Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


ИҚДОМИ НЕК

Маросими кушодашавии се майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро: “Хоксору самимӣ бошед ва дар ҳамкорӣ бо мардум фаъолият карда, мушкилоти мавҷударо бартараф намоед”-ро сармашқи кори худ қарор дода, бо назардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир ҳамкориҳои судмандро бо мақомоти давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшидаанд.

81

Бо ин мақсад дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик (ташкилоти баналмилалии «Дунёи бехатар» бо дастгирии молиявии Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) барои амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.06.с.2012 таҳти № 1291 “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ”, Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2013 таҳти №1438 тасдиқ шудааст ва Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014 таҳти №296 тасдиқ шудааст, корҳои назаррасеро ба анҷом расонидаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо мақсади амаликунонии фармонҳои дар боло зикршуда дар шарикӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти байналмилалии «Дунёи бехатар» (Сейферворлд) баҳри таъмини амнияти мардум, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таблиғи тарзи ҳаёти cолим тавассути машғул шудан бо варзиш, пешгирӣ кардани шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароии хушунатомез ва пешгирии дигар кирдорҳои номатлуб, ҳуқуқвайронкуниҳову ҷинояткорӣ дар ҳудуди деҳаи Сафедоби ҷамоати деҳоти Панҷрӯд, деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти С.Турдиев ва деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Меҳнатобод се майдончаҳои варзиширо сохта, бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин намудааст.

82

Таърихи 29 декабри соли 2017 дар маросими кушодашавии тантанавӣ бо иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҷавонон ва сокинони деҳаҳои номбурда мавриди истифодаи мардум қарор доданд.
Чунин ҳамкории судманд ва дастаҷамъона бояд барои дигар маҳалҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи ибрат гардад. Ҳукумати ноҳияи Ҳамадонӣ барои сохтани майдончаҳои варзишӣ замин ва маблағро дар ҳаҷми 53% аз буҷаи умумӣ ҷудо намуд ва захираҳои маҳаллиро бо ҷалби ҷавонон ҳангоми насб намудани деворҳо истифода кард.
Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Вализода Абдуқодир Юсуф, Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди ШВКД-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Гадоев Исмоил, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Абдуллозода Зумрад, сардори РВКД дар минтақаи Кӯлоб полковники милитсия Ваҳобзода Баҳодур, сардори ШВКД дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ полковники милитсия Пирумшозода Нуриддин, роҳбари барномаҳои ташкилоти байналмилалии «Дунёи бехатар» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фердинанд Никола, директори ташкилоти ҷамъиятии “Заршедабону” Абдуқаюмова Қаламнисо, мушовири ташкилоти байналмилалии «Дунёи бехатар» Ҳалимов Нуралӣ ва Ҳамоҳангсози ташкилоти байналмилалии «Дунёи бехатар» Манижа Тилавова иштирок доштанд.
Иштироки чунин намояндагони баландпоя дар ин чорабинӣ аз муҳимияти ин масъала ва таваҷҷӯҳу ғамхории махсус зоҳир кардани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тарбияи дурусти насли наврас ва ҷавонон шаҳодат медиҳад.

83

Меҳмононро сокинони деҳаи Сафедоби ҷамоати деҳоти Панҷрӯд, деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти С.Турдиев ва деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Меҳнатобод бо як самимият, дилгармӣ ва эҳтироми хоса пешвоз гирифтанд, ки он дар бораи маҳбубият, боварӣ ва дастгирии мардум нисбат ба сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ислоҳоти милитсия, алалхусус дар самти ҳамкории милитсия бо ҷомеа, сиёсати давлатӣ дар мубориза бар зидди ифротгароии хушунатомез, “Консепсияи миллии тарбия” ва барномаҳои давлатӣ оид ба сиёсати ҷавонон гувоҳӣ медиҳад. 

Дар баромади худ Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ муҳтарам Вализода А.Ю. иштирокчиёни чорабиниро табрику муборакбод намуда, онҳоро бо мазмун ва мӯҳтавои Стратегия ва Барномаи ислоҳоти милитсия дар самти ҳамкории милитсия бо ҷомеа ва фоидаҳои судманди дуҷониба аз ин ҳамкорӣ шинос намуда, ҳозиринро ба бурдани тарзи ҳаёти солим тавассути шуғли варзиш, дур будан аз маънавиёти ҳизбу ҳаракатҳои ба мазҳаби мо бегона, омӯхтани илму технология ва касбу ҳунарҳои замонавӣ, ҳурмату эҳтироми волидайну калонсолон, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, донистани фарҳанги бой ва таърихи гузаштаи халқи хеш, дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ тарбия намудани ҷавонон, заҳмату меҳнати содиқона барои рушду тараққиёти Ватан, нигоҳ доштан, муҳофизат ва мустаҳакам кардани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ дар ҷомеа ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзандаву шоиста барои мардум даъват намуданд.
Ҳамчунин Раиси ноҳия Вализода А. Ю. дар давоми суханронӣ қайд кард, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шарикӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти байналмилалии «Дунёи бехатар» барои аз байн бурдани бекорӣ ва ба касбомӯзӣ ҷалб намудани шаҳрвандон дар се ҷамоатҳои дар боло зикргардида се намуд курсҳои омӯзиши компютерӣ, забони русӣ ва омӯзиши касби барқчиро барои 150 нафар ба роҳ монда буданд. Ин курсҳо бомуваффақият ба анҷом расонида шуда, ба ҳар як иштирокчии курсҳои номбаршуда дар рафти ин чорабинӣ шаҳодатномаҳо супорида шуданд.
Дар чорабиниҳои мазкур Шамсов Кучар раиси маҳаллаи Сафедоби ҷамоати деҳоти Панҷрӯд, Ҷомадова Дунёбегим сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти С.Турдиев ва Набиев Сайдаҳмад омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Меҳнатобод дар баромадҳояшон ба истифода дода шудани ин 3 адад майдончаи варзиширо ҳамчун ғамхории давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати насли наврас ва ҷавонон арзёбӣ ва сипосгузорӣ карда, изҳор намуданд, ки аз ин ғамхориҳо хело ҳам рӯҳбаланд шуда, ҳамаи қувваю ғайраташонро барои таълиму тарбияи дурусти насли наврас ва ҷавонон дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, ҳурмату эҳтиром ва пос доштани арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, дастгирии сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ободию рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол равона месозанд.
Сохтани чунин майдончаҳои варзишӣ ин як иқдоми нек буда, он метавонад аз тарафи соҳибкорон ва шахсони саховатманд анҷом дода шавад, зеро ки на он қадар маблағи калон хароҷот мешавад. Он метавонад ба таъмини бехатарии мардум дар деҳаҳо мусодат намуда, ҷавононро аз машғул шудан ба оворагардӣ, даст задан ба амалҳои номатлуб ба монанди истеъмоли маводи мухаддир ва машрубот, шомилшавӣ ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгароӣ боздошта, онҳоро барои пешбурди тарзи ҳаёти солим водор намояд.

84

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амаликунандаи сиёсати дохилии давлат оид ба масъалаи таъмини бехатарии мардум, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳамкории дастҷамъона бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини сулҳу субот, пойдории ваҳдати миллӣ ва рушду тарақиёти давлати соҳибистиқлол таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, ҳар як иқдоми некро дар ин самт дастгирӣ менамояд.




Рӯйдодҳо

  • Оқибати нохуши ҷангу ҷанҷол дар ҳолати мастӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 43-солаи ....

    17.12.2018 09:39
  • Пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ

    Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    17.12.2018 09:36
  • Садамаи нохуши нақлиётӣ дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ”

    Рӯзи 16-уми декабри соли 2018, тахминан соати 11:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    17.12.2018 09:31
  • Изҳори нигаронӣ аз ҷинояткории донишҷӯён

    Рӯзи 14-уми декабри соли 2018 дар Донишгоҳи славянии Россия ва ....

    15.12.2018 09:36
  • Конференсияи илмӣ-амалӣ дар РВКД вилояти Хатлон

    Рӯзи 14-уми декабри 2018 дар толори Раёсати Вазорати корҳои дохилии ....

    15.12.2018 08:52
  • Бо роҳи фиреб гирифтани автомашинаи тамғаи “БМВ-730”

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 32-солаи сокини ....

    15.12.2018 08:42
  • Дарёфт ва мусодираи зиёда аз 4 ҳазор маводи тарфгарӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар ҳудуди ....

    15.12.2018 08:40
  • Ҳалокати пиёдагарди хурдсол дар садамаи нақлиётӣ

    Рӯзи 13-уми декабри соли 2018, тахминан соати 17:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    15.12.2018 08:37
  • Раддия ба маълумоти нодуруст

    Вобаста ба хабари дар сомонаи «Радиои Озодӣ " таҳти унвони ....

    14.12.2018 17:28
  • Қасдан расонидани зарари вазнин ба марг анҷомид

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 32-солаи сокини шаҳри ....

    14.12.2018 08:46
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон !

    Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, баланд бардоштани ҳолати ....

    10.12.2018 11:19
  • Эълон!!!

    Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон мерасонад, ки ....

    30.11.2018 15:55
  • Эълони Озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона

    Озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона дар мавзӯи бехатарии ҳаракат дар ....

    24.11.2018 09:40
  • Эълон!

    Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ....

    25.09.2018 14:20
  • 05.09.2018 09:56
  • Диққат!

    Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои ....

    27.08.2018 12:57
  • Навигариҳо

    
  • Нигористон

    Табиат

    Ҷаҳони имрӯз

    Дар Дания қонун оид ба манъи дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани либосе, ки рӯйро мепӯшонад, аз ҷумла либоси мусулмонӣ барои занон, ба қувваи қонунӣ даромад, итттилоъ медиҳад ҳафтаномаи даниягии Jyllands-Posten. Дар зери «ҷойҳои ҷамъиятӣ» дар қонун нақлиёти ҷамъиятӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ, идораҳои давлатӣ ва беморхонаҳо дар назар дошта шудааст. Қонунвайронкунандагонро ҷарима дар ҳаҷми як ҳазор крони даниягӣ (134 евро) ва барои «ритсидивистҳо» (якчанд бор такрор кардани ҷиноят), ки қонунро чор маротиба вайрон мекунанд, ....>>>

    

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

    Qonun

    © 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика