Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Телефони боварӣ мададрасони аҳли ҷомеа мебошад

Соли 2017 ҷамъбаст шуд. Телефони боварӣ воситаи муҳими алоқаи мардум бо роҳбарияти вазорату идораҳои давлатӣ мебошад. Омӯзишу таҳлил нишон дод, ки сол аз сол ба телефони боварӣ зиёдтар шаҳрвандон муроҷиат менамоянд, ки ин инъикосгари эътимоди комили шаҳрвандон ба роҳбарони аввали мақомоти корҳои дохилӣ мебошад. Фаъолияти телефонҳои боварӣ мунтазам ҷамъбаст карда шуда, аз натиҷаи он дар Воситаҳои ахбори омма маълумотҳо пешниҳод карда мешаванд. Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ин телефонҳо нишон дода истодааст, ки шаҳрвандон аз ин воситаи алоқаи боэътимод самаранок истифода менамоянд.

Фаъолияти телефонҳои боварии Вазорати корҳои дохилӣ, ки бо мақсади роҳандозии ҳамкории бештари ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ташкил шудааст, ҷамъбаст карда шуд. Маълум гардид, ки дар давоми соли 2017 ба телефонҳои боварии мақомоти корҳои дохилӣ 3492 муроҷиат ворид шудааст, ки аз ин 1300 муроҷиат дар бораи содиршавии ҷиноят ва 641 муроҷиат оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ мебошад. Ҳамаи муроҷиатҳо сари вақт мавриди санҷиш қарор дода шудаанд.
Дар ин муддат ба телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ 2148 нафар, ба телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ 43 нафар, ба телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд 613 нафар, ба телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон 639 нафар, ба телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт 11 нафар ва ба телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 38 нафар муроҷиат намудаанд.
Мисли солҳои қаблӣ муроҷиат ба телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ нисбат ба телефони боварии сардорони Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоятҳо, минтақаҳо ва шаҳри Душанбе хело зиёд мебошад, зеро ба Вазири корҳои дохилӣ аз тамоми гӯшаю канори Ватани маҳбубамон шаҳрвандон муроҷиат менамоянд. Ин ҳолат инъикосгари эътимоди комили шаҳрвандон ба Вазири корҳои дохилӣ мебошад.
Телефони боварӣ воситаи муҳими алоқаи мардум буда, тариқи рақамҳои телефонҳои боварӣ 2212121 ба Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тариқи рақами 2211500 ба телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, тариқи рақами 221313 ба телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, тариқи рақами 2263038 ба телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, тариқи рақами 2224203 ба телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ, тариқи рақами 22121 ба телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт шабонарӯзӣ муроҷиат менамоянд.
Ба воситаи ин телефони боэътимод сокинони кишварамон имконияти васеъ доранд, ки ба Вазири корҳои дохилӣ ва сардорони раёсатҳои номбаршуда муроҷиат намоянд. Муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби кормандони телефони боварӣ қабул гардида, дар китобҳои махсус ба қайд гирифта мешаванд ва ҳамарӯза ба Вазири корҳои дохилӣ ва сардорони раёсатҳо пешниҳод мегарданд.
Фаъолияти телефонҳои боварӣ мунтазам ҷамъбаст карда шуда, аз натиҷаи он дар воситаҳои ахбори омма маълумотҳо пешниҳод карда мешаванд. Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ин телефонҳо нишон дода истодааст, ки шаҳрвандон аз ин воситаи алоқаи боэътимод самаранок истифода менамоянд.
Ҳамаи хабарҳои воридгардида мавриди санҷиши ҳаматарафа қарор мегиранд. Албатта, на ҳамаи хабарҳои тариқи телефони боварӣ воридгардида тасдиқи худро меёбанд. Аз 3492 хабарҳои воридгардида, 898 хабар тасдиқ гардида, 2371 хабар тасдиқи худро наёфтааст ва санҷиши 223 хабар идома доранд.
Дар давоми сол аз хабарҳои воридгардида 9 хабар оиди ҷинояти одамкушӣ, 13 хабар оиди таҷовуз ба номус, 328 хабар оиди дуздӣ, 370 хабар оиди лату кӯб, 13 хабар оиди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, 28 хабар оиди қаллобӣ, 5 хабар оиди сӯхтор, 4 хабар оиди ҷалби шаҳрвандон ба Сурия, 4 хабар оиди хариду фурӯши одамон, 348 хабар оиди бар нагардонидани пули қарз, 44 хабар оиди гирифтани пора ва 122 хабар оиди дигар ҷиноятҳо мебошанд. Аз хабарҳои воридгардида дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ 632 хабарро ташкил медиҳад, ки аз инҳо оиди майдаавбошӣ (дашному ҳақорат) 389 хабар мебошанд. Қисми дигари хабарҳоро муроҷиатҳо оиди садамаҳои нақлиётӣ, оиди шахсони гумшуда ва ронандагони қоидаҳои ҳаракатро вайроннамуда, оиди истифодаи ғайриқонунии замин ва риоя накардани тозагӣ, оиди қиморбозӣ, оиди сӯхтор ташкил медоданд.
Бо мақсади таҳкиму тақвияти ҳамкории кормандони милитсия бо мардум рақамҳои телефонҳои боварӣ мунтазам ба воситаи ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа», сомонаи интернетии «vkd.tj», барномаҳои радио ва телевизиони ҷумҳуриявӣ ва шаҳрию вилоятӣ ба шаҳрвандон расонида мешаванд.
Телефонҳои боварӣ бидуни танаффус шабонарӯз фаъол буда, ҳар нафар метавонад аз ҳама шабакаҳои телефонӣ дар бораи қонуншиканиҳо, ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ ва ё террористидошта, одамкушӣ, одамрабоӣ ва дигар намуди ҳуқуқпоймолсозиҳо ройгон арзу шикоят пешниҳод намояд. Тамоми арзу шикоятҳо бевосита ба Вазири корҳои дохилӣ ва роҳбарони раёсатҳо пешниҳод гардида, оид ба ҳар яки он санҷиш гузаронида мешавад. Ғайр аз ин барои ирсоли хабарҳои дуруст оид ба содиршавии ҷиноятҳои махсусан вазнин шаҳрвандонро Вазорати корҳои дохилӣ ҳавасманд ва қадрдонӣ менамояд ва дар ҳолати зарурӣ махфияти онҳоро кафолат медиҳад. Пешниҳоди шаҳрвандон барои беҳбудӣ бахшидани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар ошкор ва пешгирии ҷиноятҳо, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ низ омӯхта шуда, барои беҳтар намудани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ истифода мегардад.
Ба ғайр аз хабару муроҷиатҳо доир ба ҳуқуқвайронкуниҳо, инчунин шаҳрвандон дар бораи фаъолияти дағалонаи баъзе аз кормандони мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат менамоянд. Дар ин давра аз муроҷиатҳо 1523 хабар дар бораи рафтори кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мебошанд, ки ҳамаи онҳо мавриди омӯзиш қарор дода шуда барои ислоҳи одобу рафтори кормандон истифода гардидаанд. Аз рӯи шикояти шаҳрвандон нисбат ба фаъолияти кормандони милитсия санҷишҳои ҳаматарафа ва пурра гузаронида шуда, нисбати 349 нафари онҳо чораҳои интизомӣ андешида шудааст. Дар 1101 ҳолат шикоят дар бораи кормандони Вазорати корҳои дохилӣ тасдиқ нашудааст.
Вазорати корҳои дохилӣ ба ҳамаи нафароне, ки дар ошкор ва пешгирии ҷинояткорӣ ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар ҷомеа саҳмгузор ҳастанд, изҳори сипос менамояд.
Вазъи ҷаҳони босуръат тағйирёбанда, хатару таҳдидҳои муосир, проблемаҳои экологӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, пайи ҳам такрор шудани офатҳои табиӣ ва амсоли инҳо ҳар як сокини диёрамонро водор месозанд, ки беш аз ҳар вақти дигар сари вақт бо телефони боварӣ, телефони 02 ё телефонҳои қисмҳои навбатдорӣ ба навбатдорон оиди ҳодисаю воқеаҳо, ҷиноятҳо муроҷиат намоянд. Аз амали ҳар яки мо оромии ҷомеа ва тартибу низом дар кишварамон вобаста аст.
Ғуломов Қ.Ҷ.,
мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ, полковники милитсия




Рӯйдодҳо

  • 36 ҳолати ҷинояти дуздӣ бо зарари 300 ҳазор сомонӣ

    Вақтҳои охир дар ҳудуди шаҳри Душанбе, шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи ....

    19.10.2018 10:58
  • Пешгирии оворагардии ноболиғон аз ҷониби кормандони милитсия

    Бо мақсади ошкор ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ ва оворагардию ....

    19.10.2018 10:55
  • Дуздии молу ашё ва таҷҳизоти хона

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур марди 30-солаи сокини кӯчаи Айнӣ ....

    19.10.2018 08:54
  • Баррасии ҳолатҳои қаллобӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи ....

    19.10.2018 08:51
  • Бархӯрдани автомашина ба девори истгоҳ

    Рӯзи 18-уми октябри соли 2018, тахминан соати 11:00, ронандаи автомашинаи ....

    19.10.2018 08:49
  • Вохӯрии кормандони милитсия бо хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт

    Рӯзи 18-уми октябри соли 2018 дар доираи нақша-чорабинӣ ва фармони ....

    18.10.2018 16:34
  • Дуздии ноқилҳои алоқа

    Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб мактуби роҳбарияти Филиали ҶСК “Тоҷиктелеком”-и ....

    18.10.2018 08:54
  • Лату кӯби ҳамсар аз сабаби муноқишаи оилавӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи ....

    17.10.2018 09:07
  • Бо сӯиистифода аз боварӣ гирифтани маблағ

    Ба мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 54-солаи сокини ....

    17.10.2018 09:05
  • Нозирони навраси тоҷик мақоми якумро соҳиб гардиданд

    Бегоҳии рӯзи 15-уми октябри соли ҷорӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри ....

    16.10.2018 10:50
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон!

    Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ....

    25.09.2018 14:20
  • 05.09.2018 09:56
  • Диққат!

    Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои ....

    27.08.2018 12:57
  • Муроҷиат ба мардум дар рӯзи Иди саиди Қурбон

    Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ....

    20.08.2018 10:55
  • Ҳамкорӣ бо РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон: таъсиси қабули «муроҷиати электронӣ» ....

    Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ....

    14.08.2018 16:49
  • Эълони озмун барои қабули омӯзгорони ботаҷрибаи фанҳои дақиқ ва гуманитарӣ

    Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади қабули омӯзгорони ботаҷрибаи ....

    09.08.2018 16:55
  • Нигористон

    Табиат

    Ҷаҳони имрӯз

    Дар Дания қонун оид ба манъи дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани либосе, ки рӯйро мепӯшонад, аз ҷумла либоси мусулмонӣ барои занон, ба қувваи қонунӣ даромад, итттилоъ медиҳад ҳафтаномаи даниягии Jyllands-Posten. Дар зери «ҷойҳои ҷамъиятӣ» дар қонун нақлиёти ҷамъиятӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ, идораҳои давлатӣ ва беморхонаҳо дар назар дошта шудааст. Қонунвайронкунандагонро ҷарима дар ҳаҷми як ҳазор крони даниягӣ (134 евро) ва барои «ритсидивистҳо» (якчанд бор такрор кардани ҷиноят), ки қонунро чор маротиба вайрон мекунанд, ....>>>

    

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

    Qonun

    © 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика