои дохилии вилоят, оилаҳои кормандони милитсияе, ки дар вақти адои вазифаҳои хизматӣ ба ҳалокат расидаанд, ширкат варзиданд.

Муовини аввали сардори раёсат полковники милитсия Бандализода Бандали Мастибек ба сардори РВКД дар ВМКБ генерал-майори милитсия Искандарзода Абдулваҳоб Мансур аз омодагии ҳайати шахсии ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилии вилоят гузориш дод.
Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона оғоз гардид.
Сардори РВКД дар ВМКБ генерал-майори милитсия Искандарзода Абдулваҳоб Мансур ба мақсади ба ҷо овардани поси хотири ҳамешагии кормандони милитсияе, ки дар вақти иҷрои вазифаҳои хизматӣ барои ҳифзу амнияти давлат, оромии шаҳрвандон, суботи ҷомеа ва волоияти қонун ҷони худро нисор кардаанд, ба пояи муҷассама гулчамбар гузошта, ба хотири неки онҳо лаҳзаи хомушӣ ихтиёр намуданд.
Афсарони Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилоят бо парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қадамҳои низомӣ аз назди минбар ва сафи низомӣ гузаштанд.

Сардори РВКД дар ВМКБ генерал-майори милитсия Искандарзода Абдулваҳоб Мансур баромад намуда, кормандони милитсия, собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ва дар симои онҳо тамоми кормандони милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик аз самими қалб табрику таҳният намуда, арз дошт, ки кормандони милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, сулҳу суботи ҷомеа, ҳангоми доир гардидани чорабиниҳои муҳими сиёсию давлатӣ баҳри таҳкими волоияти қонун ва амнияти шаҳрвандон, шабонарӯзӣ хизмат намуда, бо масъулияти дучанд ва арҷгузорӣ ба Савганди худ содиқона хизмат менамоянд.

Кормандони милитсия бори дигар якдилию ҳамбастагӣ ва ягонагию муттаҳидии худро зери роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон собит намуда, баҳрии адои вазифаҳои пуршарафу масъулиятнок саъю талош меварзанд.
Роҳбари Дастгоҳи раиси вилоят Диловар Хосабеков дар номаи табрикотӣ аз номи раиси ВМКБ кормандони милитсияро ба рӯзи ҷашнгирии иди касбиашон табрику таҳният гуфта, қайд кард, ки кормандони милитсия дар пойдории сулҳ ва амнияти шаҳрвандон саҳми арзишманд дошта, ҳамеша ба Савганди худ содиқ буда, кору фаъолият, ҷасорату шуҷоат, далериву мардонагии нахустин кормандони милитсия аз хотир зудуда намешавад ва номи онҳо ҳамеша дар қалбҳо боқӣ монда ба неки ёд карда мешавад.
Дар навбати худ дар чорабинӣ сардори Раёсати КДАМ дар ВМКБ полковник Меликов Мамад Имомович кормандони мақомоти корҳои дохилиро самимона ба Рӯзи милитсияи тоҷик табрику таҳният гуфта қайд кард, ки кормандони милитсия дар мубориза бо дастаҳои муташаккили ҷинояткор, гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ ва нашъаҷалоб муборизаи беамон бурда, дар таъмини волоияти қонун ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоштаанд.
Прокурори ВМКБ мушовири адлияи дараҷаи-1 Асозода Доробшо дар баромади худ кормандони милитсияро сидқан табрик намуда аз ҷумла қайд кард, ки дар барқароркунии сохти конститутсионии кишвар кору пайкори кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ниҳоят арзишманд буда, дар пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб ҳамеша фаъол мебошанд.
Раиси Шӯрои собиқадорони ВМКБ Мирзоҷон Саидгулов фаъолияти кормандони милитсияро дар таҳкими сулҳу субот муҳим арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии шумо сулҳу амният дар ҷомеа пойдор буда, дар устувории он ҳиссаи сазовор гузоштани ҳар яки шумо шарт ва ниҳоят зарур мебошад.
Ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик ба кормандоне, ки дар фаъолияти хизматии худ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал полковники-милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва сардори РВКД дар ВМКБ генерал-майори милитсия Искандарзода А. Ифтихорнома, Сипоснома, рутбаҳои навбатӣ, медалу нишонҳои сарисинагӣ ва тӯҳфаҳои арзишнок қадрдонӣ карда шуданд.
Кормандони милитсияе, ки нав ба мақомоти корҳои дохилӣ қабул гардидаанд, дар ин рӯз Савганди корманди мақомоти корҳои дохилиро дар назди ҳамкасбонашон ботантана қабул намуданд.
Ғайр аз ин оилаҳои кормандоне, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҷоннисорӣ кардаанд аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуда, ба собиқадорони милитсия туҳфаҳои хотиравӣ ва маблағи пулӣ тақдим карда шуд.
Дар чорабинӣ аз тарафи хизматчиёни ҳарбии ротаи 3-юми қисми ҳарбии 3503-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД ва кормандони ДТММ РВКД дар ВМКБ машқҳои тактикӣ-низомӣ ба ҳозирин намоиш дода шуд.
Дар фарҷоми чорабинии мазкур ҳайати шахсии Раёсат ва ҷузъу томҳои он дар вилоят бо қадамҳои мутантани сафӣ бо гузашти низомӣ аз назди минбар гузаштанд.
Рӯзи милитсияи тоҷик дар РВКД ВМКБ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.
Далер Чоршанбиев


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад