Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ваҳдати миллӣ – пойдевори ҳама хушбахтиҳо ва ташаккулдиҳандаи руҳу равони солим

 

193

Ба озмун

«Ваҳдати миллӣ ё ягонагии миллӣ ин худро ба сифати як ҷузъи миллат амиқан дарк кардан, ҳифзи онро вазифаи шахсии худ ва тамоми ҷомеа донистан, дар роҳи тадбиқи марому мақсадҳои миллат саъй кардан аст».

Эмомалӣ Раҳмон

Суханони ҷовидонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо ҷавонон арзишмандтарин андеша баҳри ҳимояи арзишҳои олии давлатию миллӣ ба шумор меравад. Ин марди асил тавонист ҳисси баланди ватандӯстиро дар дили имрӯзу фардои миллат ҷойгузин намояд.
Зикри дили ман ҳамеша номи Ватан аст,
Авроди забони ман каломи Ватан аст.
Ман васоффи ишқи ватани маҳбубам,
Феҳристи китоби ман мароми Ватан аст.
Миллати тоҷик ҳамчун мардуми сулҳпарвар ва сулҳшинос дар тули таърих омада расидаанд. Муҳаббати инсонӣ, дӯстдории оила, ҳамзабон ва ҳамсоя дар умум мардуми рӯи сайёраро мутаваҷеҳ сохтанд. Имрӯз сарбаландона давлатдорӣ менамоянд. Доштани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ин худ заминаи мусоиди пешрафту тараққиёт ҳисобида мешавад, зеро нооромии миллат мушкилиҳои ҷиддиро дар пешгоҳи роҳи оянда ва хушбахтиҳо мегузорад. Ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ин худ таровату хушҳолӣ зам намудан ба руҳияи миллати мо буд, ки метавон сарчашмаи раҳоӣ ёфтан аз мушкилотҳо шинохта шавад.
Ваҳдати миллӣ барои фатҳи қуллаҳои бузурги созандагию бунёдгузорӣ нақши муассир дорад, метавон аз арзишмандтарин дастовардҳо барои камолоти илмию мадании насли наврасу ҷавон, ки соҳибдавлатони оянда ба шумор мераванд ёдовар бигардем. Дар воқеъ басанда аст, шароити мусоиди донишандӯзӣ мутобиқ бо стандартҳои байналмилалӣ ва ҷавобгӯ ба талаботҳои бозори меҳнат дар замони муосир. Табдил ёфтани Пойтахти кишвар ба маркази илму маърифат ва дорои муосиртарин шароити таҳсил бо ҷалби донишҷӯёни хориҷ аз кишвар.
Саҳифаҳои васоити ахбори омма таҳқиқотҳои нав ба навро ба мо ошно месозад, метавон гуфт, ки ягона роҳи расидан ба қуллаҳои баланди давлатдорӣ ин пеш аз ҳама мавҷудияти осоишатагӣ ба шумор меравад, миллати моро беназир нишон медиҳад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар аксарияти давлатҳои сайёра мушкилотҳои ҷиддиро аз сар мегузаронанд, ки ҳаёти осоиштаро тақозо мекунанд. Дар воқеъ марҳилаҳои гуногуни ифрортгароиҳои хушунатомез мардумро пойбанд гардонидааст. Сарфи назар аз ҳама равандҳои тунду нооромкунанда Ҳукумати Ҷумҳурӣ ҳимояи марзу бум, таъмини осоиштагӣ ва пешрафти афзалиятнокро маҳфуз медорад.
Дар тӯли беш аз 20 соли ба даст оварии ин неъмати бузург назар афканем зина ба зина комёбиҳо ва дастовардҳои назарраси давлатдорӣ насиби мардуми мо гаштааст, ки тараққиёти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла соҳаи тандурустӣ, ки афзалиятҳои бешуморо насиб гаштааст, нигоҳи моро ба оянда ва зиндагии арзанда нек мегардонад.
Имрӯз мо равандҳои тезу тунд ва хатарофари ҷаҳонишавиро сарфи назар карда наметавонем, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатдории навини худро мутобиқ ба тамоми стандартҳои байналмилалӣ ва сиёсати дарҳои кушодро дар пеш гузоштааст пешрафта ва ҷавобгӯ мондани худро таъмин месозад, сохта ба истифода дода шудани роҳҳо, омӯзишгоҳҳои миёна, олии нопурра ва олӣ ҳамзамон инкишофи инфрасохторҳои заводу корхонаҳо, саноатикунонии мамлакат раванди рушди таъминот бо технологияи муосир далели гуфтаҳост. Ҷавобгӯ ба воя расидани мутахассисони соҳаҳои мухталифи кишвар аз ҷумла мутахасисони баландпоя донандаи забонҳои дар арсаи байналмиллалӣ истифодашаванда, дорои маҳорати баланди истифодабарии технологияи замони муосир, ки барои расидан ба ҳадафҳои олии кишвар даст медиҳад аз мо пеш аз ҳама донишу маҳорати касбӣ ва ватандӯстии асилро талаб месозад.
Бояд гуфт, ки барои мо ҷавонон пеш аз ҳама ташаккули руҳу равони солим ва парвариши ҳиссиётҳои наҷиби ватандӯстию хештаншиносӣ зарур аст. Мо дар ин ҳол метавонем, бо дасту дилу нияти пок роҳи ояндаи хешро равшан гардонем, то фарзандони асил, хештаншиносу ватанпарвар ба халқу ватани худ содиқ бимонем. Бодарназардошти ташаккули чунин ғояҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020-ро қабул намуд, ки ба талаботи замон зарурати ҷиддӣ дошт. Имрӯзҳо амалишавии барномаи мазкур саҳми бузурги худро гузошта истодааст ва метавон аз рӯи тазодҳои дар боло қайд гардида яке аз дастоварди муҳими барномаро, ки барои наврасону ҷавонон дастрас гардидааст сохта ба истифода додани майдончаҳо ва толорҳои варзишӣ баҳри солимии ҷомеа ва пешгирикунандаи бемориҳои гуногун ва одатҳои номатлуби миёни наврасону ҷавонон паҳнгардида, боиси таҳсин аст. Мо дар доираи ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд», «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ» ва дигар барномаю дастурҳо метавонем саодати рӯзгор ва ояндаи некро ба даст оварем.
Ватани биҳиштосо, дорои таъриху тамаддуни ҷаҳонгир мардуми садоқатпеша, фарзандони фарзонаю ҷаҳонпарвар насиби мо гаштааст, ки боиси шукргузорӣ аст.
Шоири хушзавқ гуфтааст:
Ватан масъули ҳифзи хокат ҳастам,
Ливобардори номи покат ҳастам.
Бувад ором марзу мардумат шод,
Диловар аскари бебокат ҳастам.

Адабиёт

1. Муҳаммад Ҳиҷозӣ «Ҳазор сухан» нашриёти «Ирфон», 1992.
2. Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, 2017 «ҶДММ Контрас»

Сафаралиев БОБОҶОН – корманди Маркази тарҷумаи адабиёт ва истилоҳоти соҳавӣ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика