Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сокинон «Маданияти шаҳрдорӣ»-ро дастгирӣ намуданд

Санаи 27-уми июли соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ташаббуси роҳбарияти ШВКД ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур, бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти риояи урфу одат, анъанаҳои миллӣ ва пушидани сару либоси миллӣ, мутобиқ будани симои шаҳрвандон бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ҷиҳати ба танзим даровардани тартиби пушидани сару либоси ягона дар бозорҳо, марказҳои савдо, корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо, ронандагони нақлиёти ҷамъиятии мусофиркаш ва иҷрои ҳатмии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» бо сокинону масъулини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, вохӯрии судманд баргузор гардид.

Вохӯрӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия Хосият Неъматова, сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи мазкур полковники милитсия Назарзода Толиб Ҳаким, прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи-1 Қосимзода Хайриддин, сардори Шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ полковник Ҷамолиддин Ҷабборов, раисони ҷамоатҳои деҳот, маҳал, шаҳрак, имомхатибону сокинон ва нозирони минтақавии ШВКД дар ноҳия доир гардид.
Чорабиниро муовини раиси ноҳия Хосият Неъматова ҳусни оғоз бахшида, ба ҳозирин барои иштирокашон дар ин ҷамъомад арзи сипос намуда, қайд кард, ки мақсад аз баргузории чунин вохӯрӣ баҳри пешгирии қонуншиканиву ҷинояткорӣ, шомилшавии шаҳрвандон ба ҳар гуна ташкилоту гурӯҳҳои ифротгаро, риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамбастагӣ фаъолият намудани мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ бо аҳли ҷамоатчигӣ мебошад.
Сипас сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Назарзода Толиб оид ба риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» суханронӣ намуда, зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар давлатҳои минтақаи Шарқ дорои фарҳанги куҳанбунёд ва урфу одатҳои хоси худ мебошад. Фарҳанг ва урфу одатҳои куҳанбунёди аз қаъри асрҳо сарчашма гирифтаи миллати тоҷикро тохтутозҳои аҷнабиён дар тӯли садсолаҳо натавонист аз байн барад, чунки гузаштагони мо посдори ин тамаддуни миллӣ буданд, ҳастанд ва ояндагон низ посдор хоҳанд буд.

Инчунин дар баромади худ қайд кард, ки вазъи ногувори ҷаҳони муосир, воқеаҳои дар давлатҳои ба монанди Ироқ, Сурия, Миср, Яман ва дигарҳо ба амаломада, пайдоиши гурӯҳҳои террористӣ, экстремистӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда, ҳар як шахси ватанпарвар ва ватандӯстро ба он водор месозад, ки дар пешгирии чунин амалҳои номатлуб бетараф набошанд.
Мақсади ин гурӯҳҳои ифротгарои террористиву экстремистӣ, ки аз ҷониби давлатҳои хориҷӣ ташкил ва маблағгузорӣ карда мешаванд, иғвоандозӣ, ҷангандозӣ байни мусулмонон, нест намудани дастовардҳои онҳо, суст кардани пояҳои давлатдорӣ ва дигар омилҳо мебошад. Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм» амал карда истодааст, ки дар ошкор ва пешгирии фаъолияти чунин ташкилоту гурӯҳҳо аз ҷониби мақомотҳои қудратии кишвар пайваста муборизаи беамон бурда мешавад.
Полковник Толиб Назарзода дар фарҷоми суханронии худ пешниҳод намуд, ки аз ҳисоби намояндагони гуногуни қишри ҷомеа гурӯҳҳои «Маданияти шаҳрдорӣ» таъсис дода шуда ва онҳо бо роҳи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ дар пешгирии ин зуҳуроти номатлуб саҳмгузор бошанд ва ин яке аз қадамҳои устуворест дар ҳамкорӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ.

Таъсиси гурӯҳҳои «Маданияти шаҳрдорӣ» аз ҷониби масъулини ноҳия ва ҳозирин пурра дастгирӣ гардида, дар мадди аввал се гурӯҳ таъсис дода шуд, мутассадиён аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ШВКД ки сардори гурӯҳҳои корӣ таъин мешаванд, кумитаи дин, занон, ҷавонони назди мақомоти иҷроия дар ҷойҳо вохӯрию баромадҳоро ба роҳ мемонанд. Инчунин дар ин вохӯриҳо оид ба иҷроиши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №464 аз моҳи декабри соли 1994 «Оиди бурдани муборизаи беамон бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ», баҳри пешгирӣ намудани ин вабои аср, ба нашъамандӣ даст задани шаҳрвандон, хусусан ҷавонону ноболиғон, ҳамчунин дар пешгирии ҳодисаҳои ба худкушӣ майл намудани онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда мешавад.
Сипас дар идомаи вохӯрӣ прокурори ноҳия Хайриддин Қосимзода ибрози ақида намуда, қайд кард, ки ман боварӣ дорам ҳар як нафари дар ин чорабинӣ иштирокдошта ин пешниҳодро саривақтӣ медонад. Зеро ин ҳама ташаббусҳо баҳри пешгирии қонуншиканӣ, ҷинояткорӣ, эмин доштани наздикону пайвандон, инчунин баҳри ободонӣ, созандагӣ, оромиву осоиштагӣ ва пешравиву муваффақияти мову ояндагони мост.
Ҳамзамон сардори Шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ полковник Ҷамолиддин Ҷабборов дар баромади худ қайд кард, ки ҳамаи он мавзӯҳое, ки имрӯз дар ин чорабинӣ баррасӣ шуданд, аз ҷумла, иҷроиши қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» то кунун аз ҷониби бархе шаҳрвандон ба пуррагӣ риоя нагардида истодаанд. Масалан дар тарбияи фарзанд ва масъулияти доштаашон назди онҳо салҳангорӣ менамоянд.
Дар рафти вохӯрӣ иштирокчиён оиди пушидани сару либоси миллӣ, куркурона тақлид намудан ба расму оини дигар миллатҳо ва масъалаҳои дигари баррасишуда ибрози андеша намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ миёни иштирокчиён саволу ҷавобҳо сурат гирифта, як қатор пешниҳодҳои муфид ироа гардид.
Раҷҷабек Илёсов, Тоҷиддин Латипов. 




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад