Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эълони конференсия дар мавзӯи «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»

164Роҳбарияти факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, саҳмгузорӣ ба рушду инкишофи фарҳангиву маънавӣ ва илмӣ барои дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар доираи Нақша-чорабиниҳо тасмим гирифтааст, бо ҷалби васеи олимону муҳаққиқони ҷавон Конференсияи илмӣ – назариявии ҷумҳуриявиро дар мавзӯи «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», санаи 25-уми апрели соли 2018, соати 10:00 баргузор намояд.

Матни маърӯзаҳо ва мақолаҳо дар самти илмҳои гуманитарӣ ва ҳуқуқӣ то санаи 20-уми апрели соли 2018 дар ҳаҷми 5 саҳифаи чопӣ бо шрифти Times New Roman Tj андозаи 14, интервали 1,15 тариқи чопӣ ба факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё тариқи почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. қабул гардида, нашр карда мешаванд.
Телефонҳо барои тамос: 92 705 32 23 ва (83422) 20804


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика