Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳисоботдиҳии нозирони минтақавӣ боварии аҳолиро ба милитсия зиёд ва ҳамкории онҳоро васеъ менамояд

398

(Тавсияҳо ба мақомоти корҳои дохилӣ ва Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия)
Бо мақсади мустаҳкам кардани ҳамкории нозирони минтақавии милитсия бо аҳолӣ 30 июни соли 2012 аз ҷониби Президенти кишвар Фармони №1291 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия барои таъмин намудани ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва васеъ кардани ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» ба имзо расидааст. Банди 1-уми Фармони мазкур аз Вазорати корҳои дохилӣ ташкил намудани ҳисоботдиҳиҳои ҳарсолаи нозирони минтақавии милитсияро дар вохӯриҳои мақомоти худидоракунӣ ва дар назди аҳолӣ, бо мақсади баҳо додани кори онҳо бо дарназардошти афкори шаҳрвандоне талаб менамояд, ки дар минтақаи хидматии нозири минтақавии милитсия зиндагӣ мекунанд.
Дар моҳи декабр ҳисоботҳои солонаи нозирони минтақавӣ дар назди аҳолӣ оғоз меёбад. Барои омодагӣ ба ин чорабинии муҳим хело зарур аст, ки онҳо ҳисоботро дар якҷоягӣ бо Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия омода намоянд.
Мақсад аз якҷоя омода намудани ин ҳисобот дар он аст, ки ҳама мушкилотҳои дар минтақаҳои маъмурии хизматӣ ҷой дошта бояд дар ҳисобот таҳлил ва баҳогузорӣ шаванд.
Солҳои пеш ҳам нозирони минтақавӣ дар назди аҳолӣ ҳисобот медоданд, вале онҳо дар бисёр мавридҳо қонеъкунанда набуданд. Чунин ҳолат аз он сабаб буд, ки маҷлисҳои ҳисоботӣ дар назди аҳолӣ ба таври расмӣ гузаронида мешуданд, яъне дар чунин маҷлисҳо нозирони минтақавӣ аз рӯи коғаз маълумотҳоро дар бораи омори ҷиноятҳои дар ноҳия ба қайд гирифташуда мехонданд ва бо ҳамин маҷлис ҷамъбаст мегардид. Аз дигар тараф шунавандагони ягонаи чунин маҷлисҳо муаллимон, хонандагони ҷамъшудаи синфҳои болоӣ ё коргарони корхонаҳои маҳаллӣ буданд.
Мо дар давраи ислоҳоти милитсия қарор дорем. Ин ислоҳот бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2013 таҳти №1438 «Дар бораи тасдиқ кардани Стратегияи ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014 таҳти №296 «Дар бораи тасдиқи Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020» эълон гардидааст.
Дар Стратегияи ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон омадааст, ки «вазифаи асосии милитсия дар маҳалҳо бояд таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва ҷамъият, ҳифзи манфиатҳои онҳо бо дарназардошти интизориҳои онҳо аз кори милитсия бошад. Ҳамзамон, афзалияти фаъолияти милитсия дар маҳалҳо бояд пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва эҷоди муҳити бароҳату бехатар дар воҳиди маъмурӣ-ҳудудӣ бошад».
Ин вазифаро нозири минтақавӣ он вақт босифат иҷро карда метавонад, ки ҳисоботро барои аҳолӣ бо дарназардошти мушкилотҳои ҷомеа, ки дар пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ҷой доранд, омода намоянд.
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014 таҳти №296 «Дар бораи тасдиқи Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020» ҳам милитсияро ӯҳдадор менамояд, ки «таҷрибаи баргузории машваратҳоро миёни мақомоти милитсия ва ҷомеа» васеъ истифода барад ва «бо мақсади гузаронидани вохӯриҳо бо аҳолӣ сафарҳои доимиро ба нуқтаҳои аҳолинишин дар амал татбиқ намояд».
Дар фармони Вазири корҳои дохилӣ аз 23 марти соли 2013 таҳти №10 «Дар бораи тасдиқи Муқаррарот оид ба нозири минтақавии милитсия» низ оварда шудааст, ки «нозирони минтақавии милитсия ӯҳдадоранд ҳар сол дар бораи кори иҷрошуда дар назди аҳолӣ ҳисобот диҳанд».
Яке аз вазифаҳои шӯроҳои ҷамъиятӣ ҳам «баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба системаи давлатии ҳифзи ҳуқуқ ва бо аҳолӣ наздик шудани милитсия» мебошад. Маҳз ҳамин талабот водор месозад, ки шӯроҳои ҷамъиятӣ бо мақсади баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба милитсия дар омода кардан ва гузаронидани ҳисоботҳои нозирони минтақавӣ ташаббус нишон диҳанд.

399

Дар арафаи ҳисоботи нозирони минтақавӣ Шӯрои ҷамъиятӣ бояд бо ташаббуси ташкил намудани ҳисоботдиҳии нозирони минтақавии милитсия дар назди аҳолӣ ба Раёсати дахлдори Вазорати корҳои дохилӣ барояд ва дар гузаронидани чунин вохӯриҳо фаъолона иштирок намояд. Дар маҷлисҳои ҳисоботӣ шаҳрвандон метавонанд кушоду ошкоро бо нозирони минтақавӣ гуфтугузор кунанд, муфассал фаҳманд, ки нозирони минтақавӣ барои нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ кадом корҳоро ба иҷро расонидаанд.
Аз сифати додани ҳисобот дар назди аҳолӣ вобаста аст, ки шаҳрвандон ба нозирони минтақавӣ бовар намоянд ва дарк намоянд, ки милитсия кадом корҳоро барои таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон иҷро намудааст. Чунин ҳисоботдиҳӣ нишондиҳандаи вуҷуд доштан ё надоштани алоқаи муштарак бо аҳолӣ мебошад.
Дар зиндагии ҳамарӯза дида истодаем, ки нозирони минтақавӣ дар бисёр мавридҳо ба аҳолӣ хизматрасониҳои иҷтимоӣ пешниҳод менамоянд, ба онҳо кӯмаки таъҷилии тиббӣ ва психологӣ мерасонанд, дар ҷустуҷӯи одамони гумшуда саҳм мегиранд, ба ронандагоне, ки дар роҳ дар вазъияти душвор мемонанд кӯмак мерасонанд ва ҳатто дар наҷот додани ҳайвонотҳо саҳм мегузоранд. Ғайр аз ин дар вақти нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ ба шаҳрвандон дахолати ҳуқуқӣ, психологӣ ва педагогӣ мерасонанд, дар ҳал кардани низоъҳои оилавӣ ва маишӣ, таъмини ҳаракати нақлиёт, назорат аз болои сатҳи садо, таъмини амнияти экологӣ ва барканор намудани вайронкунандагони тартибот аз ҷойҳои ҷамъиятӣ иштироки фаъолона менамоянд.
Нозирони минтақавии милитсия дар таъмин намудани тамоми силсилаи комили чунин хидматрасониҳо нақши ҳалкунанда мебозанд. Агар онҳо надонанд, ки сокинон чӣ мушкилотҳо доранд, сокинон аз онҳо кадом кумакро интизоранд, пас ягон кумак ба шаҳрвандон расонида наметавонанд.
Барои таъмин намудани робитаи боэътимод бо аҳолӣ бояд маҷлисҳои ҳисоботӣ ва вохӯриҳои пайвастаи нозирони минтақавии милитсия бо аҳолии минтақаи хидматӣ ташкил шавад, ки дар он ҷо онҳо бояд дар назди сокинони минтақаи хизматӣ дар бораи чорабиниҳои аз ҷониби онҳо оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ гузаронидашуда ҳисобот диҳанд ва эҳтиёҷоту мушкилиҳои сокинонро фаҳмида гиранд.
Шӯроҳои ҷамъиятӣ бояд ташаббуси шаҳрвандиро ба даст гиранд ва ба шӯъбаҳои корҳои дохилӣ, нозирони минтақавӣ ва шаҳрвандон барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани чунин ҳисоботдиҳиҳо кумак расонанд.
Шӯрои ҷамъиятӣ, баъди пешниҳоди гузаронидани ҳисоботдиҳии нозирони минтақавии милитсия ба роҳбари мақомоти корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо роҳбари мақомот ҷойи гузаронидани маҷлиси ҳисоботиро муайян карда, таърихи баргузории маҷлисро бо ҷамоатҳои маҳаллӣ ҳамоҳанг менамояд. Ҷойи интихобшуда ҳадди имконпазир бояд дар маркази минтақаи хидматӣ ҷойгир бошад, то ки ҳамаи сокинони қаламрави мазкур то он ҷой бароҳат омада тавонанд. Дар деҳотҷой, дар минтақаҳое, ки ҳудуди калонро дар бар мегиранд, барои сокинони ҳар як деҳа алоҳида гузаронидани ҳисоботдиҳиҳо тавсия дода мешавад. Пас аз тасдиқ шудани ҷадвали вохӯриҳо шӯъбаи корҳои дохилӣ маълумотро дар бораи ҷой ва вақти ҳисоботдиҳиҳо дар ҷамоатҳо, назди масҷидҳову маҳфилҳо, дар мағозаҳо ва дигар нуқтаҳои фурӯш, дар ҷойҳои ҷамъшавии оммавии одамон ҷойгир менамояд. Шабакаи интернет, воситаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ ва сайтҳои дигар, рӯзномаҳои маҳаллӣ, дар сурати мавҷудият – телевизиони кабелӣ бояд истифода шаванд. Ҳамзамон, аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ якҷоя бо нозирони минтақавии милитсия барои гузаронидани ҳисоботдиҳиҳо кормандони ҷамоат, раисони маҳаллаҳо ё биноҳои истиқоматӣ (кумитаҳои манзилӣ), намояндаҳои созмонҳову ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар ҳудуди мазкур ҷойгиранд, иттиҳодияҳои динӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, дигар ҷомеаҳои шаҳрвандиро ҷалб менамоянд.
Фаҳмонидани аҳамияти чорабинии баргузоршаванда ба сокинон зарур аст. Онҳо бояд донанд, ки ин иқдом метавонад минбаъд фаъолияти муштараки онҳоро бо нозири минтақавии худ осон гардонад ва дар барқарор намудани робитаи бевосита бо нозири минтақавӣ кумак расонад. Фаҳмонидан зарур аст, ки онҳо метавонанд дар вохӯрӣ масъалаҳоеро, ки мояи нигаронии онҳост (масалан, кашидани аломатҳои роҳ дар назди мактаби маҳаллӣ ва ғайра).
Шӯрои ҷамъиятӣ бояд аз ҳисоби кормандони ҷамоат, шӯрои маҳалла, кумитаҳои манзилӣ, намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ, маъмурияти мактабҳо, созмонҳо ва корхонаҳо, намояндагони ташкилотҳои динӣ, ки дар миёни сокинони маҳаллӣ соҳибэҳтироманд, гурӯҳи ташаббускорро таъсис диҳанд, ки иштироки сокинонро дар вохӯрӣ бо нозирони минтақавии милитсия таъмин намоянд.
Шӯрои ҷамъиятӣ бо маслиҳат бо роҳбарияти Шӯъбаи корҳои дохилӣ раисикунандаро, ки вохӯриро раисӣ мекунад ва котиби маҷлисро муайян менамоянд.
Чунин вохӯриҳоро мешавад, ки бо баромадҳои раисони шӯроҳои маҳалла дар як вақт ташкил кард, то ки масъалаҳое ҳал шаванд, ки аҳолии маҳаллӣ ба миён мегузоранд. Саволҳои хаттии сокинонро метавон пешакӣ ҷамъ кард, ки сокинон мехоҳанд ба нозири минтақавии милитсия диҳанд, вале дар ошкоро додани чунин саволҳо душворӣ мекашанд.
Тавсия дода мешавад, ки дар оғози вохӯрӣ нозири минтақавии милитсия бояд дар бораи ҳуқуқҳову ӯҳдадориҳои худ нақл кунад, дар бораи худаш маълумоти кӯтоҳ диҳад, рақами телефонҳои минтақаи хидматӣ ва рақами телефони мобилии худро диҳад. Кори мушаххасе, ки нозири минтақавии милитсия оид ба ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва амният дар минтақаи хидматӣ анҷом додааст, ҳифзи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон аз ҷинояткориҳо ҳисобот диҳад. Ҳисобот бояд бештар масъалаҳои доғи рӯзро инъикос намояд, ки сокинонро ба ташвиш овардааст. Аз ин рӯ, пеш аз ҳар як ҳисоботдиҳӣ таҳлили дақиқи вазъияти оперативӣ дар минтақаи хидматӣ (вазъи ҷинояткорӣ, сатҳи ривоҷи шаклҳои алоҳидаи ҷинояткорӣ, сабабҳо ва шароитҳое, ки ба содир намудани ҷиноятҳо мусоидат мекунанд) бояд гузаронида шаванд.
Маслиҳат дода мешавад, ки нозири минтақавӣ дар бораи волидайнҳое сухан гӯяд, ки онҳо дар иҷрои ӯҳдадориҳои худ оид ба тарбияи ноболиғон ба камбудиҳо роҳ додаанд, дар бораи ташкили фароғати кӯдакону наврасон, назорат аз рӯи рафтори онҳо дар саҳни ҳавлиҳо, кӯчаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ маълумоти кӯтоҳ диҳад.
Хуб мешавад, ки нозири минтақавӣ маълумот диҳад, ки қабули шаҳрвандон аз ҷониби ӯ чӣ гуна ба роҳ монда шудааст, дар давраи ҳисоботӣ чанд нафарро қабул кардааст, ба онҳо чи кумак расонидааст, чанд занги телефонӣ ба телефони мобилии нозири минтақавӣ ворид шудааст ва аз рӯи имконият мисол орад, ки дар асоси занги телефонӣ кадом ҳуқуқвайронкунанда боздошт шудааст ё ҳуқуқвайронкунӣ пешгирӣ шудааст.
Дар баробари ошкор кардани сабабҳои содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳо нозири минтақавии милитсия бояд табдирҳои мушаххаси рафъи онҳоро барои муҳокима пешниҳод карда, таваҷҷӯҳи аҳолиро ба масъалаҳое ҷалб намояд, ки ҳалли онҳо иштироки мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, иттиҳодияҳои шаҳрвандӣ ва созмонҳоро тақозо мекунад. Ӯ бояд роҳҳои кумакрасониро фаҳмонад, ки сокинон чӣ гуна метавонанд ба нозири минтақавӣ кумак расонанд.
Муҳим аст, ки дар ҳисобот қайд гардад, ки бо кумаки ҷомеа ҳуқуқвайронкуниҳои алоҳида сари вақт пешгирӣ гардидааст, ба шахсоне, ки ба зуҳуроти зиддиҷамъиятӣ ва ҷиноят даст задаанд, аз рӯи имконият таъсири мусбат расонида шудааст. Дар мавриди баъзеи онҳо додани маълумотнома, овардани ду-се мисол оқилона аст.
Баробари зоҳир намудани таваҷҷӯҳи махсус ба чорабиниҳои дорои хусусияти пешгирикунанда дошта, атрофи масъалаҳое низ истодан зарур аст, ки бо нашъамандӣ алоқаманданд.
Баробари ҷалб кардани таваҷҷӯҳ ба иштироки намояндагони созмонҳои гуногуни ҷамъиятӣ дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, дар бораи корҳое, ки созмонҳои гуногуни ҷамъиятӣ якҷоя бо милитсия анҷом додаанд, нақл кардан ва нишон додани муваффақиятҳо ва нуқсонҳо дар чунин ҳамкориҳо хело муҳим аст.
Муфид аст, ҳангоми додани ҳисобот таваҷҷӯҳи муҳим ба тадбирҳои пешгирии радикализатсияи ҷомеа, нақши падару модарон дар пешгирии ҷалби ҷавонон ба созмонҳои террористиву экстремистӣ зоҳир карда шавад.
Мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ, полковники милитсия Ғуломов Қ.Ҷ.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика