Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Забони тоҷикӣ-забони илму маърифат аст!

Имрӯз (02.10.с.2017), дар толори Вазорати корҳои дохилӣ конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки роҳбарияти ВКД, ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар меҳмонони расмӣ доир гардид.
Конференсияи мазкурро муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом ҳусни оғоз бахшида, нахуст аҳли нишастро бо фарорасии Рӯзи забони давлатӣ аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро табрику муборакбод намуд.
Дар ҷараёни суханронӣ мавсуф қайд кард, ки «Рӯзи забони давлатӣ мисли дигар суннатҳои бостонии миллии мо ҳар сол 5-уми октябр ҷашн гирифта мешавад ва барои миллати тоҷик хушбахтарин рӯз ба шумор меравад. Зеро забон ҳастии миллат ва бақои давлат маҳсуб меёбад».

 

Пос доштан ва эҳтиром намудани забон вазифаи ҳар як фарди солимфикри ҷомеа буда, дар ин ҷода фаромӯш набояд кард, ки забони модарӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад ва он сарчашмаест, ки инсонро ба асолати миллӣ пайванд месозад.

Мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ дар сарнавишт ва эҳё намудани тамаддуни таърихии миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуда, яке аз падидаҳои даврони истиқлолият низ маҳсуб меёбад ва ҳамчун як рукни муҳими давлатдорӣ дар пойдории давлату миллати бузургу куҳанбунёди мо нақши муҳим мебозад. Маҳз бо талошу кӯшишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, забони тоҷикӣ дар ҳамаи соҳаҳо ҳамчун забони бою ғанӣ, ки ниёгони мо бо ин гуна забони шевою гуворо сухан эҷод мекарданд, ҷойгаҳи худро ёфт.

Дар ҷараёни конференсияи илмӣ-амалӣ намояндаи Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфониён Раҳим бо фарорасии ин рӯзи таърихӣ ҳамагонро шодбош гуфта, изҳор дошт, ки забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз дуҳазорсола дорад. Асоси забони давлатӣ дар мақоми давлатӣ будани он аст. Забон қудрати воқеии худро ба ҷомеа бояд нишон диҳад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушду нумӯи забони давлатӣ пайваста кӯшишҳои зиёде ба харҷ медиҳад. Бешак метавон гуфт, ки аввалин истиқлолияти мардуми соҳибтамаддун ин истиқлолияти забон буд ва хушбахтона имрӯз мо гулгулшукуфоии забони тоҷикиро эҳсос мекунем. Дар ин раванд ҳар яки мо бояд ба забони пурарзиши хеш арҷгузорӣ намуда, онро ҳифз ва ҳимоя намоем.
Сипас, ноиби ректори Донишкадаи забонҳои ба номи устод С.Улуғзода, доктори илмҳои филология, профессор Маҳмадҷонов Олимҷон дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар рушди сиёсати давлатии забон» муфассал баромад намуда, афзуд, ки «Забони тоҷикӣ, ки суннатҳои қадимӣ дошта, дар рушду такомули тамаддуни умумибашарӣ мавқеи муҳим дорад, ҳамчун забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои давлатдорӣ ва арзиши бузурги миллӣ буда, дар паноҳи давлат қарор дорад».
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози истиқлолият то ба имрӯз дар масоили забони давлатӣ ва таъмини он дар муносибатҳои сиёсию иҷтимоӣ пайваста тадбирҳо андешида, ҳифз ва рушди онро аз вазифаҳои муқаддаси худ медонад.
Дар кишвари соҳибистиқлоли мо - Тоҷикистони азиз барои рушди забони давлатӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи он тамоми заминаҳо фароҳам оварда шуда, ҳеҷ гуна мамониате дар роҳи инкишофи забони давлатӣ вуҷуд надорад.
Забони тоҷикӣ-забони шеъру шоирист, чунин қайд кард дар идомаи ҷамъомад шоири Халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким. Ин санаи таърихиро шоири маҳбубу дилписанд ба ҳамаи ширкаткунандагон бори дигар таҳният гуфта, изҳор дошт, ки имрӯз бо забони адабии тоҷикӣ сухан гуфтан дар саросари Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромада, мардум, бахусус наврасон ва ҷавонон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сухангӯю сухандон бошанд. Забони тоҷикӣ имрӯз ба забони илму фарҳанг табдил ёфта, чорабиниҳои илмӣ бо забони давлатӣ сурат мегиранд. Олимони мо асарҳо ва мақолаҳояшонро бо риояи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ таҳия карда, дар рушду инкишофи он кӯшишҳои зиёде ба харҷ медиҳанд.

Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ, Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди забони тоҷикӣ ва пойдории мақоми он дар ҳамаи соҳаҳо ва давлат тамоми тадбирҳо андешида шуда, он то ба имрӯз таҳким меёбад. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз мо дар анҷуману созмонҳо бо забони зебои тоҷикӣ ҳарф мезанем.

Сипас Аскар Ҳаким шеъри тозаэҷоди худ таҳти унвони «Номаи фахру сипос»-ро ба аҳли толор қироат кард, ки дар он шоир ҷаҳду талоши Пешвои миллат, корнамоӣ ва ҷонфидоии ӯро ба халқу Ватан чунин васф кардааст:
… Арсаи мо арсаи оре бувад,
Арсаи нангу ватандорӣ бувад.
Номи ту бо номи тоҷик зинда бод,
Рамзи иқболи Ватан поянда бод.
Дар идомаи чорабинӣ устоди ДМТ, доктори илмҳои филология, профессор, Исмоилов Ш., қайд кард кард, ки бузургии забон дар он аст, ки мо забони худро то ба имрӯз нигоҳ дошта тавонистем. Забони тоҷикӣ забони илму маърифат буда, он шоистаи пазироист. Дӯст доштани забон дӯст доштани Модар, Ватан ва миллат ба шумор рафта, ҳар як инсон бояд нуфуз ва эътибори онро муқаддас донад.

Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ як қатор курсантони Академияи ВКД, кормандони ҷавони мақомоти милитсия ва ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» аз ашъори шоирони шинохта Аскар Ҳаким, Бозор Собир, Азиза Давлатшоева ва шодравон Лоиқ Шералӣ дар васфи Ватан ва дороии забони давдатӣ шеърҳои пурмазмун қироат карда, ҳамагонро бори дигар ба маҳбуб доштани Ватан ва арҷгузорӣ ба забони тоҷикӣ даъват намуданд.

Ҳамин тариқ, мудири кафедраи забони тоҷикии Академияи ВКД полковники милитсия Азиза Давлатшоева таъкид дошт, ки бузургдошти забони давлатӣ ин арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллат аст. Ҳар як фарди соҳибзабон бояд забони модарӣ ва ба воситаи он ҳувияти миллиро ҳифз кунад ва гиромӣ дорад.
Дар анҷоми конференсияи илмӣ-амалӣ корманди мақомоти корҳои дохилӣ полковники милитсия Абдулхайри Мумин ғазалеро аз ашъори пурганҷи Хоҷа Ҳофиз бо садову оҳанги дилошӯб замзама намуда, хотири ҷамъомадагонро бори дигар шод гардонид.
Рухшона Шукурова


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад