Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо сокинони ноҳияи Ишкошим

Рӯзи 3-юми октябри соли 2017, дар толори Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим бо иштироки муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, муовини Раиси Маҷлиси Миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед, муовини Раиси КДАМ полковник Нусратулло Мирзоев, прокурори ВМКБ мушовири адлияи дараҷаи 1 Асозода Д., сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ подполковники адлия Наврӯззода А., Раиси ноҳияи Ишкошим Самадзода Зикрихудо ва дигар сардорони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Ишкошим вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ бо сокинони ноҳияи Ишкошим муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо мақсад мазмун ва моҳияти тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба аҳолӣ возеҳу равшан шарҳ дода, аз сардорони мақомотҳои қудратии вилоят талаб намуд, ки риоя намудани талаботи қонуни мазкурро аз ҷониби худ ва фарзандонашон таъмин намоянд.
Ғайр аз ин муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ дар мулоқот бо сокинон вазъи ҷинояткориро дар ноҳияи Ишкошим мавриди таҳлил қарор дода, оиди волоияти қонун, сулҳу суботи кишвар, ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳаракатҳои террористию экстримистӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир, ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ноҳияи Ишкошим, аз ҷумла воситаҳои нақлиётӣ бе рақами қайди давлатӣ, сиёҳшишаи ғайриқонунӣ, бе шаҳодатномаи ронандагӣ, дар ҳолати мастӣ идора кардани воситаҳои нақлиёт ва дигар қойдавайронкуниҳоро дар қаламрави ноҳия мавриди баррасӣ қарор дод.
Мавсуф зикр кард, ВМКБ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар масофаи 910 км ҳамсарҳад буда, вазъияти ноором ва даргириҳои пай дар пай дар кишвари ҳамсоя аҳли ҷомеаро водор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар баробари сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва низомии ВМКБ дар таъмини амният ва ҳифзи тартибот саҳми худро гузоранд ва ҷавононро дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва ватанпарастӣ тарбия намуда, баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ саъю кӯшиш намоянд.

Дар ҷараёни сафари корӣ муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо дар ноҳияи Ишкошим аз шароит ва фаъолияти хизматии кормандони милитсияи ШВКД дар ноҳия ва Дастаи таъиноти махсуси РВКД дар ВМКБ аз наздик шинос гардида, барои боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолияти хизматӣ ба онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар ҷараёни вохӯрӣ муовини Раиси Маҷлиси Миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед иброз дошт, ки мардуми меҳнатқарини ноҳияи Ишкошим дар ҳамаи давру замон бо фарҳангу маърифати баланди худ миёни дигар мардумон фарқияти хоса доштанд. Авзои кунуни ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳар фарди бедордил, ватандӯст, баору номус тақозо мекунад, ки барои ҳифзи сулҳу суботи кишвари азизи худ саҳмгузор бошад.
Муовини Раиси КДАМ полковник Нусратулло Мирзоев таваҷҷӯҳи сокинони ноҳияи Ишкошимро ба он ҷалб намуд, ки дар таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ бо кормандони милитсия ҳамкории пайваста намоянд.
Дар интиҳои вохӯрӣ байни иштирокдорон саволу ҷавоб сурат гирифта, аз ҷониби сокинони ноҳияи Ишкошим оид ба ҳамкорӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, муҳофизати сарҳад ва ҷиҳати таъмини волоияти қонун таклифу пешниҳодҳои судманд иброз гардид.
Гул Маҳбуба, Далер Чоршанбиев


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад