Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо сарбозон

Роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд бо мақсади баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва дӯстдории Ватан дар замири сарбозони Қисми низомии 3501 Раёсати қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд бо афсарону сарбозони қисми ҳарбии мазкур мулоқот анҷом дод.
Мавзӯи меҳварии ин мулоқотро бедор кардани эҳсоси ватандӯстӣ, огоҳ сохтани ҷавонон аз дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол, нақши созандаи Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баҳаморӣ ва бунёди давлати соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёд дар бар гирифт.
Бо такя ба рӯйдодҳои гузаштаву имрӯза сардори Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Шариф Назарзода ба ҳозирин оиди дастовардҳо ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ дарТоҷикистон маълумот дод, ки дар саргаҳи ин ҳама дигаргунӣ ва тараққиёту пешравиҳо чеҳраи Роҳбари мушвиқи тоҷикони дунё, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон намудор аст.

Пос доштани забону фарҳанг, иштироки фаъолона баҳри гул-гул шукуфии Ватан аз ҷавонон ташаббускориро талаб менамояд. Таъкид гардид, ки имрӯзҳо Ҳукумати мамлакат барои ҷавонон тамоми шароитҳоро фароҳам овардааст, то ин ки касб омӯзанду ба нафъи халқу миллат хизмат намоянд. «Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017 бори дигар аз он дарак дод, ки таваҷҷӯҳ ба ин насли ояндасоз беохир аст. Ин иқдом имкониятҳои ҷавононро боз ҳам фаррохтар намуд то ин, ки қобилияти зеҳниву созандагии худро муаррифӣ созанд.
Рафтори ҷавононе, ки ба гурӯҳҳои ҷинояткор пайваста, шомили ҳизбу ҳаракатҳои тундрави экстремистӣ - террористӣ мешаванд, маҳкум карда шуд. Он ҷавононе вориси арзанда маҳсуб меёбанд, ки нерӯи хешро ба корҳои солиму судманд ба нафъи Ватан сарф менамоянд. Гуфта шуд, ки сафарбар шудан ба хизмати ҳарбӣ нишонаи садоқати шаҳрвандӣ дар назди Ватан аст.
Даъвати дигари сардори Раёсат аз сарбозон ин дағалӣ накардан бо якдигар ва бо ҳаракатҳои берун аз доираи қонун доғдор насохтани ояндаи худ аст, ки дар рафти мулоқот таъкид ёфт.
Ҳамчунин вобаста ба тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд.
Баъди мулоқот аз шароити хизматбарӣ ва будубоши сарбозони қисми низомӣ дидан намуда, масъулин дастур гирифтанд, ки нисбати хизматбарандагон, аз ҷумла сарбозон муносибати ғамхорона дошта бошанд.
Дар ин қисми низомӣ, ки соли 2015 ба истифода дода шудааст, имсол сохтмони иншоотҳои ёрирасон ба мисли анборхонаҳо бо маблағгузории Вазорати корҳои дохилӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба роҳ монда шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар арафаи анҷомёбист. Дигар ҳамаи шароитҳо мутобиқ ба талаботи замон буда, ҳайати хизматбарандагон эхтиёҷе надоранд.
Ҳамчунин 27 гектар замини Хоҷагии ёрирасони ВКД вокеъ дар ҷамоати Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро қисми низомии мазкур дар ихтиёр дорад. Дар ин қитъаҳои корам ҳамаи намуд маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва полезиҳо кишт карда мешаванд. Илова бар ин, токзори ангур, мевагиҳое ба мисли олуча, зардолу ва анор боғдорӣ карда мешавад, ки аз маҳсулоти чамъоваришуда дар баробари истифодабарӣ дар мавсимаш, ҳамчунин барои зимистонгузаронӣ дар намуди хушк ва консервагӣ захира карда мешавад.
Шароити фароҳам гардида ва дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти ВКД рӯҳияи сарбозонро баланд бардошта, бо сарбаланди хизмати худро адо менамоянд.
Акбар Шарифов, капитани милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика