Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эълон!!!

Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон мерасонад, ки аз 1-ум то 10-уми декабри соли 2018 дар қаламрави ҷумҳурӣ амалиёти «Чароғ» гузаронида мешавад.

Мақсад аз гузаронидани ин чорабинӣ пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ вобаста ба вайрон намудани тартиби истифодабарии асбобҳои равшанидиҳандаи берунии нақлиёт, инчунин беҳдошти ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт мебошад.
Аз ин лиҳоз аз тамоми ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда мешавад, ки пеш аз сафар баромадан ҳолати техникӣ, чароғҳои дурбин ва наздикбини воситаи нақлиёти хешро аз назар гузаронанд. Зеро ин амал барои бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пешгирии садамаҳо, алалхусус дар фасли сармо мусоидат хоҳад кард.
Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика