Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи «Дружинаҳои ихтиёрӣ» дар ҳамбастагӣ бо «Кормандони ғайриштатии милитсия» ва Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар РВКД вилояти Хатлон

93

Ҳафтаи сипаришуда бо иштироки роҳбарияти РВКД вилояти Хатлон конференсияи «Дружинахои ихтиёрӣ» дар ҳамбастагӣ бо «Кормандони ғайриштатии милитсия» ва Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ баргузор гардид.

94Бо садо додани Суруди миллӣ конференсия оғоз гардида, муовини сардори РВКД дар вилояти Хатлон полковники милитсия Вализода Илҳомудин ҳамаи иштирокдоронро хайрамақдам гуфа, ба ёрдамчиёни фаъоли милитсия («Дружиначиёни ихтиёрӣ, кормандони ғайриштатии милитсия ва Шӯроҳои ҷамъиятӣ), ки барои ҳамкориҳои судманд, вобаста ба масъалаи таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон бо мақомоти милитсия ҳамкорӣ менамоянд, миннатдории роҳбарияти Раёсатро иброз намуд.
Мавсуф қайд кард, ки робитаҳои ҳамкорӣ бо кормандони милитсия сол то сол густариш ёфта, таъмини тартиботи ҳуқуқии шаҳрвандон дар ҳамкориҳои тарафайн бо мақомоти корҳои дохилӣ дастаҷамъона амалӣ карда мешавад.
Саҳми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, тинҷиву осудагии кишвар, мубориза ба муқобили олами ҷиноятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун ва тантанаи адолат арзанда буда, аз тарафи роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои мусбӣ дода шудааст.
Маҳз бо туфайли заҳмату талошҳои шабонарӯзии кормандони ҳифзи ҳуқуқ, осудагию суботи кишвар ва тинҷиву амнияти шаҳрвандон таъмин гашта, аксарияти ҷиноятҳо пешгирӣ шуда, шахсони ҷинояткор ошкор ва дастгир гардида, ба ҷавобгарӣ ҷалб карда шуданд.
Дар толор намоиши филм дар бораи кору фаъолияти кормандони РВКД-и вилояти Хатлон ва махсусан дружинаҳои ихтиёрӣ ба иштирокдорон пешкаш карда шуд.
Сардори ШҲТҶ РВКД дар вилояти Хатлон подполковники милитсия Файзулозода Амрулло дар баромади худ зикр намуд, ки пешгирии сатҳи ҷинояткорӣ, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, тартиботи ҷамъиятӣ дар ҷомеа аз кору фаъолияти макомоти хифзи ҳуқуқ бо аҳли ҷомеа дар дастаҷамъӣ фаъолият намудан вобастагии калон дорад. Нозирони минтакавии милитсия ҳамчун намояндаи мақомоти корҳои дохилӣ, ҳамеша дар байни мардум буда, тамоми самтҳои фаьолияти хизматии онҳо бо аҳолӣ алоқамандии зич дорад. Онҳо аз ҳар ҷиҳат оинаи инъикосгари фаъолияти милитсия дар минтақаи хизматии худ буда, шаҳрвандон низ аз рӯи сифати кору фаъолияти касбии онҳо ба тамоми милитсия баҳо медиҳанд.
Сардори ШВКД дар шаҳри Бохтар полковники милитсия Набиҷон Исозода иброз дошт, ки барои боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилӣ бо мактабу маориф, тарбияи ҷавонон ва насли наврас дар ҳамкорӣ бо ҷомеа, пайваста гузаронидани вохӯриҳои судманди кормандони милитсия бо хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва донишҷӯён доир карда мешавад.

95

Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баланд бардоштани нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фаъолияти милитсия Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1438 аз 19 марти соли 2013 «Дар бораи Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020 ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №296 «Дар бораи Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020» тасдиқ гардид ва дар асоси ин санадҳо Фармони Вазорати корҳои дохилӣ аз 10 июни соли 2017, №256 «Дар бораи тасдиқ намудани «Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди мақомоти милитсия» ва таъсис додани чунин шӯроҳо дар назди ШВКД дар шаҳру ноҳияҳо ба имзо расид, яке аз принсипҳои асосии фаъолияти милитсияи тоҷик, ки дар оянда номи политсияро ба худ хос мекунад, ба шумор меравад.
Бинобар ин, бо назардошти таҷрибаҳои беҳтарин ва пешқадами ҷаҳонӣ Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин иқдомро пеша карда истодааст, ки дар якҷоягӣ оромии ҷамъиятро таъмин намоем.
Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия Шоназаров Лоҳутӣ, дар мавзӯи «Ҳамкории Шӯрои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо милитсия дар тадбиқи Стратегияи ислоҳоти милитсия», ба сухан баромада иброз дошт, ки дар ин ҷода, барои барқарор намудани ҳамкорӣ бо аҳолӣ, аҳли ҷомеа ва иштироки бевоситаи шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» таҳти №566 аз 3 декабри соли 2009 қабул шудааст, ки он мавриди иҷро ва амал қарор дорад. Мақсади асосии Конуни мазкур ин ба танзим даровардани рафти иштироки шаҳрвандон ба тариқи ихтиёрӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ иборат мебошад.
Дар айни замон мутобиқи ҳисоботҳои оморӣ - 25 Ситодҳои «Дружинаҳои ихтиёрӣ» дар миқёси вилоят таъсис дода шудаанд. Дар ин Ситодҳо ба ҳайси аъзои «Дружинахои ихтиёрӣ» - 5059 нафар шаҳрвандон ҷалб карда шудаанд ва дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба қайд гирифта шудаанд.
Мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, хатарҳои муосир, экстремизми динӣ, маводҳои мухаддир ва пешгирии ҳама гуна қонуншиканиҳо нафақат ба зиммаи сохторҳои қудратӣ, балки ба тамоми аҳли ҷомеа вобаста мебошад, зеро ҳар яки мо тарафдори сулҳу субот дар ҷомеа, муҳити тинҷу осудагӣ, оромӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ мебошем.

96

Мақсади асосии гузаронидани конференсияи мазкур ин пеш аз ҳама ҷоннок намудани кору фаъолияти Мақомоти корҳои дохилӣ бо аҳли чамоатчигӣ, оид ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ҳифзи тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ мебошад.
Дар рафти конференсия аз ҷониби иштирокдорон муҳимтарин масъалаҳои ҷойдошта мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуданд.
Офоқ Қодириён


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика