Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЭЪЛОН! Қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мерасонад, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баланд бардоштани нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ва дар доираи ислоҳоти милитсия бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории зич бо аҳолӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ, саривақт ва объективона баррасӣ намудани муроҷиатҳо ва хабарҳо аз ҷониби сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Ҳафиззода Шодӣ Хуршед қабули бевоситаи сокинони вилояти Суғд санаи 19 майи соли 2018 доир мегардад.

Шаҳрвандон метавонанд вобаста ба масъалаҳои ҳалталаб ва мушкилоти худ вобаста ба самтҳои фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат намоянд.
Суроға: шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Гагарин -1, тел.: (факс): 8-3422-645-52. Оғози қабул: аз соати 07-00.
Кафолати ҳимояи шахсӣ ва хабардор намудани муроҷиаткунанда аз натиҷаи баррасии масъала, таъмин карда мешавад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика