Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин

Имрӯз (28.09.с.2017), дар доираи баргузории 86-умин Ассамблеяи Генералии Интерпол дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал оварда, бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар Давлатзода Парвиз мулоқот доир намуд.

Зимни боздид аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Вазири корҳои дохилӣ бо ҳайати кормандони Сафорати мазкур ҳамсӯҳбат шуда, барои онҳо як зумра китоб бо забони тоҷикӣ тақдим намуд.
Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои байнидавлатӣ бо кишварҳои ҳаммарз ва минтақа сиёсати дӯстӣ ва ҳамсоягии некро ба роҳ мондааст.
Дар муносибатҳо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин солҳои охир намунаи хуби ҳамкориҳои созанда, самарабахш ва судманд арзи вуҷуд кардааст ва дар ин замина фазои фарохи рушду тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ фароҳам омадааст, ки ин ба нафъи суботу амнияти минтақа мебошад.

Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Давлатзода Парвиз ба Вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати ташриф ва дидорбинӣ аз Сафорат ва ҳайати кормандон изҳори сипос намуд.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика