Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зарари моддӣ аз истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ

 

10-уми январи соли 2017, дар натиҷаи гузаронидани санҷиши муштараки кормандони милитсия дар якҷоягӣ бо мутахассисони шабакаҳои барқӣ дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе якчанд далели истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ муайян ва ошкор гардид.
Зани 30-солаи сокини шаҳри Душанбе аз симчӯби қувваи барқ, бе иҷозати шабакаҳои барқӣ ва ҳисобгирак хати қувваи барқро ба хонааш гузаронида, дар натиҷа ба шабакаҳои барқӣ ба миқдори як ҳазору ҳаштсаду сию панҷ сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.
Ҳамин тариқ, сокинони дигари шаҳри Душанбе: зани 29-сола бо ҳамин роҳ се ҳазору ҳаштод сомонӣ, марди 40-сола як ҳазору чорсаду панҷоҳу панҷ сомонӣ ва зани 37-сола ду ҳазору яксаду ҳаштоду нуҳ сомонӣ ба шабакаҳои барқӣ зарари моддӣ расонидаанд.
Санҷиш дар ин самт идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика