Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Озмуни коркарди намунаи сару либоси хизматӣ барои кормандони милитсия

 Аз тарафи Вазири корҳои дохилии

 Ҷумҳурии Тоҷикистон                        

 генерал-полковники милитсия        

 Р.Раҳимзода тасдиқ карда шудааст 

 НИЗОМНОМА

оид ба гузаронидани озмуни коркарди намунаи сару либоси хизматӣ ва аломатҳои фарқкунандаи он барои кормандони милитсия, ки тартиботро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ таъмин мекунанд

 БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

  1. 1.Низомнома оид ба гузаронидани озмуни коркарди намунаи сару либоси хизматӣ ва аломатҳои фарқкунандаи он барои кормандони милитсия (минбаъд - Низомнома) мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шудааст.
  2. 2.Ҳуҷҷатҳои асосии ҳимоякунандаи намунаи коркардшавандаи сару либоси хизматӣ инҳо мебошанд:

- Консепсияи коркарди намунаи сару либоси хизматӣ ва аломатҳои фарқкунандаи он барои кормандони милитсия;

- Супориши техникӣ, ки дар он маълумотҳои зарурӣ вобаста ба моҳияти Озмун, самтҳои асосии коркард, талаботҳои меъёрию техникӣ ба маҳсулоти коркардшуда аз ҷониби иштирокчии Озмун мавҷуд аст.  

  1. 3.Мавзӯи Озмуни баргузоршаванда ин коркарди намунаи сару либоси хизматӣ ва аломатҳои фарқкунандаи он барои кормандони милитсия мебошад. Номгӯи маҳсулоти коркардшаванда дар Супориши техникӣ пешбинӣ гардидааст.
  2. 4.Иштирокчии Озмун метавонад дилхоҳ шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ новобаста аз шакли моликият бошад, ки тибқи тартиби муқарраргардида барои иштирок дар озмун ба қайд гирифтааст.
  3. 5.Иштирок дар озмун ройгон аст.

 

БОБИ 2. МУҲЛАТ ВА ТАРТИБИ ГУЗАРОНИДАНИ ОЗМУН

 

  1. 6.Санаи оғози расмии озмун – 5 сентябр соли 2018 мебошад. Дар бораи оғози озмун дар ВАО ва сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар нашр карда шуда, дар он Низомнома, Консепсияи коркарди намунаи сару либоси хизматӣ ва аломатҳои фарқкунандаи он барои кормандони милитсия, Супориши техникӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои ба озмун дахлдор замима карда мешавад.
  2. 7. Номзад пас аз пешниҳод намудани ариза ба унвонии Комиссия иштирокчии озмун эътироф мегардад.
  3. 8.Бо мақсади баҳогузории ҳамаҷониба ба пешниҳодоти иштирокчиёни Озмун Комиссия метавонад ба фаъолияти коршиносони мустақилро ҷалб намояд.
  4. 9.Намунаи сару либоси хизматӣ ва аломатҳои фарқкунандаи он барои кормандони милитсия, ки тибқи талаботи Консепсия ва Супориши техникӣ коркард карда шудааст, аз ҷониби иштирокчиёни озмун ба унвонии Комиссия ирсол карда мешавад.

Муҳлати охирини қабули пешниҳодот 1 октябр соли 2018 мебошад.

  1. 10.Вобаста ба натиҷаҳои аввалияи Озмун Комиссия то 15 октябри соли 2018 қарори дахлдор қабул мекунад.
  2. 11.Аз рӯи намунаҳои интихобшуда ва мувофиқашуда бо ҷалби муаллифи онҳо намунаи таҷрибавии сару либос омода карда мешавад. Муҳлати омода намудани намунаи таҷрибавӣ то 1 ноябри соли 2018.

 

БОБИ 3. НОМГӮ ВА МУКОФОТПУЛИИ ОЗМУН

  1. 12. Ҳангоми баррасии пешниҳодоти иштирокичиёни Озмун аз рӯи Супориши техникӣ ва Консепсия беҳтарин намунаи сару либоси хизматӣ ва аломатҳои фарқкунандаи он барои кормандони милитсия ба назар гирифта мешавад.
  2. 13.Пас аз баровардани қарори расмӣ аз ҷониби Комиссия ба ғолиби Озмун бо фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотпулӣ супорида мешавад.

 

БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

  1. 14.Талабот ба иштирокчиёни озмуни беҳтарин тарҳи сару либос барои кормандони милитсия:
  • Таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соҳаи марбут ба тарроҳӣ ва истеҳсоли либос;
  • Малакаю маҳорат дар соҳаи тартибдиҳӣ ва лоиҳакашии либос;
  • Дониши ҳамаи зинаҳои раванди сохтани намунаи либос, таҳия ва тайёркунии қолибмистар;
  • Дониши бозори мавод ва масолеҳ барои тайёр кардани либос;
  • Бо компютер кор кардан, дониши барномаҳо барои тартибдиҳӣ ва сохтани намунаи либос;
  • Таҷрибаи таҳияи тарроҳӣ – лоиҳаҳои сару либос (ангора);
  • Донистани забони англисӣ қобили қабул аст.  
  1. 15.Масъалаи ҳимояи ҳуқуқҳои муаллиф мувофиқи қонунгузории амалкунандаи ҶТ ҳал карда мешавад.
  2. 16.Баҳсҳое, ки дар ҷараёни гузаронидани Озмун байни ташкилкунанда ва иштирокчӣ пайдо мешаванд, бо роҳи мусолиҳа ҳал карда мешавад. Дар ҳолати ба мусолиҳа наомадани тарафҳо, баҳсҳо тибқи талаботи қонунгузории ҶТ баррасӣ мегарданд.
  3. 17.Ҳангоми аз ҷониби иштирокчии Озмун дархост шудани маълумотҳои иловагӣ вобаста ба гузаронидани озмун, Комиссия дар муҳлати 5 шабонарӯз ба дархости воридшуда ҷавоб мегадонад.

 

Замимаи № 1

         
Номгӯи тақрибии сару либос, ки бояд тарроҳӣ гарданд:

     
    Номгӯи сару либос

  1. 1.Палто (камзӯли гармгиранда) бо гармгираки кушодашаванда

- мардона

- занона

2. Камзӯли тунук ва ё ним боронӣ

      - мардона

      - занона

3. Костюми мардона

- кител

- камзӯл

- шим

   4. Костюми занона

- кител

- камзӯл

- юбка

- шим

- куртаи занона (тобистона)

    5. Куртаи мардона 

- бо остини дароз

- бо остини кутоҳ

   6. Куртаи нимтанаи занона

- бо остини дароз

- бо остини кутоҳ

   7. Ҷемпери трикотажии пашмин

         - мардона

- занона

   8. Кулоҳ (зимистона, тобистона)

         - мардона

         - занона

   9. Пойафзол (зимистона, тобистона)

         - мардона

         - занона

   10. Аломатҳои фарқкунанда (дар китф, дар сина, рӯиостинӣ, кокардаҳо, атфостин)

   11. Лавозимотҳо бо рамзи коргоҳ (зимистон/тобистон)

 

Супориши техникӣ

барои омодасозии тарҳ-лоиҳа, истеҳсол ва расонидани сару либос

Иштирокчии озмун бояд тарзи хоси либоси якхелаи корпоративиро мутобиқи Консепсияи таҳияи тарҳрезии сару либос ва аломатҳои фарқкунандаи кормандони хизмати берунаи милитсияи Тоҷикистон барои намудҳои зерини либоси якхела таҳия намояд:

Намуди либоси якхела

Палто (камзӯли гармгиранда) бо гармгираки кушодашаванда

- мардона

- занона

Камзӯли тунук ва ё ним боронӣ

- мардона

- занона

Костюми мардона

- кител

- камзӯл

- шим

Костюми занона

- кител

- камзӯл

- юбка

- шим

- куртаи занона (тобистона)

Куртаи мардона

- бо остини дароз

- бо остини кутоҳ

Куртаи нимтанаи занона

- бо остини дароз

- бо остини кутоҳ

Ҷемпери трикотажии пашмин

- мардона

- занона

Кулоҳ (зимистона, тобистона)

                - мардона

                - занона

Пойафзол (зимистона, тобистона)

                - мардона

                - занона

Аломатҳои фарқкунанда (дар китф, дар сина, рӯиостинӣ, кокардаҳо, атфостин)

Лавозимотҳо бо рамзи коргоҳ (зимистон/тобистон)

 

Талабот аз рӯи анвои рангҳои сафед, хокистаранг, кабуди торик.

Тарзи хос – функсионалӣ, бо киса ва таркиби барои кор ва нигоҳдорӣ мувофиқ; ба канорҳои каҷу килеб роҳ дода намешавад.

Талабот аз рӯи матоъ:

Барои шим, юбка, куртаи занона, кител ва камзӯл – костюми бо тавъамшавии муносиби % пахта, пашм ва синтетика барои намуди салобатнок, ғиҷимнашаванда, барои дарзмол бароҳат (аз ҷониби иштирокчӣ пешниҳод мегардад)

Барои куртаи нимтанаи занона, куртаҳо, куртаи мардона - пахта бо эластан (маводҳои ҳавогузарониашон бештар).

Барои камзӯли тунук, ним боронӣ - матоъҳои аз шамолу намӣ ҳифзкунандаи бо мембрана пӯшидашуда

Бояд дастрас будани мавод, мувофиқати нарх ва сифати он ба инобат гирифта шавад.

Ҷузъиёти сару либос бояд бо назардошти шароитҳои обу ҳавои ин ё он минтақа бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди кормандони милитсия, ки ҳам дар минтақаҳои дорои иқлими гарм ва ҳам мӯътадил (ноҳияҳои Шаҳритуз, Қабодиён, Бустон ва ғ.) хизмат мебаранд, ҳамчунин дар шароити сард, ки бо сардиҳои вазнин (ноҳияҳои Мурғоб, Дарвоз, Лахш, Айнӣ, Шаҳристон ва ғайра) ба худ хос аст, таҳия карда шаванд.

Маҷмӯа барои кормандони хизматҳои беруна (хадамотҳои роҳбонӣ-дидбонӣ, патрулӣ-дидбонӣ) бояд унсурҳои рӯшноиинъикоскунанда дошта бошанд.

Юбка ва либосҳои занона набояд аз зону баланд бошад.

Пойафзоли занона метавонад дар пошна буда, аммо на бештар аз 4,5 см баланд бошад.

Ҳангоми омода кардани тарҳ-лоиҳа, талаботҳои истеҳсолӣ бояд ба назар гирифта шаванд.

 

Телефонҳо барои тамос: 227-76-39, 934441601

 


 

Консепсияи

таҳияи тарҳи сару либос ва аломатҳои фарқкунандаи кормандони хизмати берунаи милитсияи Тоҷикистон

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

1.1.         Асос барои таҳияи консепсия:

- Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Дафтари САҲА дар Тоҷикистон;

- Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2013, № 1438 тасдиқ шудааст;

- Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014 № 296 тасдиқ шудааст;

- Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (б.10.5);

- Нақшаи чорабиниҳо, ки Вазорати корҳои дохилӣ ва Дафтари САҲА дар Тоҷикистон якҷоя ба имзо расонидаанд, аз 18.04.с.2018;

- Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 507 аз 01.08.2018.

 

1.2.   Иштирокчиёни таҳияи консепсия:

- Гурӯҳи мутахассисони байналмилалӣ-миллии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон;

- Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби хадамотҳои дахлдори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

        

БОБИ 2. МУҚҚАДДИМА.

 

2.1 Муқаррароти амалкунанда.

Айни замон, сару либос, меъёрҳои таъминоти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ чӣ дар давраи осоишта ва чӣ дар замони ҷанг бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳо оид ба беҳтар намудани таъминоти молии хизматчиёни қӯшунҳои дохилӣ, ҳайати шахсии милитсия ва хизмати дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 27.12.с.1997 № 566 тасдиқ гардидаанд, дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармонҳои № 310 аз 12.08.с.1998, № 47 аз 01.02.с.2007 амал мекунанд, ки номгӯи категорияҳои шахсоне, ки ҳуқуқи пӯшидани сару либосро доранд, тавсифи сару либос ва аломатҳои фарқкунанда, меъёрҳои додан ва мӯҳлати доштнокии сару либос, тартиби ҷойгиркунии орденҳо, медалҳо ва аломатҳои фарқкунанда, инчунин тартиби пӯшидани сару либос аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилиро дар худ доранд.

Мутобиқи ин санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, айни замон дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон се намуди сару либос мавҷуд аст: идона (парадӣ-ҷойравӣ), маъмулӣ ва махсус. Сару либоси зимистона ва тобистона (барои мардҳо ва занон), сару либоси ҳайати олии роҳбарикунанда ва сару либоси ҳайати калон, миёна, хурди роҳбарикунанда, қаторӣ, шунавандаҳо ва курсантони муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.

     
2.2 Замина барои таҳияи тарҳи нави сару либос.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилӣ оид ба ислоҳоти милитсияи тоҷикро муттасил тадбирҳо амалӣ намуда, барои ба даст овардани боварии ҷомеа ва дастгирии аҳолӣ, ошкорбаёнӣ ва оммавияти мақомоти милитсия, робита ва ҳамкорӣ бо ҷомеа кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Дар ташаккули симои мусбии милитсия, ба вуҷуд овардани намуди нави иҷтимоии кормандон, махсусан хизмати беруна, ба монанди хадамотҳои патрулӣ-дидбонӣ, роҳбонӣ-дидбонӣ ва нозирони минтақавии милитсия, ки ҳамарӯза ва бевосита бо шаҳрвандон ҳамкорӣ мекунанд, сару либос нақши махсусро мебозад.

Мавҷудияти сару либос яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи кормандони милитсия мебошад, ки ба шаҳрвандон барои дуруст муайян намудани тааллуқ доштани онҳо ба фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ имкон медиҳад.

Намуди зоҳирии корманди милитсия бояд ба шаҳрвандон эҳтиром ва эътимод ба ҳифзи ҳаёт, саломатӣ, моликият, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунӣ диҳад. Далели дар хизмат будани кормандони хизмати беруна бо сару либоси дахлдор дар кӯчаҳо ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ худ аллакай шаҳрвандонро боинтизом менамояд, аксар вақт дар пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо нақши ҳалкунанда мебозад.

Талаботҳои асосӣ ҳангоми таҳияи сару либоси кормандони хизмати берунаи милитсия дар кӯшиши бароҳатии ҳаддалимкони либос, қулай ва ҳаматарафа шинам будани он ифода меёбад. Тарҳи сару либос бояд аз нуқтаи назари эстетикӣ, бароҳатӣ дар пӯшидан ва басарфагии истеҳсолии он ҳаддалимкон дида баромада шавад.

Бо шарофати намуди зоҳирии корманди хизмати берунаи милитсия, омилҳои шахсиятӣ (инсонӣ), муносибати бодиққатона ба шаҳрвандон, чунин принсипҳо ба мисли дастрасӣ, шаффофият, наздик гаштан бо ҷомеаи шаҳрвандӣ амалӣ карда мешаванд.

Вазифаи асосӣ - ин ба вуҷуд овардани дарки фасеҳи кормандони милитсия ҳамчун кордону корозмуда ва боварибахш, ки намуди зоҳириаш бояд дар бораи ошкорбаёнӣ ва дастрасии тамоми милитсия дар маҷмӯъ маълумот дода, ҳисси боамн будан ва эътимодро кафолат диҳад. Сару либоси нави кормандони милитсия бояд мояи ифтихор ва эҳтироми на танҳо худи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, балки барои шаҳрвандони кишвар низ бошад.

 

БОБИ 3. ТАЪРИФИ МАФҲУМИ "САРУ ЛИБОС".


Сару либос – ин либосе, ки бо он кормандони мақомоти корҳои дохилӣ - шахсони ҳайати роҳбарикунанда ва қаторӣ тибқи рутбаҳои махсуси ба онҳо додашуда, инчунин шунавандаҳо ва курсантони муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, афсарони дар эҳтиёт қарордошта ва ба истеъфо баромада, ки ҳуқуқи пӯшидани сару либосро доранд, таъмин карда мешаванд.

Сару либос вобаста ба тааллуқ доштан ба ҳайати олии роҳбарикунанда ва ё ҳайати калон, миёна, хурди роҳбарикунандаи ва қаторӣ фарқ мекунад.


         
   БОБИ 4. ПРИНСИПҲОИ АСОСИИ ТАҲИЯИ ТАРҲИ САРУ ЛИБОС

 

4.1. Мавзӯи таҳия.

         Таҳия намудани сару либоси нав барои кормандони хизмати берунаи милитсия амалӣ карда мешавад:

- барои ҳайати калони роҳбарикунанда;

- барои ҳайати миёнаи роҳбарикунанда;

- барои ҳайати хурди роҳбарикунанда;

- барои ҳайати қаторӣ.

Маҷмӯи сару либос таҳия карда мешавад:

- зимистона, тобистона, барои давраи гузариш;

- идона (парадӣ-ҷойравӣ), маъмулӣ, махсус;

- мардона ва занона.

Ба ғайр аз маҷмӯи сару либос, аломатҳои фарқкунанда ва дигар ҷузъиёти он таҳия карда мешавад.

 

4.2. Маҷмӯӣ будани сару либос.

Номгӯи либосҳо.

Маҷмӯи тақрибии сару либос, пуррашавӣ ва ҷузъиёти он дар Замимаи №1 оварда шудааст.

Дар таҳияи сару либос хусусиятҳои иҷрои ӯҳдадориҳои вазифагии кормандони хизмати берунаи милитсия, ки дар аксари вақти корӣ берун аз биноҳо қарор доранд, шароити иқлимӣ, инчунин вақти қарор доштанашон дар минтақаҳои маҳалли мунаввар набуда (хадамотҳои роҳбонӣ-дидбонӣ ва патрулӣ-дидбонӣ) бояд ба инобат гирифта шаванд.

 

4.5.Талаботҳои техникӣ-гигиенӣ.

 

Талаботҳои техникӣ-гигиенӣ барои сару либоси таҳияшуда, аломатҳои фарқкунанда ва маводҳои истифодашаванда аз ҷониби Супориши техникӣ ба таҳияи тарҳи сару либос муайян карда мешаванд.

    БОБИ 5. МАРҲИЛАҲОИ АСОСИИ ТАҲИЯИ ТАРҲИ САРУ ЛИБОС ВА АЛОМАТҲОИ ФАРҚКУНАНДАИ КОРМАНДОНИ ХИЗМАТИ БЕРУНАИ МИЛИТСИЯ

 

- Таъсиси Комиссияи озмунӣ;

- Таҳияи ҳуҷҷатгузории озмунӣ (Низомнома дар бораи Озмуни миллӣ, Супориши техникӣ);

- Эълони расмии Озмуни миллӣ;

- Мувофиқаи ангораи ғолиби Озмуни миллӣ бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Тайёр кардани намунаҳои сару либос, аломатҳои фарқкунанда ва лавозимоти кормандони хизмати берунаи милитсия;

- Пешниҳоди намунаҳои сару либос, аломатҳои фарқкунанда ва лавозимоти таҷрибашуда ба Вазири корҳои дохилӣ барои тасдиқ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида.

 


    БОБИ 6. НАТИҶАҲОИ ИНТИЗОРРАВАНДА АЗ ТАҲИЯИ ТАРҲИИ САРУ ЛИБОСИ НАВ

 

Дар охир, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст овардани ҷамъи намунаҳои сару либоси нави кормандони хизмати берунаи милитсияро ба нақша мегирад.

Вазифаи асосии таҳия - ин ба вуҷуд овардани дарки фасеҳи кормандони милитсия ҳамчун кордон, боварибахш, ки намуди зоҳирӣ бояд дар бораи ошкорбаёнӣ ва дастрасии тамоми милитсия дар маҷмӯъ маълумот дода, ҳисси боамн будан ва эътимодро кафолат диҳад.

 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика