Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили Рӯзи касбии оташнишонон

Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ дар толори Шуъбаи хадамоти давлатии оташнишонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чорабинӣ бо иштироки намояндагони Мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ, муовини сардори Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ полковники хизмати дохилӣ Рабӣ Сафизода, муовини аввали сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Бандализода Бандалӣ Мастибек, роҳбарони сохторҳои низомӣ ва собиқадорони хадамоти мазкур доир гардид.
Нахуст дар саҳни ҳавлии Хадамоти давлатии оташнишонӣ меҳмонон бо таҷҳизотҳои техникии муосири оташнишонӣ аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд.
Чорабинии тантанавиро сардори Шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии РВКД дар ВМКБ полковник Анвар Шолангаров ҳусни оғоз бахшида, ҳайати шахсӣ ва меҳмононро сидқан табрику таҳният намуда, ба онҳо дар фаъолияти хизматӣ барору комёбиҳо таманно кард.
Ҳамчунин мудири бахши маъмурӣ-ҳуқуқии дастгоҳи Раиси ВМКБ Қаландарбек Алихонов ва муовини аввали Раиси шаҳри Хоруғ Ҷума Ҷумаев бахшида ба иди касбии кормандон баромад намуда, ба як қатор кормандони ин хадамот Ифтихорномаҳо ва Сипосномаҳо тақдим намуданд.

Муовини аввали сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Бандализода Б.М. ҳайати шахсӣ, собиқадорони ин мақомот ва меҳмононро аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва РВКД дар ВМКБ ба ҷашни касбиашон табрику муборакбод намуда, қайд кард, ки Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ВМКБ новобаста аз баъзе мушкилиҳои рӯз кору фаъолияти хуб дошта, пайваста барои аз коми оташ наҷот додани одамон, манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ва дигар иншоотҳои муҳим саҳми арзанда мегузоранд.
Дар ҷараёни ин чорабинӣ ҳайати шахсии шаҳру ноҳияҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ВМКБ бо медалҳо, Ифтихорномаҳо, Сипосномаҳо, барои иштироки фаъол дар мусобиқаҳои варзишӣ бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд. Ба собиқадорони Хадамоти давлатии оташнишонии ВМКБ маблағи пулӣ ва ба кӯдакон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар хотимаи чорабинӣ наврасони Кӯдакистони №2 шаҳри Хоруғ бо лаҳни зебо, суруду таронаҳо ва рақсҳои дилписанди худ хотири ҳозиринро шод гардониданд.
Далер Чоршанбиев, капитани милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад