Рӯзи 7-уми апрели соли 2018, дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ба муносибати эълон гардидани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ сардори РВКД дар вилояти Хатлон генерал-майори милитсия Солеҳзода Искандар, муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар, собиқадорони мақомот ва меҳмонон иштирок намуданд.
Сардори Раёсат генерал-майори милитсия И.Солеҳзода ҳозиринро хайрамақдам гуфта, дар сухани ифтитоҳии худ дар бораи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудани соли 2018 ҳарф зада, афзуд, ки чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ бо ташаббусу дастгириҳои ҳамаҷонибаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро гузаронида мешаванд.
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон низ тасмим гирифт, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба муаррифии ҷумҳуриамон чун кишвари ободу пешрафта ва аз лиҳози сайру сайёҳат ҷолиби диққат, инчунин бо намоиш додани анъанаву ҳунарҳои мардумӣ ба ҳамагон нишон додани то кадом андоза таърихиву қадимӣ будани миллати сарбаланди тоҷик, имрӯз пешкаши иштирокдорон намояд.
Муовини раиси вилоят Хидирзода Мағфират аз ташкили чунин як фазои идона, ки дарвоқеь бо ин ду падидаи нодир «Соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018-2028», ки боиси ифтихору сарфарозист, изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки бо таҳкими муаррифии воқеии фарҳанги асили тоҷикӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар саҳмгузор бошем.
Воқеан ҳам вилояти Хатлон дорои мероси бойи таърихию фарҳангӣ мебошад ва рушди ҳунарҳои мардумӣ рӯ бар афзоиш дорад, ки боиси фараҳмандиву ифтихори ҳамаи мост.
Дар чорабинии бошукӯҳ кормандони шӯъбаҳои Раёсат ва ҷузъу томҳои он, бо мақсади тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ ва мусоидат ба ташакулли фарҳангу маънавиёт дар чомеа падидаҳои навро рӯи саҳна оварданд.
Намоиши ҳунарҳои мардумӣ аз қабили чакандӯзи, заргарӣ, кулолгарӣ, зардӯзи, ҳайкалтарошӣ, расомӣ, оҳангарӣ, табақтарошӣ, дузандагӣ, таронахонҳои маҳаллӣ, домоду арус бо сару либоси миллӣ, бо оростани дастархони миллӣ, ки дастпӯхти худи бонувони милитсия буд, диққати тамошобинонро ба худ ҷалб намуданд, ки баёнгари фарҳанги бойи мардуми тоҷик ба ҳисоб мераванд.
Занони ҳунарманди милитсия чеҳраи зебо ва дастони моҳир доранд. Инчунин сӯзаниву гулдӯзиҳои мардумӣ, ки аз мероси пурғановати халқи мо шаҳодат медиҳад, ба намоиш гузошта шуда буданд. Аъзоёни комиссия аз намоишгоҳҳо дидан намуда, ба ҳамаи ташкилкунандагон баҳои сазовор доданд.
Дар рафти чорабинӣ ғолибони озмун бахшида ба эълон шудани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо Ифтихорномаҳои фахрии сардори Раёсат ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Дар интиҳои ҷамъомади мазкур намоиши фарҳангии ҳунармандони театри мусиқӣ-мазҳакавии вилояти Хатлон ба номи А. Муҳаммадҷонов хотири ҳозиринро болида гардонид.
Офоқ Қодириён
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>
Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Муфассал >>>
Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
Муфассал >>>
Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>
Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд Муфассал >>>
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии Муфассал >>>