Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ба ислоҳоти милитсия Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ мусоидат менамояд

414Рӯзи 28 декабри соли 2018 дар толори калони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ бо иштироки намояндагони САҲА дар шаҳри Душанбе, намояндагони Вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи ВКД ва намояндагони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Дастгоҳи марказии ВКД, РВКД дар шаҳри Душанбе аз рӯи мавзӯи «Ҳолати муосири ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида шуд. 

Дар кори конференсия Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Саид Нуриддин Саид, мушовири Дафтари САҲА дар шаҳри Душанбе Капортсев Дмитрий Геннадиевич, афсари миллии Дафтари САҲА дар шаҳри Душанбе Муҳаммадиев Ҳ.Х., мутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Малахов М.Н., Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Шодмонзода Фарҳодбек Алиёр, кормандони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ, РВКД дар шаҳри Душанбе ва омӯзгорону курсантон ширкат намуданд.
Мавзӯъҳои гуногун вобаста ба ислоҳоти милитсия дар рафти конференсия муҳокима гардиданд. Яке аз мавзӯъҳои асосӣ, ки аз рӯи он Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа, доктори илмҳои философия, муҳтарам Саид Нуриддин Саид суханронӣ намуд, ин мавзӯи «Мушкилотҳо вобаста ба гузаронидани вазифаи Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ВКД ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» буд.
Зимни суханронӣ муҳтарам Саид Нуриддин Саид қайд намуд, ки «Ҷомеаи инсонӣ танзимшаванда ва назоратшаванда аст. Барои идора намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ, барои ҳифз намудани манфиатҳои давлат, миллат, одамон, гурӯҳҳои ҷамъиятӣ мақомотҳои муайян вуҷуд дорад, ки яке аз ҳамин гуна мақомот ин Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати мудофиа, Вазорати маориф ва илм, Вазорати кишоварзӣ ва даҳҳо дигар вазорату кумитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳар вазорат дар самти худаш муносибатҳои ҷамъиятиро ба танзим медарорад. Вазорату идораҳо ба ҳамдигар эҳтиёҷ доранд. Ҳеҷ як вазорат ба кори Вазорати корҳои дохилӣ ин қадар эҳтиёҷ надорад, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад, чунки фаъолияти соҳаи маориф ва илм дар пояи танзими ороми муносибатҳои ҷамъиятӣ, суботи ҷамъиятӣ, оромии мутлақи ҳаёти ҷамъиятӣ сурат мегирад, агар резонанс пайдо шавад, нобаробарӣ пайдо шавад, ин соҳа амал карда наметавонад. Барои ҳамин, барои кормандони Вазорати маориф «милитсия ақл, шараф ва виҷдони мо» аст. Мо бо шаҳрвандон сару кор дорем, хусусан ба синну соли хурдӣ, синну соли наврасӣ ва синну соли ҷавонон сару кор дорем. Аз ҳама танзими муносибатҳои ҷамъиятии мушкил дар ҳамин синну сол аст. Барои ҳамин бисёр проблемаҳое ҳаст, ки байни мову байни Вазорати корҳои дохилӣ ба ҳам мерасанд, тавъам ҳастанд, ба якдигар омехта ҳастанд, дар якҷоягӣ кор мекунем. Барномаи давлатӣ, ки қабул шудааст, барои ислоҳоти милитсия дар солҳои 2014-2020 аз нақшаи чорабиниҳо иборат аст, як банди ҳамин нақшаи чорабиниҳо, ки ҷиҳати татбиқи ҳамин Барнома Ҳукумат тасдиқ кардааст, бевосита дар доираи ҳамкории Вазорати маориф ва Вазорати корҳои дохилӣ ҳал мешавад. Ин масъала чӣ аст? Ин омӯзиши масъала вобаста ба гузаронидани вазифаи Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғони Вазорати корҳои дохилӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани таклифи мушаххас мебошад. То ҳоло кӯдаконе, ки ба қонун ихтилоф доштанд ва доранд аз тарафи кормандони бисёр мақомоти корҳои дохилӣ дастгир мешаванд ва дар ҷойи махсус дар Вазорати корҳои дохилӣ нигоҳ дошта мешаванд. Сипас парвандаи ин кӯдак ба суд дода мешуд ва суд ҳукм мебаровард ва баъди баровардани ҳукм ба Вазорати маориф фиристода мешуданд. Дар тобеъияти Вазорати маориф мактаби махсус ҳаст, ки дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Дар мактаби махсус чунин ноболиғон нигоҳ дошта шуда, бо методу усулҳои педагогикаи мутаалиқ ба ҳамин соҳа онҳо тарбия карда мешаванд.

415

Яъне қарори суд мебаромад ва баъд чунин ноболиғон дар ин мактаби махсус қабул мегардид. Акнун тибқи ислоҳоти амалишуда истода дар қатори давлатҳои пешрафтаи дунё чунин ноболиғон муваққатан дигар алоҳида дар таҳвилгоҳ нигаҳ дошта нашуда баъди протокол кардан ба Вазорати маориф дастрас карда мешаванд. Бинобар ин дар Низомномаи Мактаби махсус ва Қонуни маориф ва илми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид кардан даркор аст. Корҳо барои даровардани тағйирот дар ин ҳуҷҷатҳо шурӯъ шудааст, аллакай дар Вазорати маориф ва илм, ҳам ҷиҳати ворид намудани тайирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маориф ва илм ва ҳам ба Оинномаву Низомномаи Мактаби махсус корҳо давом доранд. Ҳоло мактаби махсус танҳо барои писарон аст, барои духтарон чунин Мактаби махсус нест ва дар мактаби махсуси мавҷудбуда шароити нигоҳдорӣ нест. Мисол, ба наздикӣ як хонандаи мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ тасодуфан дар шаҳри Панҷакент коре кардааст, ки писарчаи синфи 5 ба ҳалокат расидааст, акнун ин духтарча дар куҷо нигоҳ дошта шавад, мушкилоти ҷиддӣ аст, чунки Мактаби махсус барои духтарҳо надорем. Яъне дар ҷомеа кӯдаконе ҳастанд, ки ба қонун ихтилоф доранд, одамони калон ҳам ихтилоф доранд ва барои онҳо ҷойҳои махсус даркор аст, ки то ба синни балоғат расидан онҳоро нигаҳ дорем, тарбия кунем. Онҳо инсон ҳастанд, онҳо фарзандони мо ҳастанд, онҳо аз беақлӣ ё ин ки аз назари равонӣ ё носолимӣ чунин ҷиноятҳоро содир мекунанд. Мактуби Вазорати корҳои дохилиро бо имзои Вазири муҳтарам қабул намудаем ва болои ин масъала корҳо ташкил шудааст ва давом доранд. Барои гузаронидани вазифаи Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ВКД ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи чунин қабулгоҳҳоро омӯхта истодаем, омӯзишҳо дар Аврупо, яъне дар Шведсия, Шведсария гузаронида шуд. Дар он ҷо мамнуъгоҳ маҳкамаҳое ҳаст, ки ягона роҳи наҷоту тарбияи кӯдакон меҳнат аст. Мо ҳам аз пайи ҳаминҳо рафта истодаем, яъне ба Ҳукумати ҷумҳурӣ муроҷиат кардаем ва барои сохтмони чунин марказ дар ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳудуди 10 га замин ҷудо шудааст. Лоиҳаи ин марказ омода шудааст. Моҳҳои наздик бо қарори Ҳукумат сохтмон оғоз мешавад. Тибқи ин лоиҳа нимаи занона алоҳида ва нимаи мардона алоҳида мебошад. Фақат дар мактаб писарону духтарон якҷо таҳсил мекунанд. Дар дигар ҳолатҳо нигоҳдошти онҳо алоҳида мебошад. Онҳо ба меҳнат ҷалб карда мешаванд, истеҳсол мекунанд, масалан заминро худашон нарм мекунанд, худашон кишт мекунанд ва худашон ҳосилро ҷамъоварӣ мекунанд. Ба мурғпарварӣ машғул мешаванд, хурокпазӣ ва нигоҳдории ҳайвонҳоро ёд мегиранд ва ба воситаи меҳнати ҷисмонӣ ва рӯҳонӣ тарбия мегиранд. 

Дар суханронии хеш Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Саид Нуриддин Саид аз ҳамкориҳои самаранок бо Вазорати корҳои дохилӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.
Ғуломов Қудратулло Ҷанатуллоевич, мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ, полковники милитсия




Рӯйдодҳо

  • Ошкор шудани 3 мавриди қаллобӣ аз ҷониби 1 нафар

    Ба ШВКД дар шаҳри Хуҷанд марди 40-солаи сокини шаҳри мазкур ....

    20.02.2019 09:15
  • Тамаъҷӯӣ барои иваз намудани ному насаб

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи ....

    20.02.2019 08:58
  • Дуздии телефонҳои мобилӣ ва маҳсулоти хӯрокворӣ

    Ба ШВКД дар ноҳияи Ховалинг бо ариза марди 51-солаи сокини ....

    20.02.2019 08:56
  • Боздошти ду зан барои машғул шудан ба даллагӣ

    Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани ....

    20.02.2019 08:54
  • Баррасии фаъолияти нозирони минтақавӣ дар назди аҳолӣ

    Бо мақсади ҳамкории бештари мақомоти корҳои дохилӣ бо шаҳрвандон ҷиҳати ....

    19.02.2019 11:18
  • Муноқишаи оилавӣ бо куштор анҷомид

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи ....

    19.02.2019 10:13
  • Тақаллубкорӣ ба хотири даромади муфт

    Ҳангоми доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Синои ....

    19.02.2019 10:11
  • Ҳалокати донишҷӯ дар садамаи нақлиётӣ

    Рӯзи 18-уми феврали соли 2019, тахминан соати 12:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    19.02.2019 10:08
  • Фаъолияти анборҳои нигоҳдории сӯзишворӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ то бартараф намудани ....

    Дар доираи талаботи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи ....

    18.02.2019 15:35
  • Тасдиқи муроҷиат тавассути телефони боварӣ: Ронанда барои таҳқири пирзани ....

    Санаи 11 феврали соли равон ба Телефони боварии Раёсати ВКД ....

    18.02.2019 15:26
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Диққат! Амалиёти «Пиёдагард”

    Бо мақсади баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, махсусан ....

    09.02.2019 12:23
  • Эълони Нишасти матбуотӣ дар ВКД

    14-уми феврали соли 2019, соати 11:00-дақиқа, дар Вазорати корҳои дохилӣ ....

    04.02.2019 17:28
  • Ҳамкорӣ бо РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ....

    31.01.2019 16:50
  • Оғози мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ....

    Аз 25-уми январ то 28-уми феврали соли 2019, мусобиқаҳои кушоди ....

    22.01.2019 16:22
  • ЭЪЛОН!!!

    Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати ронандагони воситаҳои нақлиёт ....

    19.12.2018 09:22
  • Эълон !

    Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, баланд бардоштани ҳолати ....

    10.12.2018 11:19
  • Ҷаҳони имрӯз

    Дар Дания қонун оид ба манъи дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани либосе, ки рӯйро мепӯшонад, аз ҷумла либоси мусулмонӣ барои занон, ба қувваи қонунӣ даромад, итттилоъ медиҳад ҳафтаномаи даниягии Jyllands-Posten. Дар зери «ҷойҳои ҷамъиятӣ» дар қонун нақлиёти ҷамъиятӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ, идораҳои давлатӣ ва беморхонаҳо дар назар дошта шудааст. Қонунвайронкунандагонро ҷарима дар ҳаҷми як ҳазор крони даниягӣ (134 евро) ва барои «ритсидивистҳо» (якчанд бор такрор кардани ҷиноят), ки қонунро чор маротиба вайрон мекунанд, ....>>>

    

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

    Qonun

    © 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика