Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Исфара: Тақвият ёфтани ҳамкорӣ бо милитсия

Суҳбату мулоқотҳои ошкорои намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мардум имкон медиҳад, ки мардуми минтақа оиди вазъи оперативӣ-ҷиноии маҳалли зисташон бохабар ва баҳри бартараф кардани ангезаҳои халалдоркунандаи тартиботи ҷамъиятӣ ва унсурҳои ҷинояткор чораҳои саривақтӣ андешанд. Бо ибтикори роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд дар минтақа чунин суҳбатҳои рӯ ба рӯ бо аҳолӣ баргузор гардида, шаҳрвандон аз вазъи ҷиноии маҳалли зисташон хабардор ва дар ин замина барои муборизаи дастаҷамъона алайҳи ҷинояткорӣ ва зуҳуроти номатлуби халалдоркунандаи тартиботи ҷамъиятӣ ҷалб мешаванд.
Мулоқоти озоду ошкоро ва вохӯрии навбатии сардори РВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии шаҳри Исфара ҷиҳати коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар вилояти Суғд, ҳамкории милитсия бо мардум, аз ҷониби роҳбарони мақомотҳо қабули муроҷиат ва арзу дархостҳои шаҳрвандон дар маҳали зисташон, баргузор намудани корҳои маърифативу фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои пешгирикунанда, ки аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, дар қасри фарҳанги «Кимиёгарон» баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ намояндагони масъули мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, раисони ҷамоат ва шаҳраку деҳот, кумитаҳои маҳаллаҳо, имомхатибон, директорони мактабҳо, намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, саноат ва нақлиёт, ҳамчунин ҷавонон ва фаъолони шаҳри Исфара иштирок намуданд.
Ба иштирокчиёни мулоқот, нахуст филми мустанади ҳадафи тарбиявидоштаи «Ворисони Аҳриман», ки аз ҷониби Маркази матбуоти РВКД дар вилояти Суғд омода шуда, аз ҳаёти талхи ҷавонони гумроҳшуда ва тақдири минаъдаи онҳо, ҳадафҳои ғайридинӣ ва ғайриинсони ашхоси бо ҷурми пайвастан ба ҳизбу ҳаракат ва равияҳои ифротӣ боздошттшуда, тақлидкорӣ ба фарҳанг ва тамаддуни ғайр қисса менамуд, ба намоиш гузошта шуд.
Сипас сардори РВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон дар маърузаи хеш оиди масъалаҳои зерин: вазъи содиршавии ҷиноятҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, риоя нагардидани талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», коста гардидани маърифати ҳуқуқӣ, оила ва шаҳрдорӣ, интизоми пасти иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби ноболиғон, тамоюли бегонапарастӣ, вазъи ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракат ва равияҳои тундрави ифротгаро, иштироки онҳо дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи хориҷи кишвар, даст ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин аз қабили одамкушӣ, роҳзаниву ғоратгарӣ ва муомилоти ғаӣриқонунӣ бо маводи нашъадор задани сокинони шаҳр, бо овардани далел ва мисолҳои дақиқ аз рафти тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ бо намоиши слайдҳои тасвирӣ ва видеоӣ суханронӣ намуд.

Ҳамчунин дар рафти мулоқот диққати ҳозирин ба фаъолияти гурӯҳҳои кории амалиёти профилактикӣ ва маърифатии “Маданияти шаҳрдорӣ”, равандҳои ҷаҳонишавии муборизаҳои иттилоотӣ, воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа, ҳифзи арзишҳои миллии фарҳангӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, пешгирии шомилшавӣ ба иттиҳодияву гурӯҳҳои ифротӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ҷалб гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин муовини аввали раиси шаҳри Исфара ҷиҳати титбиқ ва иҷроиши «Барномаи вилоятии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар вилояти Суғд барои солҳои 2016-2017» суханронӣ ва оиди тадбирҳои андешидашудаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти мазкур ҳарф зад. Номбурда ҳамчунин аз робитаи зич ва ҳамкории милитсия бо мардуми шаҳри Исфара ва фаъолияти гурӯҳҳои кории созмондодашуда дар доираи амалиёти маърифатии “Маданияти шаҳрдорӣ” сухан карда, саҳми ду қувваи бузургро дар пешгирӣ ва пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҷомеа назаррас ва муваффақ арзёбӣ намуд.
Дар рафти суҳбати озод шаҳрвандони касбу кори гуногун, имомхатибон, бонувон ва ҷавонони шаҳри Исфара таклифу пешниҳодҳо намуда, таъкид карданд, ки дар решакан намудани хурофоту бегонапарастӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, бартараф кардани камбудиҳо бетараф набуда, саҳми худро мегузоранд. Илова бар ин сокинони шаҳри Исфара омодагии худро барои ҳамкорӣ бо милитсия изҳор доштанд.
Муҳсин Юсупов, лейтенанти калони милитсия. 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад