Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баррасии вазъи ҷинояткорӣ ва одоби шаҳрнишинӣ дар мулоқот бо раисони кумитаи маҳаллаҳои шаҳри Душанбе

409

Таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб ва таъмини волоияти қонун бидуни ҳамкории зичи аҳолӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ ғайриимкон буда, танҳо дар ҳамбастагӣ метавон осоиштагиву сулҳу субот ва оромиву тартибот дар ҷомеа таъмин гардад. Маҳз бо дар назардошти гуфтаҳои боло, дар заминаи ислоҳоти милитсия роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт пайваста чорабиниҳои дахлдор ва суҳбату вохуриҳоро бо фаъолону аҳли ҷамоатчигӣ ташкил ва баргузор намуда истодааст.

410

Дар доираи иҷроиши дастуру супоришҳои раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ вохурии навбатии сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон бо раисони кумитаҳои маҳал ва шаҳраку минтақаҳои хизматӣ дар маҷлисгоҳи Раёсат баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур ҳамаи 116 раисони кумитаи маҳаллаҳои пойтахт, роҳбарони КВД «Хоҷагии манзилию коммунали»-и шаҳри Душанбе ва ҳамаи 29 нафар сардорони Минтақаҳои маъмурии хизматии Шуъбаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ширкат намуданд.
Дар оғози чорабинӣ, нахуст зимни суханронии худ роҳбари мақомоти милитсияи пойтахт аз сатҳи содиршавии амалу кирдорҳои ҷиноятӣ дар пойтахт давоми соли ҷорӣ дар муқоиса бо соли гузашта бо овардани факту рақамҳои дақиқ ва нишон додани маҳаллаҳои осебпазир ва нақши раисону кумитаҳои маҳаллаҳо дар пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ маърӯзаи пурмуҳтаво намуд. Номбурда иброз дошт, ки кормандони мақомоти милитсия ҷиҳати таъмини тартиботу осоиштаҳолии шаҳрвандон новобаста аз вазъи боду ҳаво ҳамеша пайи иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ камари ҳиммат бастаанд. Дар ин замина аҳли ҷомеа, раисону масъулони кумитаи маҳаллаҳо низ ҷиҳати пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб масъулият ҳис намуда, пайваста дар ҳамкорӣ бо мақомоти милитсия бошанд.

411

Метавон гуфт, ки давоми соли ҷорӣ ҷиҳати иҷроиши Қарори махсуси раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳти № 63 аз 30 январи соли 2018 “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе” дар якҷоягӣ бо масъулини шаҳрдорӣ ва дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва раисону фаъолони кумитаи маҳаллаҳо дар тамоми ҳудуди пойтахт амалиёти маърифативу профилактикии “ОДОБИ ШАҲРНИШИНӢ” роҳандозӣ карда шуд, ки дар ҷараёни он гурӯҳҳои корӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд.
Дар ин замина зикр намуд, ки маҳз дар доираи фаъолияти гурӯҳҳои корӣ падидаҳои ба фарҳангу маданият ва маърифати волои миллати тоҷик доғоваранда, аз ҷумла оворагардию талбандагӣ, савдои кӯчагӣ, риоя накардани талаботҳои санитарию гигиенӣ зимни ба фуруш баровардани маҳсулоти хурока, овезон намудани либос дар пештоқи (балкон) биноҳои баландошёна, риоя накардани пушидани либоси ягона аз ҷониби фурушандагони баъзе аз марказҳои савдо ва бозорҳо дар доираи амалиёти “Одоби шаҳрнишинӣ” бартараф карда шуда, фаъолияти гурӯҳҳои корӣ боз ҳам ҷоннок карда шудааст.
Мавриди зикр аст, ки яке аз масъалаҳои изтиробангезе, ки имрӯзҳо на танҳо мақомоти корҳои дохилӣ балки тамоми аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст, ин даст задани ҷавонон ба амалу кирдорҳои зиддиҳуқуқиву ҷиноятӣ, махсусан авбошӣ ва задухурдҳои гурӯҳӣ мебошанд, ки Шариф Назарзода дар баромади худ аз сабабу омилҳои ба содиршавии ҷиноят мусоидаткунанда ва роҳҳои пешгирию бартарафсозии он ва нақши фаъолону нафарони бонуфузи ҷомеа ҷиҳати пешгирии ин падидаи номатлуб таъкид намуд.

412413

Аз ин лиҳоз махсусан хотирнишон намудан ба маврид аст, ки дар аксар маврид маҳз бетарафии водидайн ва атрофиён ба амалу кирдорҳои ғайриахлоқии як нафар ҷавон ба содир намудани амалу кирдорҳои зидиҷамъиятиву ба ҷомеа хавфнок оварда мерасонад.
Дар мулоқот аз ҳар як шаҳрванд махсусан он нафароне, ки дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон масъуланд, тақозо карда шуд, ки ҷиҳати бартарафнамоии камбудиҳои зикргардида пайваста кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Дар ҷараёни маърӯзаи пурмуҳтавои худ сардори мақомоти милитсияи пойтахт ҳамчунин аз вазъи содирнамоии ҷиноят дар байни ноболиғон изҳори нигоронӣ намуда, афзуд, ки вазъи содиршавии ҷиноят аз ҷониби ноболиғон ва иҷро нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳамоно ташвишовар боқӣ монда, аз ҳар як нафари дар тарбияи ноболиғону ҷавонон масъул хоҳиш карда мешавад ҷиҳати ба илму дониш фаро гирифтани насли ҷавон фаъолияти ҳамаҷонибаро ба роҳ монанд, зеро маҳз ҷавони бо илму маърифат метавонад номбардори падару модар ва таъминкунандаи ояандаи дурахшони давлату миллат бошад.
Масъалаи дигари ҳалталаб, ки дар ҷараёни мулоқот ва зимни суханронии сардори мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Шариф Назарзода баррасӣ гардид, ин таҳқими маърифату маданият ва волоияти қонун дар муносибатҳои оиладорӣ, баланд бардоштани масъулият ва саҳми падару модар дар омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона, таъмини пойдориву устувории оилаҳо, алалхусус оилаҳои ҷавон, паст намудани шиддатнокии вазъи ҷинояткорӣ дар доираи оила ва муносибатҳои хешовандӣ буд.
Дар ҷараёни мулоқоти мазкур сардори мақомоти милитсияи пойтахт аз сатҳи ҳамкориҳои раисони маҳалаҳову аҳли ҷомеа ҷиҳати пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва таъмини тартибот бо кормандони мақомоти милитсияи пойтахт изҳори қаноатмандӣ намуд.
Дар қисмати дигари вохӯрӣ ба 20 нафар раисони маҳаллаҳо ва фаъолони ҷомеа барои ҳамкорӣ бо мақомоти милитсия бо медали “Барои ҳамкорӣ”-и ВКД, Ифтихорномаву Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамзамон раисони маҳаллаҳо, низ суханронӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани ҳамкорӣ ва робитаи зичи аҳли ҷомеа бо мақомоти милитсия як қатор пешниҳодҳо намуданд, ки аз ҷониби роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт хуб пазируфта шуданд.
Дар хотимаи мулоқот зикр гардид, ки дар ҳамбастагӣ ва фаъолияти дастаҷамъона метавон барои солимии ҷомеа камари ҳиммат баст ва ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Сироҷиддин Шукуров, лейтенанти калони милитсия




Рӯйдодҳо

  • Ошкор шудани 3 мавриди қаллобӣ аз ҷониби 1 нафар

    Ба ШВКД дар шаҳри Хуҷанд марди 40-солаи сокини шаҳри мазкур ....

    20.02.2019 09:15
  • Тамаъҷӯӣ барои иваз намудани ному насаб

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи ....

    20.02.2019 08:58
  • Дуздии телефонҳои мобилӣ ва маҳсулоти хӯрокворӣ

    Ба ШВКД дар ноҳияи Ховалинг бо ариза марди 51-солаи сокини ....

    20.02.2019 08:56
  • Боздошти ду зан барои машғул шудан ба даллагӣ

    Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани ....

    20.02.2019 08:54
  • Баррасии фаъолияти нозирони минтақавӣ дар назди аҳолӣ

    Бо мақсади ҳамкории бештари мақомоти корҳои дохилӣ бо шаҳрвандон ҷиҳати ....

    19.02.2019 11:18
  • Муноқишаи оилавӣ бо куштор анҷомид

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи ....

    19.02.2019 10:13
  • Тақаллубкорӣ ба хотири даромади муфт

    Ҳангоми доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Синои ....

    19.02.2019 10:11
  • Ҳалокати донишҷӯ дар садамаи нақлиётӣ

    Рӯзи 18-уми феврали соли 2019, тахминан соати 12:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    19.02.2019 10:08
  • Фаъолияти анборҳои нигоҳдории сӯзишворӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ то бартараф намудани ....

    Дар доираи талаботи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи ....

    18.02.2019 15:35
  • Тасдиқи муроҷиат тавассути телефони боварӣ: Ронанда барои таҳқири пирзани ....

    Санаи 11 феврали соли равон ба Телефони боварии Раёсати ВКД ....

    18.02.2019 15:26
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Диққат! Амалиёти «Пиёдагард”

    Бо мақсади баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, махсусан ....

    09.02.2019 12:23
  • Эълони Нишасти матбуотӣ дар ВКД

    14-уми феврали соли 2019, соати 11:00-дақиқа, дар Вазорати корҳои дохилӣ ....

    04.02.2019 17:28
  • Ҳамкорӣ бо РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ....

    31.01.2019 16:50
  • Оғози мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ....

    Аз 25-уми январ то 28-уми феврали соли 2019, мусобиқаҳои кушоди ....

    22.01.2019 16:22
  • ЭЪЛОН!!!

    Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати ронандагони воситаҳои нақлиёт ....

    19.12.2018 09:22
  • Эълон !

    Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, баланд бардоштани ҳолати ....

    10.12.2018 11:19
  • Ҷаҳони имрӯз

    Дар Дания қонун оид ба манъи дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани либосе, ки рӯйро мепӯшонад, аз ҷумла либоси мусулмонӣ барои занон, ба қувваи қонунӣ даромад, итттилоъ медиҳад ҳафтаномаи даниягии Jyllands-Posten. Дар зери «ҷойҳои ҷамъиятӣ» дар қонун нақлиёти ҷамъиятӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ, идораҳои давлатӣ ва беморхонаҳо дар назар дошта шудааст. Қонунвайронкунандагонро ҷарима дар ҳаҷми як ҳазор крони даниягӣ (134 евро) ва барои «ритсидивистҳо» (якчанд бор такрор кардани ҷиноят), ки қонунро чор маротиба вайрон мекунанд, ....>>>

    

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

    Qonun

    © 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика