Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

7 декабр - Рӯзи кормандони мақомоти молия

Низоми дурусти корбарӣ василаи расидан ба ҳадафҳост!

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи сохторҳои муҳими қудратӣ ба шумор рафта, аз замони таъсисёбӣ то ба имрӯз бо мукаммал гардидани ҷузъу томҳояш ба як ниҳоди пуриқтидор мубаддал шудааст.
Дар баробари пешрафти дигар ҷузъу томҳои ин сохтор, Раёсати молиявӣ-иқтисодии (РМИ) он низ аз як шуъбача ба яке аз раёсатҳои муҳими мақомоти корҳои дохилӣ табдил ёфтааст. Таърих гувоҳ аст, ки агар ба фаъолияти гузаштаи раёсат таваҷҷуҳ намоем, саҳифаҳои таърихӣ таъсисёбии онро ба соли 1925 нишон медиҳанд. Солҳои аввали фаъолият Раёсати молиявӣ-иқтисодии ВКД ҳамчун Шуъбаи молиявии Комиссариати халқии корҳои дохилӣ, баъдан ҳамчун Шуъбаи молиявии ВКД фаъолият намудааст.

Пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари мукаммал гардидани дигар вазорату сохторҳои қудратӣ ва корхонаву идораҳои давлатӣ, сохтори Вазорати корҳои дохилӣ низ бо раёсату ҷузъу томҳо, аз ҷумла РМИ мукаммал ва низомномаву оинномаи он таҳия гардид.
Тибқи Фармони Вазорати корҳои дохилӣ аз 20-уми январи соли 2000 таҳияи низомномаву оинномаи РМИ сурат гирифта, аз 22-юми апрели соли 2002 бо мақсади таъмини дурусти фаъолияти молиявии ВКД Низомнома дар бораи РМИ тасдиқ шуд.
Аз маводҳои бойгонии РМИ то ба имрӯз маҳфузмонда бармеояд, ки роҳбарии раёсати мазкурро солҳои 40-уми асри гузашта лейтенанти калони бехатарии давлатӣ Симонов, сипас солҳои 1955-1960 подполковник Қулдиев ба зимма доштанд. Инчунин, дар пешрафти самти фаъолият ва ташаккули ин ниҳоди муҳими ВКД мутахассисони маҳаллӣ, аз қабили полковники хизмати дохилӣ Ашрапов Т.А., полковники хизмати дохилӣ Ғозиев С.Ғ., полковники хизмати дохилӣ Қаюмов В.Қ., генерал-майори милитсия Маҳмадшозода Шералӣ Азам, ки онро роҳбарӣ намудаанд, саҳми арзанда гузоштаанд.

Имрӯз роҳбарӣ ва дуруст ба роҳ мондани низоми корбарии Раёсати молиявӣ-иқтисодии Вазорати корҳои дохилиро полковники милитсия Раҷабзода Шариф Раҷаб ба уҳда дошта, ҳайати шахсии раёсат доираи васеи масоили гуногуни молиявӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию маишии самти фаъолият, масъалаҳои маблағгузории меҳнат ва музди маоши ҳайати шахсии мақомот, ҳисобдорӣ, ҳисоботдиҳӣ, самти назоратӣ-тафтишотии маблағгузориҳои бахшҳои молиявӣ-хоҷагидории ҷузъу томҳо ва воҳидҳои мақомоти корҳои дохилӣ, тафтишоти лоиҳаҳои гуногун, харҷномаҳо, таъмини нафақа ва амсоли инҳоро баррасӣ ва дар ҳамоҳангӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.

Роҳбарият ва ҳайати шахсии раёсат Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017", Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳисоботи муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ", "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ", "Дар бораи милитсия", Низомнома "Дар бораи назорати молиявии идорӣ дар низоми ВКД" ва Дастурамал "Дар бораи тартиби гузаронидани тафтиши ҳуҷҷатгузории фаъолияти молиявӣ" ва дастурамалҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро асоси пешбурди фаъолияти хизматӣ қарор дода, дар партави ин санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ҷиҳати таъмин намудани хизматрасонии иҷтимоӣ-маишии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ низоми дурусти хизматиро ба роҳ мондаанд.
Бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати кормандони милитсия ва саъю кӯшишҳои шабонарӯзии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро имрӯз шароитҳои хизматӣ, иҷтимоиву маишии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамаҷониба муҳайё гардида, дар ҷавоб ба ин дастгириҳо бояд ҳар як корманди ин воҳиди бонуфузи мақомот вазифаҳои дар наздаш гузошташударо бо масъулияти баланд иҷро намояд.
Роҳбарият ва ҳайати шахсии раёсати мазкур вазифаю уҳдадориҳои хизматии дар наздашон гузошташударо, аз қабили:
- таҳияи лоиҳаи сметаҳои даромад ва хароҷоти ҷузъу томҳо ва баҳисобгирии онҳо;
- таҳияи харҷномаҳои ҷамъбастии хароҷот барои таъмини мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои гуногуни он, инчунин тибқи қонунгузории мамлакат ҳамоҳанг сохтани онҳо бо мақомоти дахлдор;
- баррасиву ҷамъбаст ва хулоса намудани фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ ва ҳисобдории сарраёсатҳо, раёсатҳо, шуъбаву зершуъбаҳои гуногуни ВКД ва воҳидҳои ба он тобеъ;
- ба роҳ мондани назорати фаврӣ аз болои дурусту мақсаднок истифода бурдани захираҳои молиявӣ, иҷрои нақшаю вазифаҳои молиявӣ, риояи интизоми молиявӣ ва уҳдадориҳои буҷавӣ;
- ба роҳ мондани тафтиши ҳуҷҷатии фаъолияти молиявию хоҷагидории сарраёсатҳо, раёсату шуъбаҳо ва дигар ҷузъу томҳои ВКД ва баррасиву ба низом даровардани дигар самтҳои фаъолияти хизматиро бо масъулияти баланд иҷро намуда истодаанд.

Бояд қайд кард, ки Раёсати молиявӣ-иқтисодӣ миёни дигар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ мавқеи хоси худро дошта, зершуъбаҳои он, аз ҷумла шуъбаи иқтисод ва маблағгузорӣ, шуъбаи ҳисобот ва баҳисобгирии муҳосибӣ, шуъбаи назоратӣ-ревизионӣ ва шуъбаи нафақа вобаста ба самтҳои фаъолияти худ амал карда, ҳар кадом тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи раёсат вазифаҳои муайянеро иҷро менамоянд.
Имрӯз роҳбарият ва ҳайати шахсии Раёсати молиявӣ-иқтисодии Вазорати корҳои дохилӣ вазифаҳои дар наздашон гузошташуда, дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилиро саривақт ва бо масъулияти баланд иҷро намуда, баҳри ноил гардидан ба дастовардҳои нав ба нав камари ҳиммат баста, дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, оромиву осоиштагӣ ва дар рушди Ватани азизамон саҳми худро гузошта истодаанд.

Раҷаббек ИЛЁСОВ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад