Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Вохӯрӣ дар муассисаи таълимии №49-и ноҳияи Фирдавсӣ

235

Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ, бахусус пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, амалигардонии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии оворагардӣ, муноқишаҳои гурӯҳии мактаббаччагон, ҳамзамон тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи созандагию бунёдкорӣ ва тарғиби идеологияи солим дар байни ҷавонону ноболиғон дар асоси Нақша–чорабиниҳои муштараки Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати маориф, Кумитаи ҷавонон ва дигар вазорату кумитаҳои дахлдор пайваста дар макотиби миёна ва олии кишвар чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва корҳои профилактикӣ баргузор мегардад.

236

Ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо ба ҷавонон ва падару модарони онҳо фаҳмонидани оқибатҳои нохуши кирдорҳои ҷинояткорона, ҳуқуквайронкунӣ ва шомил шудан ба ҳар гуна ҳизбу гурӯҳҳои тундрав ва ифродгаро мебошад. Бо ин мақсад имрӯз (13.03.2018с.) намояндагони ВКД, Вазорати маориф ва илм ва кормандони дигар мақомоти дахлдор дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49-и ноҳияи Фирдавсӣ бо хонандагон ва падару модарони онҳо вохoрӣ доир намуданд.
Дар оғози чорабинӣ сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Азизӣ Муҳаммадалӣ Миралӣ суханронӣ намуда, баргузории чунин чорабиниҳои судмандро барои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ амали муфид арзёбӣ кард.
Номбурда афзуд, ки чунин вохӯриҳо ба он мусоидат мекунад, ки ҷавонон интизоми намунавӣ дошта, дар дарсҳо фаъолона иштирок намоянд ва ба ҳеҷ гуна қонуншиканӣ роҳ надиҳанд.
Сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД полковники милитсия Фаттоҳзода Абдусаттор иброз дошт, ки пешгирии содиршавии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби ноболиғону ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳими рӯз ба ҳисоб рафта, ҳар як шаҳрванди солими ҷомеаро зарур аст дар ин самт дар баробари мактабу маориф ва дигар сохторҳои марбута саҳмгузор бошанд.
Қайд гардид, ки маҳз беназоратии бархе волидайн ва мусъулини муассисаҳои таълимӣ аст, ки баъзан ноболиғон даст ба ҳуқуквайронкунӣ ва ҷинояткорӣ мезананд.
Дар идомаи чорабинӣ зикр гардид, ки соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид, ки ин ташаббуси созанда барои халқи тоҷик бисёр муҳим ва саривақтист. Аз ин лиҳоз ҷавонону ноболиғон, бахусус хонандагони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки вақти пурқиммати хешро сарфи амалу кирдорҳои беҳуда накарда, дар баробари аз худ намудани барномаи таълимӣ, ҳунарҳои мардумиро низ аз худ намоянд.
Тавсия дода шуд, ки вобаста ба фарҳанги либоспӯшӣ, маърифати шаҳрнишинӣ ва муносибати хонандагон ба муҳити атроф омӯзгоронро мебояд дар дарсҳои тарбиявӣ сӯҳбатҳои судманд ба роҳ монанд.
Дар анҷоми чорабинӣ барои ҳамкориҳои судманд ва мутақобила бо мақомоти корҳои дохилӣ пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои эктремистӣ ва равияҳои динӣ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи Ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ, инчунин бахшида ба «Соли рушди сайёхӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо фармони Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Азизӣ Муҳаммадалӣ Миралӣ ва мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои ҳудуди пойтахт бо «Ифтихорномаи фахрӣ» қадрдонӣ карда шуданд.
Абдулло Шоев
Абдуллозода Эҳсон




Рӯйдодҳо

  • Ғорат намудани гарданбандҳои тиллоӣ

    Ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ зани 21-солаи сокини кӯчаи Н.Қарабоеви ....

    21.06.2018 09:17
  • Бо роҳи қаллобӣ азхуд намудани автомашинаҳои “Ренҷровер” ва “Лексус”

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино марди 32-солаи сокини кӯчаи Гипроземи ....

    21.06.2018 09:11
  • Боздошти зани 27-сола бо гумони даллагӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 27-солаи ....

    21.06.2018 09:07
  • Ҳалокати дучархарон дар садамаи нохуши нақлиётӣ

    19-уми июни соли 2018, тахминан соати 19:25-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи ....

    21.06.2018 09:05
  • Муноқиша дар дохили ошхона

    Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 47-солаи сокини шаҳри ....

    20.06.2018 09:16
  • Боздошти ноболиғ бо ҷурми ғоратгарӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 31-солаи сокини ноҳияи Восеъ ....

    20.06.2018 09:10
  • Дуздии чархҳои автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино марди 26-солаи сокини кӯчаи Яккачинори ....

    20.06.2018 08:52
  • Бо роҳи фиреб гирифтани маблағ ва барнагардонидани он

    Ба мақомоти корҳои дохилӣ марди 37-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат ....

    20.06.2018 08:46
  • Ташкили барномаи фарҳангии политсияи шаҳри Нанкин барои ҳайати расмии милитсияи ....

    Дар доираи анҷоми сафари расмӣ бо ташаббуси Департаменти бехатарии ҷамъиятии ....

    19.06.2018 17:07
  • Мулоқоти судманд бо роҳбарияти Идораи бехатарии ҷамъиятии музофоти Тсзян Су

    Рӯзи 15-уми июни соли равон ҳайати расмии намояндагони Раёсати ВКД ....

    19.06.2018 16:54
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани иқтидори ҳамкории милитсия ....

    Рӯзи 3-юми июли соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои ....

    21.06.2018 10:05
  • Эълон!

    Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки курсҳои кӯтоҳмуддати ....

    19.06.2018 16:11
  • Э Ъ Л О Н !!!

    Бо мақсади баланд бардоштани рушди зеҳнии наврасону ҷавонон, пешгирӣ аз ....

    18.06.2018 11:23
  • Диққат! Озмуни забономӯзӣ байни ҷавонон

    Байни ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон то синни 35-сола озмуни аз худ ....

    18.06.2018 11:20
  • Эълон!!!

    Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ....

    11.06.2018 17:06
  • Қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои ....

    Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи сокинони шаҳру ноҳияҳои ....

    05.06.2018 09:41
  • Нигористон

    Табиат

    Ҷаҳони имрӯз

    Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар мулоқот бо рӯҳониён аз он ҷавонони қазоқ, ки риш мондаву шими почааш кӯтоҳ мепӯшанд, ва ҳам аз духтароне, ки ҳиҷоби сиёҳ ба тан мекунанд, ба шиддат интиқод кард ва гуфт, дар Қазоқистон ба ин бегонапарастӣ роҳ нахоҳад дод.Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рӯзи 19 апрел дар мулоқот бо раҳбарони муфтиёт ва имом-хатибон ба масоили, ба ибораи ӯ, "бесаводии динии насли ҷавон” дахл кард ва гуфт, "бисёре ....>>>

    

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

    Qonun1

    © 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика