Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бонувони ҳамкасб фахри моянд!

114

Фаъолияти занон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти халқ натиҷаи сиёсати хирадмандони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки бо кору пайкори худ бонувон сохторҳои гуногуни давлативу ғайридавлатиро боз ҳам пешрафта мегардонанд. Аз ҷумла, бо хизмати садоқатмандонаву намунавии худ зан-модари тоҷик дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ паҳлӯ ба паҳлӯ бо мардон масъулияти ба зимаи милитсия вогузор гардидаро сарбаландона иҷро менамоянд, ки бемуҳобо фахри мост. 
Яке агар дар пайравӣ бо волидайн ин касби пуршарафро интихоб намуда бошад, дуюмиро муҳаббат ба либоси низомӣ ё эҳсоси эҳтироми мардум нисбат ба корманди милитсия сӯи ин ҷода овардааст. Воқеан орзуву ҳавасҳост, ки инсонро барои интихоби касб ҳидоят мекунад.
Дар арафаи ҷашни Рӯзи модар чакидае аз саҳифаи рӯзгори милитсионерзанҳои масъулиятшиносу матинирода, ки дар сафи мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд фаъолият доранд, арзи эҳтирому самимияти мо нисбати тамоми дорандагони ин касб аз ҳисоби бонувон аст.
Майори милитсия Абдусамадзода Элзара Абдуқаҳҳор сардори хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ШВКД дар шаҳри Конибодом аст, ки наздик 24 соли тақвимӣ дар сафи хизматчиёни мақомоти милитсия адои вазифа менамояд. Чигуна тақдир ӯро ба ин соҳа овард нахустин саволе буд, ки дар посух муҳаббати беандоза ба касбро шунидем. Ҳарчанд дар оилаи онҳо касе шахси низомӣ набуд, аммо ҳанӯз аз овони мактабхонӣ, ки ба даврони Иттифоқи Шӯравӣ рост меояд, фаъолияти хизматии ҳамсоя, корманди кофтуковӣ ҷиноятиро дида орзӯи корманди милитсия шуданро дар дил мепарварид. Ба гуфти Э.Абдусамадзода ин завқу хоҳиши кӯдакона сол ба сол устувортар гардида, ахиран амалӣ гаштааст, ки аз чунин интихоб пушаймон нест.
Соли 1995 баъди хатми мактаби миёнаи №1 шаҳри Конибодом ҳуҷҷатҳояшро ба Мактаби олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида, соли 1999 бомуваффақият онро хатм менамояд ва бо рутбаи «лейтенанти милитсия» кори амалияшро дар вазифаи ваколатдори оперативии кор бо ноболиғони шуъбачаи ковтукови ҷиноятии ШВКД дар шаҳри Конибодом оғоз намудааст. Хушбахтии оилавиро низ дар ҳамин сохтор ёфта бо ҳамкасби худ, ки як зина болотар дар Мактаби милитсия таҳсил менамуд хонадор ва соҳиби ду фарзанди дустрӯ мебошад.
Мавсуф давоми фаъолияти хизматӣ дар вазифаҳои ваколатдори оперативӣ, нозири кор бо ҳайати шахсӣ, нозири ХПҲНҶ, ёрдамчии сардори ШВКД хизмати бенуқсон намуда, зина ба зина ба вазифаҳои роҳбарикунанда сазовар гаштааст. Фаъолияти хизматии ӯ танҳо дар ШВКД-и шаҳри Конибодом маҳдуд набуда, солҳои гуногун дар шуъбаҳои ВКД дар шаҳрҳои Истаравшан ва Исфара низ новобаста аз он, ки аз оила дур бошад заҳмат кашида, қавииродагӣ ва меҳнатдӯстиро нишон додааст. Ва аз соли 2014 инҷониб сардори ХПҲНҶ ШВКД дар шаҳри Конибодомро ба уҳда дорад. Дорандаи нишонҳои сарисинагии «Барои хизматҳои аъло дар ВКД», «85-солагии милитсияи тоҷик», «Барои хизмати шоён» буда чандин маротиба бо Сипоснома ва Ифтихорномаҳои роҳбарияти ВКД қадршиносӣ шудааст.
115Шогирдони зиёдеро тарбия намудааст, ки имрӯзҳо мустақилона уҳдадориҳои касбиро дар сафи милитсия иҷро менамоянд.
Элзара Абдусамадзода ҳамчун модар дар баробари тарбияи фарзандон, дар таълиму тарбияи ҳуқуқии ноболиғону ҷавонон саҳмгузор аст. Амали некеро иҷро менамояд, ки самараи он насли солимро ба камол мерасонад.
Қаҳрамони дигари мо нозири калони ШТН Раёсати ВКД дар вилояти Суғд майори милитсия Ҷалолова Мавзуна Исломовна зодаи шаҳри Истаравшан мебошад. Дар муҳите ба воя расидааст, ки аз мушкилот ва фаъолияти ғайриреҷавии мақомоти милитсия огаҳӣ дорад. То ҳануз бо як эҳсосот қисса менамояд, ки чигуна ӯ ва хоҳару додаронаш интизорӣ мекашиданд, ки аз кор омадани падарашро истиқбол гиранд. Фуражкаи падарро ба сар гузошта тартибу низомро дар муҳити хона ҷорӣ менамуд.
Ислом Ҷалолов подполковники милитсия - падари Мавзуна солҳои тӯлонӣ дар сафи милитсия хизмат намуда соли 2006 ҳангоми иштирок дар амалиёти дастгирнамоии аъзоёни гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар шаҳри Исфара қаҳрамонона ба ҳалокат расидааст ва баъди марг ба ӯ «Ордени Спитамен дараҷаи 2»-ро сазовор донистанд.
Майори милиитсия Мавзуна Ҷалолова иброз медорад, ки дилбастагӣ ба касб аз хурдсолӣ дар қалбаш маъво гирифтааст. Ҳангоме, ки ҳамроҳи падарам ба кӯча мебаромадем, мардум он касро хело эҳтиром мекарданд. Пайрави касби падар шуда Академияи ВКД-ро соли 2009 хатм намудам. Акнун дарк мекунам, ки эҳтироми мардум нисбати падарам дар натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ ба даст омодааст.
Мавсуф таҷрибаи 10 солаи фаъолият дар Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дошта, бо назардошти таҷрибаи хуби корӣ соли 2018 ӯро ба вазифаи пурмасъули шуъбаи ташкилӣ-нозиротӣ таъин намуданд.
Бар замми оиладорӣ ва тарбияи се фарзанд Мавзуна Ҷалолова дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар сафи милитсияи Суғд аз мардон кам намеояд.

116

Хурсандибахш аст, ки милитсионерзанҳои тоҷик дар баробари модару тарбиятгар будан вазифаи мардонаро сарбаландона иҷро намуда, ҳисси баланди масъулиятшиносиву ватандӯстиашон онҳоро дар ҷодаи интихоб намуда муваффақ намудааст. Бигзор сафи ингуна занони низомипӯши вафодор ба сарзамин аз ин ҳам бештар шавад. Дар ҳақиқат бонувони ҳамкасб фахри моянд!

Акбар Шарифов, капитани милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика