Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Қадршиносии устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

578

Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат пайваста бо баргузории чорабиниҳои оммавию сиёсӣ ва фарҳангӣ, инчунин омодасозии кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон саҳмгузорӣ менамояд Ҳайати устодону донишҷӯёни донишгоҳ иқдомоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти баргузории суҳбату вохӯриҳо бо ҷавонону наврасон баҳри пешгирии шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ ва таҳкими ҳамкориҳо бо муассисаҳои таълимӣ дастгирӣ менамояд.

579

Донишҷӯёни мо ҳамчун пайравони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ояндагони кишвар кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то дар ободии Ватани азизамон ҳиссагузор бошанд. Онҳо бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдат ҳамсолони хешро ба тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рӯ овардан ба илму дониш даъват намоянд, - иброз намуд ректори ДДМИТ Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ зимни вохӯрие, ки Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ (ХПҲНҶ) ва аъзои фаъоли гурӯҳи «Авангард» бо донишҷӯёну устодони ин муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ доир намуданд.
Дар идома сардори ХПҲНҶ полковники милитсия Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳҳор мақсади вохӯриро шарҳ дода, аз ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат ва мақомоти корҳои дохилӣ дар самти пешгирии ҷавонону наврасон аз кирдорҳои ношоиста, мубориза бо хатарҳои замони муосир ва бо роҳи рост раҳнамун сохтани насли созандаву ободкор изҳори андеша намуд.
Дар ин вохӯрӣ, ҳамчунин роҳбари гурӯҳи ҷавонони «Авангард» Фирӯз Қодиров ба сухан баромада, аз саҳму дастгирии раёсати ин донишгоҳ дар баргузории чорабиниҳо байни ҷавонон, «Аксияи соҳил», маҳфилҳои фарҳангиву мулоқотҳои судманд зимни сафарҳои гурӯҳи ҷавонон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат, бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки аз ҷониби ВКД роҳандозӣ гардид, изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ҳамсолони хешро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва илмҳои дақиқ даъват намуд.

580581

Дар анҷоми чорабинӣ сардори ХПҲНҶ А.Фаттозода барои ҳамкорӣ ва саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбияи ҷавонон ба ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ медал «Барои ҳамкорӣ» супорид. Ҳамзамон, якчанд устодону донишҷӯёни фаъоли ин муассисаи таълимиро бо Ифтихорномаҳои фахрӣ сарфароз гардонид.
Инчунин, аз ҷониби ректори ДДМИТ ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ «Ифтихорнома»-ҳо тақдим карда шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки ҳайати мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷавонони гурӯҳи «Авангард» аз дастовардҳои илмиву варзишии донишҷӯёни ДДМИТ дидан намуда, ба онҳо муваффақияту комёбиҳо таманно намуданд.

Абдулло ШОҲИЁН,
Наврӯз ҶОБИРОВ




Рӯйдодҳо

  • Кӯмаки Хадамоти давлатии «Муҳофиза» ба Муассисаи давлатии «Хонаи кӯдакони №1»

       Дастгирӣ ва ғамхории ятимону бепарасторон амалест хайру савоб, бахусус дар ....

    20.08.2018 17:21
  • Боздошти ронандае, ки ҷавонзанеро дашномҳои қабеҳ додааст

    Санаи 17 август як гуруҳ корбарони шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» бо ....

    20.08.2018 17:13
  • Вохӯрии аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ бо ҳайати шахсии РВКД дар вилояти ....

    Рӯзи 17 август дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ....

    20.08.2018 17:07
  • Вохӯрии кормандони милитсия бо сокинони ноҳияи Ш.Шоҳин

    Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои ....

    18.08.2018 09:41
  • Ошкор шудани сӯиқасд ба куштор

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар якҷоягӣ ....

    18.08.2018 09:03
  • Рабудани воситаи нақлиёт аз ҷониби ду ҷавон

    Ба ШВКД дар шаҳри Панҷакент бо ариза марди 25-солаи сокини ....

    18.08.2018 08:57
  • Бо роҳи фиреб аз ҳамдеҳа гирифтани 200000 рубли русӣ

    Ба ШВКД дар ноҳияи Деваштич марди 57-солаи сокини деҳаи Газантараки ....

    18.08.2018 08:54
  • Пахш намудани пиёдагардон аз ҷониби ронандагони ноӯҳдабаро

    Рӯзи 17-уми августи соли 2018, тахминан соати 23:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    18.08.2018 08:48
  • Пешгирии оворагардии ноболиғон аз ҷониби кормандони милитсия

    Бо мақсади ошкор ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ ва оворагардию ....

    17.08.2018 16:44
  • Дуздидани таҷҳизотҳои мебелсозӣ

    Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия се ....

    17.08.2018 08:24
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Муроҷиат ба мардум дар рӯзи Иди саиди Қурбон

    Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ....

    20.08.2018 10:55
  • Ҳамкорӣ бо РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон: таъсиси қабули «муроҷиати электронӣ» ....

    Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ....

    14.08.2018 16:49
  • Эълони озмун барои қабули омӯзгорони ботаҷрибаи фанҳои дақиқ ва гуманитарӣ

    Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади қабули омӯзгорони ботаҷрибаи ....

    09.08.2018 16:55
  • Мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани иқтидори ҳамкории милитсия ....

    Рӯзи 3-августи соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ....

    01.08.2018 09:42
  • Эълон! Нишасти матбуотӣ

    30 июли соли 2018, соати 11:00-дақиқа, дар толори Вазорати корҳои ....

    27.07.2018 09:42
  • Озмунҳои «Забономӯзӣ», «Мақолаҳои беҳтарин» ва «Мутолиаи китобҳои бадеӣ»

    Вазорати корҳои дохилӣ озмунҳои «Забономӯзӣ», «Мақолаҳои беҳтарин» ва «Мутолиаи китобҳои ....

    10.07.2018 09:48
  • Нигористон

    Табиат

    Ҷаҳони имрӯз

    Дар Дания қонун оид ба манъи дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани либосе, ки рӯйро мепӯшонад, аз ҷумла либоси мусулмонӣ барои занон, ба қувваи қонунӣ даромад, итттилоъ медиҳад ҳафтаномаи даниягии Jyllands-Posten. Дар зери «ҷойҳои ҷамъиятӣ» дар қонун нақлиёти ҷамъиятӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ, идораҳои давлатӣ ва беморхонаҳо дар назар дошта шудааст. Қонунвайронкунандагонро ҷарима дар ҳаҷми як ҳазор крони даниягӣ (134 евро) ва барои «ритсидивистҳо» (якчанд бор такрор кардани ҷиноят), ки қонунро чор маротиба вайрон мекунанд, ....>>>

    

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

    Qonuni

    © 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика