Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳоло ки ман ҷавонам, дунё пур аз ҷавонист!

Дар фасли зебои баҳорон дар домани хушбоду ҳавои дараи Варзоб оҳангу тарона танинандоз буду наврасону ҷавонон аз шодиву хурсандӣ бо шавқу завқи тамом мерақсиданд. Чунки дар боғи фарҳангӣ-фароғатӣ бо ташаббуси ШВКД дар ноҳияи Варзоб ва дастгирии бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҳокимияти иҷроияи маҳаллии ин ноҳия бахшида ба «Соли ҷавонон» аксия ва чорабинии варзишӣ-маърифатӣ дар мавзӯи «Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон!» ҷараён дошт.
Ҷавонону наврасон садоқату муҳаббати худро бо шиорҳои «Соли ҷавонон - иқдоми наҷиби Пешвои миллат», «Мо, ҷавонон мекӯшем сазовори боварии Пешвои миллат бошем!» ва «Пешвои миллат - роҳнамои мо, ҷавонон» иброз менамуданд.

Нахуст дар байни мактаббачагон ва кормандони милитсия мусобиқаи ноҳиявӣ оид ба шоҳмот таҳти унвони «Шоҳмот - барои таҳкими нерӯи зеҳнии ҷавонон ва пешгирии ифротгароӣ» баргузор гардид. Дар он хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ҷамоати деҳоти Варзоб-қалъа Шаҳноза Солеҳова ва Раҳматҷони Баҳрулло сазовори ҷойҳои якуму сеюм гардида, корманди ШВКД дар ноҳияи Варзоб Саодат Баҳронова ҷойи дуюмро ишғол намуд.
Инчунин, аксияи «Яхмос» доир гардида, аз ҷониби шуъбаи милитсия ба меҳмонон ва мактаббачагон ба таври ройгон яхмос тақдим гардид.
Сардори ШВКД дар ноҳияи Варзоб полковники милитсия Раҳматулло Саидзода зимни суханронӣ ин чорабиниро дар арафаи Рӯзи ҷавонон ва «Соли ҷавонон» неку фаромӯшнашаванда арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ ҳафтаи сеюми моҳи май ҳамчун ҳафтаи ҷавонон таҷлил гардида, вобаста ба он маҳфилу мусобиқаҳо доир мегарданд ва чорабинии навбатӣ низ ба ин муносибат бахшида шудааст.
- Ҳамасола рӯзи 23-юми май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи ҷавонон қайд карда мешавад. Таҷлили Рӯзи ҷавонон аз соли 1997 инҷониб ба ҳукми анъана даромадааст. Зеро ҷавонон дар ҷомеа нақши махсусро мебозанд ва онҳо нерӯи рушди зеҳнии кишвар буда, қувваи бузург ҳастанд ва ҳар миллат дар ҳар давру замон аз ҷавонони худ умеди ояндаи нек мекунад, - афзуд номбурда.

Сардори шуъбаи милитсия дар интиҳои баромади хеш ҷавононро бо рӯзи идашон табрик гуфта, дар кору таҳсилашон барору муваффақият таманно намуд.
Дар охир аз ҷониби шуъбаи фарҳанги ноҳия консерти идона пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Раҷаббек ИЛЁСОВ, Наврӯз ҶОБИРОВ 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад