Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон дар вилояти Суғд

 

Аз 3 то 6 август дар вилояти Суғд бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, таҳти сарпарастии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон, таҳти унвони “Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат” баргузор гардид.

Субҳи рӯзи 3 август меҳмононро ҷавонон ва сокинони ноҳияи Айнӣ дар назди Қасри фарҳанги ноҳия сазовор пешвоз гирифтанд. Намояндагони вазорату идораҳоро инчунин дар шаҳри Истаравшан хуш қабул намуданд. Сипас, ҷавонон ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ба истироҳатгоҳи “20-солагии Истиқлолият” раҳсипор шуданд.
Дар ин доира, дар асоси супоришҳои Ҳукумати мамлакат бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара дар мавзӯи матраҳгардида мизи мудаввар доир гардид.
Дар он намояндагони масъул ва ҷавонону фаъолони ноҳия ширкат варзиданд. Нахуст меҳмононро раиси ноҳия пешвоз гирифт ва мавсуф ҳамчунин дар мизи мудаввар иштирок ва суханронӣ кард.
Дар он аз он ҷумла сардори бахши Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони РВКД дар вилояти Суғд подполковники милитсия Баҳром Сайидзода ва дигар намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ суханронӣ карданд.
Санаи 4-уми август бошад, дар бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷаббор Расулов Форуми аввалини ҷумҳуриявии намояндагони ҷавони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо таҳти унвони “Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат” бахшида ба “Соли ҷавонон” бо баргузории ҷаласаи васеъ ба кори худ шурўъ намуд.

Дар баргузории он раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Комилҷон Салимзода, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва намояндогони масъул, инчунин ҷавонону фаъолони ноҳия ширкат варзиданд.
Раиси ноҳия зимни сухани ифтитоҳии худ қайд намуд, ки маҳз дар замони Истиқлолият баҳри беҳбудии ҷавонон нақшаҳои ҳадафманд амалӣ гардиданд.
Инчунин, дар рафти Форуми мазкур сардори раёсати кор бо ҷавонони кумита ҳозиринро ба “Соли ҷавонон” шодбош гуфта, нерўи зеҳнию ҷисмонии ҷавононро дар ҳама давру замон яке аз омилҳои муҳими инкишофи давлат ва пешбурди ҷомеа донист.
Иштирокчиён дар охир аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии Камоли Хуҷандӣ ва Кохи таърихии «Қасри Арбоб» дидан намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар Форуми мазкур 150 нафар ҷавонон аз тамоми вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои кишвар иштирок намуданд.
Ҳамзамон, дар рўзҳои баргузории он чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, мулоқоту вохўриҳои сатҳи баланд, аксияҳо ва саёҳати иштирокчиён ба мавзеъҳои таърихию сайёҳии вилояти Суғд ва мусобиқаҳои варзишӣ доир гашт.
Абдулло ШОЕВ, нозири калони гурўҳи матбуотии ХПҲНҶ ВКД, капитани милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика