Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ дар Донишкадаи омӯзгории ноҳияи Рашт

Имрӯз (10.10.с.2017), дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт вохӯрии сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ноҳияи Рашт генерал-майори милитсия Шафизода Рустам Исмоил, бо донишҷӯёну омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ сардори Раёсати мазкур генерал-майори милитсия Шафизода Рустам Исмоил баромад намуда, мазмуну муҳтавои тағйиру иловаҳоеро, ки ба ин қонунҳо ворид гардидаанд, ба омӯзгорону донишҷӯён фаҳмонида дод.
Ҳамчунин аз ҷониби сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт ба донишҷӯён оиди наомадан бо автомашинаҳои шахсӣ ба Донишкада таъкид гардида, риояи бечунучарои қонунҳои мазкур дар самтҳои дарҷгардида талаб карда шуд.

Вохӯрӣ дар фазои озод ва самимӣ баргузор гардида, байни иштирокчиён саволу ҷавоб сурат гирифт.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика