Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақриз ба нашри Дастури амалӣ «Харидории санҷишии оперативии воситаҳои нашъадор»


Тақриз
ба нашри Дастури амалӣ
«Харидории санҷишии оперативии воситаҳои нашъадор»-и Вазири корҳои дохилӣ,
номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия
Раҳимзода Р.Ҳ.


Дар қатори дигар ҷиноятҳои махсусан вазнин гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, ки имрӯзҳо миллионҳо нафар аз он ҷабру ситам кашида истодааст ва боиси нигаронии давлатҳои абарқудрати дунё гаштааст ва тақозои онро мекунад, ки тарзу усули роҳҳои нави мубориза бо ин вабои асрро барасӣ намоем. Ин ҷо дар бораи Дастури амалӣ «Харидории санҷишии оперативии воситаҳои нашъадор», ки ба қалами Вазири корҳои дохилӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро тааллуқ дорад ва намуди чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ харидории санҷишии оперативии воситаҳои нашъадорро дар бар мегирад гуфтаниям, ки оиди дар амал татбиқ намудани ин чорабинӣ айни замон баҳсу мунозираҳои мухталиф ба миён меомад ва дар аксари ҳолатҳо садди роҳи кормандони оперативии дар ин самт фаъолият намуда мегардид.
Ба ҳамагон маълум аст, ки дастгир кардан ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани ашхосе, ки ба гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор машғул аст, кори саҳлу осон набуда маҳз бо тариқи дуруст амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба даст оварда мешавад. Таҳлилҳои ин самти фаъолият дар ҷумҳурӣ нишон медиҳанд, ки 90% ҷиноятҳо бо роҳи оперативӣ кушода мешаванд.
Мутаасифона, имрӯзҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар гузаронидани ин намуди чорабинӣ, харидории санҷишии оперативии воситаҳои нашъадор ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ мегарданд. Айни замон байни кормандони мақомоти судӣ, мақомоти назоратбаранда (прокуратура), дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ фаҳмиши ягона дар бораи моҳияти харидории санҷишии оперативии воситаҳои нашъадор, мазмун ва тартибу тактикаи гузаронидани ин чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯии муҳим, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои харидории санҷишии оперативии воситаҳои нашъадор ба мақомоти таҳқиқ, тафтишот, суд мавҷуд нест.
Дастури амалӣ, ки онро Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро вобаста ба харидории санҷишии оперативии воситаҳои нашъадор пешкаши хонандагон гардонидааст ва Шумо аз аввалинҳо шуда бо ин Дастури амалӣ дар сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ шинос шуда истодаед. Бояд гуфт, ки дар ин дастури амалӣ барои кормандони оперативии мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ (МАФОҶ)харидории санҷишии оперативӣ воситаҳои нашъадор аз ҷониби муаллиф тамоми паҳлӯҳои қонунии он баррасӣ карда шудааст, ки дар оянда метавон гуфт, ки дастури рӯимизии на танҳо кормандони оперативии мақомоти корҳои дохилӣ, балки барои истифодаи васеъи кормандони оперативии (МАФОҶ) низ буда метавонад.
Қайд намудан зарур аст, ки муаллиф дар нашри қаблии китобҳои дарсӣ оид ба фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳама паҳлӯҳои масъалаи мазкурро дақиқ таҳлил намуда бошад ҳам, тағйироти ҳамарӯзае, ки дар самти қонунгузорӣ дар кишвар ба амал омада истодаанд, тақозо менамоянд, ки фаъолияти ҳамарӯзаи кормандони мақомоти қудратӣ маҳз дар асоси қонунгузорӣ амалӣ карда шавад. Махсусан масъалаи ҳуқуқу манфиатҳои инсон ва шаҳрванд ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар намуди чорабинии харидории санҷишии оперативӣдар нашри Дастури амалии «Харидории санҷишии оперативии воситаҳои нашъадор» пурра дарҷ гаштаанд.
Мантиқи омӯзиши ҳамагуна илм тақозо менамояд, ки пеш аз ҳама, аҳамият ва муҳимияти омӯзиши он асоснок карда шуда, вазифа ва принсипҳои он муайян карда шаванд. Аз ин рӯ, муаллиф ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода, бо риояи ин қоидаи муҳими таҳқиқоти илмӣ онро чуқуру ҳаматарафа таҳлилу асоснок намудааст.
Маълум аст, ки сол то сол ҷинояту ҷинояткорӣ ба худ хусусияти хос касб намуда истодааст, ки ин аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дониши амиқу малакаи хуби кориро талаб менамояд.
Муҳимияти таҳлили ин ҷанбаи фаъолияти оперативӣ дар он аст, ки айни замон бо назардошти рушди технологияҳои иттилоотӣ имконияти васеи такмили фаъолияти оперативӣ дар ин самт пеш омадааст. Аз ин рӯ, дар ин самт, таҳлили пешниҳоднамудаи муаллиф метавонад барои ташкили фаъолияти самараноки кормандони оперативӣ ва боло бурдани савияи дониши онҳо мусоидат намояд. Аз ҳамин сабаб бо чунин тарзи содда, фаҳмо ва мутобиқ ба Қонунҳои амалкунанда таҳлил намудани ин масъала, яъне харидории санҷишии оперативии воситаҳои нашъадор яке аз дастовардҳои муаллиф ба ҳисоб меравад.
Бухориев М.Ғ., мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ, полковники милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Лоиҳаи Кодекси одоби корманди политсия


Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои Муфассал >>>

Лоиҳаи Қонун дар бораи политсия


Қонуни мазкур мафҳумҳои асосӣ, сохтори ташкиливу ҳуқуқӣ, самтҳои асосӣ ва принсипҳои фаъолият, сохтори политсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавқеи он дар низоми мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ҳамкорӣ бо ҷомеа, тартиби қабул Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад