Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз корҳои ободонию созандагӣ дар Муассисаи нақлиётӣ

Имрӯз (02.08.с.2017), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз корҳои ободонию созандагӣ дар Муассисаи нақлиётии Вазорати корҳои дохилӣ боздид ба амал овард.

Зимни шиносоӣ аз таъмиру таҷдиди бинои асосӣ ва иловагии Муассисаи мазкур, Вазири корҳои дохилӣ ҳамчунин аз ҳолати техникӣ ва таъмири автомашинаҳо, устохонаҳо, таваққуфгоҳ ва ҷойи рангу бори воситаҳои нақлиёт дидан кард.
Дар ҷараёни боздид Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба масъулини соҳа ҷиҳати аз таъмири босифат баровардани автомашинаҳои хизматӣ ва ба ин васила таъмин намудани ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ бо воситаҳои нақлиёт як қатор дастуру супоришҳо дод.

Зикр гардид, ки баҳри вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ва омодагӣ ба зимистонгузаронӣ чораҳои мушаххас роҳандозӣ гардида, ҷиҳати захира намудани равғанҳои молиданӣ ва сӯзишворӣ тадбирҳои судманд андешида шаванд.
Гул Маҳбуба, Рухшона Шукурова. 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика