Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гузашти низомии милитсияи Суғд бахшида ба «Рӯзи милитсия»

 

Дар қисми низомии 3501-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати «Рӯзи касбии кормандони милитсия» гузашти низомии мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд баргузор гардид, ки дар он кормандони Дастгоҳи марказии Раёсат, шуъбаҳои Вазорат дар шаҳру ноҳияҳо ва ҷузъу томҳои ВКД дар вилояти Суғд иштирок намуданд. 

Дар маросими гузашти низоми нахуст сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон суханронӣ намуда, номаи табрикотии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамроро ба муносибати «Рӯзи милитсияи тоҷик» ба самъи ҳайати шахсии мақомот расонид.
Шариф Назарзода зимни суханрониаш аз дастовардҳои милитсияи тоҷик дар даврони 26-соли Истиқлолияти давлатӣ сухан ронда, зикр кард, ки таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва қонуният, ҳифзи ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон вазифаи боифтихор ва масъулиятнок буда, ҷомеа ва давлат ин вазифаҳоро ба души мақомоти милитсия вогузор намудааст.
Фаъолияти пурсамари милитсияи тоҷик - ин роҳи қаҳрамониву мардонагӣ ва роҳи хидмат ба халқу Ватани хеш буда, саҳми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар таҳкими сулҳ ва устувории пояи давлатдорӣ, ҳифзи тартиботу оромии ҷомеа назаррас аст.
Бояд зикр намуд, ки кормандони мақомоти милитсия зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо садоқат ба Савганди хеш дар муқобили ҳамагуна зуҳуроти ҷиноӣ дар сафи пеши мубориза истода ва намунаи баланди ҷасорату мардонагӣ нишон дода, ҳамқадам, муҳофиз, мубориз ва сипари боэътимоди Истиқлолият ва халқи кишвар будани худро исбот намуданд.
Баъди расидан ба Истиқлолияти давлатӣ милитсияи тоҷик ба як ниҳоди комилан бонуфузи миллӣ табдил ёфта, бо таъсиси сохторҳои мустақили худ фазои мусоиди ҳаёти арзандаро баҳри сокинони кишвар ба вуҷуд овард.
Акнун назди ин ниҳод вазифаи басо пуршараф - ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, шарафу обрӯи давлату миллат ва дастовардҳои даврони истиқлолият меистад.

Бо гузашти солҳо фаъолияти ин ниҳод густурда ва мавқею мақоми он дар ҷамъият торафт боло меравад. 

Дар 26-соли даврони Истиқлолият анъанаҳои хизматӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ ташаккул ёфта, милитсияи тоҷик он рисолатеро, ки бар душ дошту дорад, сарбаландона иҷро менамояд.
Имрӯзҳо дастовардҳои муҳиму беназири давлат ба мисли Истиқлолият, Сулҳ, Ваҳдат ҳаёти осудаву ороми мардуми кишварро бе саҳми милитсия наметавон тасаввур кард.
Сипас, тибқи оини низомиён фармондеҳи парад подполковники милитсия Бахтиёр Ҳошимов ба сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Шариф Назарзода оиди омода будани ҳайати шахсии мақомоти милитсия Суғд ба гузашти низомӣ гузориш дод.
Баъдан ҳамаи воҳиду сохторҳои ВКД дар алоҳидагӣ гузашти низомиро дар вазъияти тантанавӣ доир намуданд.
Муҳсин Юсупов, корманди РВКД дар вилояти Суғд, лейтенанти калони милитсия

 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад