Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Беҳтар гардидани шароити хизматрасонии «Телефони боварӣ» ва алоқаи «Мадад-1919»

Бо гузашти солҳо шароити хизматрасонӣ ва савияи донишу малакаи касбии кормандони милитсия афзуда, фаъолияти ин ниҳод густурда ва мавқею мақоми он дар ҷамъият торафт боло меравад. Заҳмату ранҷи шабонарӯзии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста қадрдонӣ гардида, нисбати шароити хизматӣ ва иҷтимоии онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Ин аст, ки барои беҳтар намудани шароити хизматии «Телефони боварӣ»-и Вазири корҳои дохилӣ 221-21-21 ва алоқаи «Мадад-1919» тамоми ҳуҷраҳои корӣ таъмиру азнавсозӣ гардида, мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ таҷҳизонида шуданд.
Шуъбача оид ба қабули арзу шикоят ва дархости шаҳрвандон, алоқаи «Мадад-1919»-и Раёсати нозиротӣ-ташкилии Вазорати корҳои дохилӣ бо роҳбарии лейтенанти калони милитсия Золотова Даря Александровна ва кормандони шуъбачаи мазкур Мирзоева Бунафша, Хидирова Лола, Боймадова Миҷгона ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамояд.
Ҳамарӯза тавассути «Телефони боварӣ»-и Вазири корҳои дохилӣ ва алоқаи «Мадад» ҳазорон нафар шаҳрвандон муроҷиат намуда, дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бо мақомоти милитсия ҳамкорӣ менамоянд.

Афзудани эътимоду боварии мардум ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки шаҳрвандон дар симои кормандони милитсия ҳимоятгарони ҳуқуқу озодӣ, моликият ва суботу оромиро дар ҷомеа дида, ҳамкории худро бештару беҳтар менамоянд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика