Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Озмунҳои «Забономӯзӣ», «Мақолаҳои беҳтарин» ва «Мутолиаи китобҳои бадеӣ»

184Вазорати корҳои дохилӣ озмунҳои «Забономӯзӣ», «Мақолаҳои беҳтарин» ва «Мутолиаи китобҳои бадеӣ»-ро эълон менамояд.

Аз он ҷумла, байни ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон то синни 35-сола озмуни аз худ намудани забонҳои хориҷӣ барои шахсоне, ки пеш ин забонҳоро азхуд накардаанд, эълон карда мешавад.
Довталабон метавонанд дар муддати се моҳ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ (англисӣ, русӣ, арабӣ, испанӣ, фаронсавӣ, хитоӣ, немисӣ) машғул шаванд.
Ҳамчунин бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» озмуни «Мақолаи беҳтарин» дар байни ҷавонони боистеъдод эълон карда мешавад.
Мақолаҳо бояд мавзӯъҳои ватандӯстӣ, ободии диёр, корҳои созандагию бунёдкорӣ, манзараҳои нотакрор, ҷойҳои тахрихӣ, саёҳӣ, табиати зебо, чашмасорон, кӯҳу дарёҳо, боғҳои навбунёд, расму анъанаҳо ва ҳунарҳои мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистонро фарогир буда, равону ҷолиб бошанд.
Иштирокчиёни озмун метавонанд мақолаҳои худро бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод намоянд. Ҳамзамон мақолаҳои пешниҳодгардида дар сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилӣ, ҳафтаномаи соҳавии «Қонун ва ҷомеа» ва дигар маҷаллаҳо дарҷ карда мешаванд.
Дар ин радиф дар байни ҷавонону наврасон озмуни «Мутолиаи китобҳои бадеӣ» дар айёми таътили тобистона эълон карда мешавад.
Нафароне, ки дар ин муддат на кам аз 10 китоби бадеиро мутолиа мекунанд, ҳангоми ҷамъбасти озмун номгӯи китобҳои хондаашонро пешниҳод намоянд.
Озмунҳои мазкур 1 октябр дар арафаи Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст мегарданд.
Барои ишғоли ҷойи аввал дар озмуни «Забономӯзӣ» маблағи пулӣ муқаррар гардидааст.
Ҳамаи ғолибони озмунҳои зикргардида бо тӯҳфаҳои қимматнок, медал, Ифтихорнома ва Сипосномаҳо сарфароз гардонида мешаванд.
Телефонҳо барои тамос: 227-21-24, 223-23-31, 919-99-77-22, 919-81-86-66, 93-992-00-00, 93-410-36-10, 93-922-84-64, 987-58-18-02, 93-919-06-76
Суроғаҳои электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. , Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика